Главная / Илм / ЗАРГУШ дар Канзи Шифо (Китоб)

ЗАРГУШ дар Канзи Шифо (Китоб)

zargush-660x330Заргуш ё худ (Заргуш) —  ин хайвони даштии алафхур аст, ки чангали ва кухи мебошанд. Мизочаш гарм дар дарачаи севум ва тар дар дувум аст. Хислатхои шифобахши он: гушташро бо дам бирён карда, бо куфтаи дорчини, мурч, кокути, хардал (горчица) ва тухми шибити бо сирко турш кардашуда бихуранд, саръ (припадка), фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), нотавон шудани узвхои бадан, кач шудани руй, паридани узв ва ларзакро шифо мебахшад, инчунин, карахтиро низ бартараф месозад. Низ дигар беморихои аз хунуки ба зухур омада, иллатхои асабони, дардхои пайвандхо, инчунин, хангоми хоб ба ногах шошиданро бархам медихад. Кайлаи он низ беморихои зикрёфтаро ба ибро меоварад.

Дар ширдони бачаи алафнохурдаи ин чонвар панирмоя мавчуд аст. Аз хамон панирмоя камакакеро ба кудак бихуронанд, онро аз саръи тифлона эмин медорад ва дар вакти хоб тарсидани онро дафъ мекунад. Аммо ба кудак он вакт бихуронанд, ки дар меъдааш шир набошад. Вале агар шири хурдааш хазм гашта, аз меъдаи он поён нафуромада бошад, он ширро шах мегардонад ва боиси беморихои дигар мешавад.

Агар занхо баъди пок шудан аз хайз пас аз се руз 2,5 грамм панирмояи онро бихуранд, хомила шудани онхоро манъ мекунад ва агар 9 грамми онро бихуранд, аз бачадон бисёр рафтани рутубатро ислох мекунад. Камтар аз як грамм панирмояи онро бо шароб бихуранд, таби дуруздармиёнро шифо мебахшад. 4,5 граммашро бо оби нахуд бихуранд, хуни дар хичак шахшударо, ки боиси банд шудани пешоб гашта бошад, тит ва хал мекунад.

Аз 0,2 грамм то 2,5 грамм панирмояи заргушро бо сиркои ангури бихуранд, саръро дафъ мекунад ва шири дар меъда шахшударо тахлил медихад; мори афъи газида бошад, таъсири захри онро мешиканад, инчунин чи навъе, ки захри котил хурда бошанд, бар зидди онхо тарёк мегардад. Агар ин микдор панирмояи онро хангоми сайд кардан гармогарм бо равгани зайтун даромехта фуру баранд, ба касоне, ки хобида нафас гирифта наметавонад ё дар вакти харакат нафас мезада бошанд ва нафасашон ба онон ёри намешавад, шифо мебахшад.

Агар касе талхаашро бинушад, хоб ба дарачае галаба мекунад, ки то сирко нахуронанд ё онро дар биниаш накашонанд, бедор намегардад. Чун хояи заргушро хушк карда, бо намаксанг ва гули испарак намаксуд намуда, як грамми онро дар бини бирезанд, кач шудани руйро нафъ дорад. Саргини онро занхо аз таг бардоранду мучомаат намоянд, зуд хомила хоханд гашт.

Майнаи заргушро бирён карда бихуранд, иллати ларзакро дафъ мекунад. Агар инро ба милки тифлон бимоланд, зуд онхо дандон мебароранд. Агар бо сирко ва равгани зайтун сиришта, хар кас бар бадани худ бимолад, аз он шахс чонварони газанда мегурезанд ва наздикаш намеоянд. Агар хар руз то хафт руз майнаашро ба микдори ду донаи чав бо шири навдушида бихурад, муяш сафед намегардад.

Хокистари магзи сари заргушро бо равгани хирс, шахдоб (асалоб) ва оби пиёзи ансул даромехта бимоланд, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад. Майнаашро дар об чуш дода, дар он об даромада нишинанд, барои иллати никрис (подагра), инчуннн, ба дарди бугумхо дору мебошад. Хокистари устухони онро гузошта банданд, иллати ханозерро хукгардонро) ба ибро меоварад.

Саргини заргушро аз 1,5 то 3,5 грамм бихуранд, иллати дар вакти хоб ба чогах шошиданро шифо мебахшад. Пешобашро дар чашм чаконанд, чашмро тез мекунад. Хунашро гармогарм бимоланд, догхои кунчидак ва доги сафеди пустро дафъ мекунад, инчунин решхои сарро, ки аз онхо рутубати сафеди монанди шир таровиш мекарда бошад, шифо мебахшад. Агар онро бирён карда бихуранд, захми рудахоро ислох мекунад ва даруни рафта истодаро мебандад.

Хунашро дар латтае бигиранду баъд хушк намуда, нигох доранд ва вакти хочат камеро аз он дар шири модари тифл, ки иллати саръ дошта бошад, хал карда бихуронанд, кудак аз саръ начот меёбад. Равганашро ба сар бимоланд, таркидан ва рехтани муйро манъ мекунад. Агар инро бихуранд, бавосирро катъ мекунад ва инчунин ба бадани он кас хунуки таъсир нахохад кард.

Муйи заргушросухта, ос карда бипошанд, хуни равоншударо аз хар узв, ки бошад, манъ мекунад. Бинобар он, ки махсулоти заргуш дар мизоч гарм аст, истеъмолаш барои одамони гарммизоч зарарнок мебошад. Агар зарар кунад, косни, сирко ва анори майхуш бихуранд, зарари онро ислох месозад. Инчунин, гушти заргушро дар бухори оби гарм бо шибит пухта, бо равган бихуранд, зарари онро бартараф мегардонад. Барои дардхои пайвандхои бадан хеч чиз монанди гушти заргуш даво нест. Дар ин бобат ба ин гушт факат гушти охубарра метавонад ракобат кунад. Чун мачмуъи заргушро, яъне хамаи хастии заргушро бо бутуниаш дар зарфе бисузонанд ва аз он 15 грамм бихуранд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Аз заргуш чизхои дарунашро гирифта, дур сохта, монанди дар боло гуфташуда бисузонанду бо равгани гули сурх сиришта, ба хар чойи бадан, ки бимоланд, муй меруёнад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …