Главная / Биология / Занбуруғи хамиртуруш – Сохт ва аҳамияти он дар хоҷагии халқ

Занбуруғи хамиртуруш – Сохт ва аҳамияти он дар хоҷагии халқ

Бори аввал соли 1680 ба олими голландӣ А. Левенгук муяссар шуд, ки тавассути микроскопи ихтироъкардааш занбӯруғи хамиртурушро бинад ва оиди он мушоҳида барад. Инчунин, ин санаро оғози омӯзиши олами микроорганизмҳо медонанд.

Сонитар, дар солҳои 30-уми асри 19 як гурӯҳ олимони швед ва олмонӣ дар бораи сохт ва афзоиши занбӯруғи хамиртуруш маълумоти муфассали илмию-ботаникиро ҳозир карданд.

Занбӯруғи хамиртуруш организми хурди микроскопӣ (вайро фақат дар зери микроскоп дидан мумкин аст) мебошад. Шаклаш хеле содда буда, ришта пайдо намекунад. Вай одатан аз як ҳуҷайраи калони байзашакл, доирашакл ё курачамонанд иборат аст.

Расми 96. Заибӯруги хамиртуруш
Расми 96. Заибӯруги хамиртуруш

Занбӯруғи хамиртуруш бо роҳи муғҷабандӣ афзоиш мекунад. Сараввал дар ҳуҷайраи калони болиғ барҷастагии (дӯнгичаи) хурде пайдо мешавад. Вай калон шуда, ба ҳуҷайраи болиғи мустақип табдил меёбад ва аз ҳуҷайраи аслӣ (модарӣ) чудо мешавад. Вале ҳангоми ба қадри кифоя мавҷуд будани муҳити хуби ғизоӣ муғҷабандӣ чунон бошиддат мегузарад, ки муғҷахои нави дар хуҷайраи модарӣ пайдошуда фурсати чудо шудан пайдо накарда, дар он боз муғҷаи нав пайдо мешавад ва ин ҳолат хеле давом мекунад. Дар натиҷаи чунин муғҷабандӣ хуҷайраҳои занбӯруғи хамиртуруш занҷири сершохаи муваққатиро ба вуҷуд меоваранд. Дар вақти норасоии моддаҳои ғизоӣ ва дар шароити мавҷуд будани оксигени барзиёд дар дохили ҳуҷайраи занбӯруги хамиртуруш 4 ё 8-то спора пайдо мешавад. Дар шароити мувофиқ аз ин спораҳо ҳуҷайраи нави хамиртуруш нашъунамо мекунад.

Дар табиат намудҳои зиёди занбӯруғи хамиртуруш дар муҳитхои гуногуни ғизоӣ вомехӯранд. Намудҳои муҳимтарини онҳоро ода- мон дар фаъолияти ҳаётиашон аз замонҳои қадим инҷониб истифода мебаранд. Яке аз чунин авлодҳо авлоди занбӯруғи хамиртуруши қандӣ ё сахаромисетҳо мебошад. Хусусан, ду намуди ин авлод — занбӯруғи хамиртуруши нон ва пиво, ки навъхои зиёдеро дарбар мегиранд, васеъ истифода бурда мешаванд. Аломати характерноки ин занбӯруғҳо дар он аст, ки моддаҳои қандиро бо суръати баланд туршонида, спирти этил хосил мекунанд. Ҳамаи намудҳои ин занбӯругҳо аз ҷиҳати шакли зоҳирии ҳуҷайраашон, афзоишашон (ки бо роҳи муғчабандӣ сурат мегирад) ва ғайраҳо ба хамдигар монанданд.

Занбӯруғи хамиртуруши вино бештар дар табиат дар болои меваҳои ширини растаниҳо ва хусусан, ангур пайдо мешавад. Навъҳои сермаҳсули занбӯруғи хамиртуруши нон ва пиворо, ки дар саноати нонпазӣ ва истеҳсоли пиво истифода мебаранд, асосан дар муҳити серғизо бо роҳи сунъӣ парвариш мекунанд. Чунки онҳо дар шароити табиӣ ба мисли хамиртуруши вино вонамехӯранд.

Албатта, хар кадоми шумо нони аз хамири расида ва норасида пухтаро истеъмол кардаед. Дар хамири (нони) расида занбӯруғи хамиртуруш ҳамроҳ мекунанд ва дар ҷои нисбатан гарм нигоҳ медоранд. Пас аз чанд вақт дар натиҷаи фаъолияти занбӯруғи хамиртуруш қанди дар таркиби хамирбуда ба спирт ва гази карбонати хориҷшаванда таҷзия мешавад. Дар равиши ин ҳодиса боз энергия хориҷ мешавад, ки он барои амалӣ гардидани фаъолиятҳои хаётии занбӯруғи мазкур лозим аст. Ҳубобчаҳои гази карбонати хориҷ- шуда боиси варам кардани хамир мегарданд. Яъне хамир ковок шуда ба боло бардошта мешавад ва мерасад. Ҳангоми пухтани нон гази карбонат ва спирт зуд хориҷ шуда, ҷои онҳо ковок мемонад. Бинобар он, нони аз хамири расида тайёр кардашуда сабук, ковок ва хушхӯр мебошад.

  1. Занбӯруғи хамиртуруш чӣ гуна сохт дорад?
  2. Занбӯруғи хамиртуруш бо кадом рохдо афзоиш мекунад?
  3. Дар чӣ хел шароитҳо занбӯруғи хамиртуруш бо роҳи спораҳосилкунӣ афзоиш мекунад?
  4. Аломати хоси занбӯруғҳои хамиртуруш дар чӣ зоҳир мешавад?
  5. Занбӯруғи хамиртурушро дар куҷоҳо истифода мебаранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …