Главная / Биология / Занбуруги хамиртуруш – Сохт ва ахамияти он дар хочагии халк

Занбуруги хамиртуруш – Сохт ва ахамияти он дар хочагии халк

Бори аввал соли 1680 ба олими голланди А. Левенгук муяссар шуд, ки тавассути микроскопи ихтироъкардааш занбуруги хамиртурушро бинад ва оиди он мушохида барад. Инчунин, ин санаро огози омузиши олами микроорганизмхо медонанд.

Сонитар, дар солхои 30-уми асри 19 як гурух олимони швед ва олмони дар бораи сохт ва афзоиши занбуруги хамиртуруш маълумоти муфассали илмию-ботаникиро хозир карданд.

Занбуруги хамиртуруш организми хурди микроскопи (вайро факат дар зери микроскоп дидан мумкин аст) мебошад. Шаклаш хеле содда буда, ришта пайдо намекунад. Вай одатан аз як хучайраи калони байзашакл, доирашакл ё курачамонанд иборат аст.

Расми 96. Заибуруги хамиртуруш
Расми 96. Заибуруги хамиртуруш

Занбуруги хамиртуруш бо рохи мугчабанди афзоиш мекунад. Сараввал дар хучайраи калони болиг барчастагии (дунгичаи) хурде пайдо мешавад. Вай калон шуда, ба хучайраи болиги мустакип табдил меёбад ва аз хучайраи асли (модари) чудо мешавад. Вале хангоми ба кадри кифоя мавчуд будани мухити хуби гизои мугчабанди чунон бошиддат мегузарад, ки мугчахои нави дар хучайраи модари пайдошуда фурсати чудо шудан пайдо накарда, дар он боз мугчаи нав пайдо мешавад ва ин холат хеле давом мекунад. Дар натичаи чунин мугчабанди хучайрахои занбуруги хамиртуруш занчири сершохаи муваккатиро ба вучуд меоваранд. Дар вакти норасоии моддахои гизои ва дар шароити мавчуд будани оксигени барзиёд дар дохили хучайраи занбуруги хамиртуруш 4 ё 8-то спора пайдо мешавад. Дар шароити мувофик аз ин спорахо хучайраи нави хамиртуруш нашъунамо мекунад.

Дар табиат намудхои зиёди занбуруги хамиртуруш дар мухитхои гуногуни гизои вомехуранд. Намудхои мухимтарини онхоро ода- мон дар фаъолияти хаётиашон аз замонхои кадим инчониб истифода мебаранд. Яке аз чунин авлодхо авлоди занбуруги хамиртуруши канди ё сахаромисетхо мебошад. Хусусан, ду намуди ин авлод — занбуруги хамиртуруши нон ва пиво, ки навъхои зиёдеро дарбар мегиранд, васеъ истифода бурда мешаванд. Аломати характерноки ин занбуругхо дар он аст, ки моддахои кандиро бо суръати баланд туршонида, спирти этил хосил мекунанд. Хамаи намудхои ин занбуругхо аз чихати шакли зохирии хучайраашон, афзоишашон (ки бо рохи мугчабанди сурат мегирад) ва гайрахо ба хамдигар монанданд.

Занбуруги хамиртуруши вино бештар дар табиат дар болои мевахои ширини растанихо ва хусусан, ангур пайдо мешавад. Навъхои сермахсули занбуруги хамиртуруши нон ва пиворо, ки дар саноати нонпази ва истехсоли пиво истифода мебаранд, асосан дар мухити сергизо бо рохи сунъи парвариш мекунанд. Чунки онхо дар шароити табии ба мисли хамиртуруши вино вонамехуранд.

Албатта, хар кадоми шумо нони аз хамири расида ва норасида пухтаро истеъмол кардаед. Дар хамири (нони) расида занбуруги хамиртуруш хамрох мекунанд ва дар чои нисбатан гарм нигох медоранд. Пас аз чанд вакт дар натичаи фаъолияти занбуруги хамиртуруш канди дар таркиби хамирбуда ба спирт ва гази карбонати хоричшаванда тачзия мешавад. Дар равиши ин ходиса боз энергия хорич мешавад, ки он барои амали гардидани фаъолиятхои хаётии занбуруги мазкур лозим аст. Хубобчахои гази карбонати хорич- шуда боиси варам кардани хамир мегарданд. Яъне хамир ковок шуда ба боло бардошта мешавад ва мерасад. Хангоми пухтани нон гази карбонат ва спирт зуд хорич шуда, чои онхо ковок мемонад. Бинобар он, нони аз хамири расида тайёр кардашуда сабук, ковок ва хушхур мебошад.

  1. Занбуруги хамиртуруш чи гуна сохт дорад?
  2. Занбуруги хамиртуруш бо кадом рохдо афзоиш мекунад?
  3. Дар чи хел шароитхо занбуруги хамиртуруш бо рохи спорахосилкуни афзоиш мекунад?
  4. Аломати хоси занбуругхои хамиртуруш дар чи зохир мешавад?
  5. Занбуруги хамиртурушро дар кучохо истифода мебаранд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …