Главная / Гуногун / ЗАМОНИ ШУРАВИ

ЗАМОНИ ШУРАВИ

Солхои аввали асри 20 шароити ичтимои-иктисоди дар кораи Авруосиё хеле бад шуда буд. Чанги якуми чахони иктисоди аксари кишвархои минтакаро ба бухрони шадид мувочех карда буд. Паст будани маош, шароити сангини кор ба корпартоиву тазохуроти густардаи коргарон дар ин кишвархо сабаб мешуд.

Дар Имперотурии Русия шароите пеш омада буд, ки пояхои хокимият суст шуда, нуфузи болшавикон афзоиш ёфта буд. Пас аз Инкилоби феврали соли 1917 подшох сарнагун шуда, Хукумати муваккати руи кор омада буд. Болшавикон аз бемасъу- лиятии Хукумати муваккати истифода карда, бо ташвику таргиб дар кумитахои сарбозии кисмхои низоми нуфузи зиёд пайдо карда буданд. Дар кишвар як навъ духокимияти ба вучуд ома- да буд, ки нихоят ба инкилоб овард.

shambariОктябр-ноябри соли 1917 инкилоби болшавики дар Имперотурии Русия галаба кард ва болшавикон Хукумати муваккатиро сарнагун карда, хокимиятро ба даст гирифтанд. Дар натичаи ин инкилоб дар каламрави Имперотурии Рус чумхурихои Шуравии Русия, Укроин, Бело- рус ва Кафкоз ташкил карда шуданд. 30 декабри соли 1922 карордоди таъсиси Иттиходи чумхурихои шуравии сусиёлисти байни хамин чумхурихо имзо шуд. Дар мархалаи аввал, дар Осиёи Миёна Чумхурихои мухтори сусиёлистии Туркманистон ва Туркистон дар хайати Русия ташкил карда шуданд. Солхои 1924-1925 таксимоти худуди-милли гузаронда, Чумхурихои су- сиёлистии Узбакистон ва Туркманистон таъсис дода шуд, ки Точикистон хамчун Чумхурии мухтор дар хайати Узбакистон ташкил шуд. Дар натичаи муборизахои чоннисоронаи фарзан- дони миллати точик, нихоят дар таърихи 5 декабри соли 1929 Чумхурии шуравии сусиёлистии Точикистон таъсис дода шуд, ки ман дар ин бора каблан хикоят карда будам.

Тибки назарияи Карл Маркс ва Фридрих Энгелс – асосгу- зорони коммунизм, инкилоби коммунисти бояд дар тамоми дунё якбора ба вукуъ меомад. Инкилобчиёни рус хам дар мархалаи аввал хамин гуна шиор медоданд ва ба харакатхои инкилобии кишвархои дигар кумак мекарданд. Коргарон дар мамлакатхои дигар аз инкилоби Русия рухбаланд шуда, харакатхои инкилобхохии оммаро тахрик медоданд. Сармо- ядорони кишвархои дигар аз инкилоби рус ба тарс уфтода, роххои пешгири аз инкилоб дар кишвархои худро мечустанд ва ногузир барои бехтар кардани шароити ичтимоии коргарон мекушиданд.

Сармоядорони кишвархои хоричи аз рузи аввал комму- нистон ва хукумати шуравиро душмани ашаддии низоми худ кабул карда, кишвари шуравиро дар инзиво (изолятсия) карор доданд. Олами сармоя бар зидди ин кишвар ба таври бесобика муттахид шуда, то шикаст додани он мубориза бурд. Ин мубо- риза ба «мусобикаи таслихот» оварда расонд, ки ба иттифоки назари коршиносон, сабаби асосии бухрони моли дар кишвар шуд. Инчунин, Иттиходи шурави барои дастгирии кишвархои сусиёлисти маблагхои зиёд сарф мекард, ки бори молии сангине бар души будчаи кишвар буд. Гайр аз ин, низоми иктисодии бе моликияти хусуси ракобат ва ангезаро аз байн бурда, сабабгори рукуд ва бухрони амики моли шуд, ки ин омилхо дар нихоят ба шикасту бархамхурии кишвари Шурави овард. Нухбагони шурави назарияи коммунистиро хамчун догм кабул карда, то охир пойбанди он монданд ва натавонистанд барои хифзи киш- вар чорахои муассир андешанд. Сабаби асосии фурупошии ин кишвари абаркудрат, пеш аз хама, омилхои иктисоди буданд.

Дар натича 8 декабри соли 1991 сарони чумхурихои Русия, Укроин ва Белорус хамчун муассисони кишвар, карордоди бар- хам додани Иттиходи шуравиро имзо карданд, ки 26 декабр Шурои Чумхурихои Шурои олии Иттиходи шурави Эъломи- яи ин бархамхуриро кабул кард. Карордоди мазкур таърихи расмии бархамхурии Иттиходи шуравиро сабт кард, дар асл бошад, то ин дам тамоми чумхурихо истиклоли худро эълон карда буданд.

Рузи кории хаштсоата, маоши муносиб, шароити зиндагиву бехдошти кобили кабул барои кормандон дар кишвархои олами сармоя зери таъсири инкилоби рус ва тарси сармоядорон аз вукуъи чунин инкилоб дар кишвархояшон ба вучуд омадаанд. Инкилоби рус дар таърихи кишвархои шурави накши мухим бозида бошад хам, таъсири он дар хаёти ичтимои-иктисодии кишвархои олами сармоя камтар набуд.

Хамин тавр, дар аввали асри бист сармоядорони кишвархои хоричи зери таъсири инкилоби рус шароити кору зиндагии коргаронро бехтар карда бошанд хам, роххои нави истисморро кашф кардаанд. Агар дар он замон сармоядор бевосита сохиби корхона буда, риски муфлисшавии корхона ба худаш ва хамаи молу мулкаш тахдид мекарда бошад, акнун у дар паси гурухи моли пинхон ва дар хама хол аз хатар эмин аст. Гайр аз ин, дар олами сармоя хама барои сарватманд шудани хамин гуруххои моли кор мекунанд. Оммаи одамон бо гирифтани карзхои бонки зиндагиашонро обод мекунанд. Хона, мошин, чихози хона ва гайраро бо карзхои бонки мехаранд. Бонкхо бошанд, ба хамин гуруххои моли тааллук доранд.

Аз байни ин карзхо воми маскан (ипотека) абзори махсуси сармоядорон барои дар итоат ва хизмат нигох доштани омма аст. Одатан, маоши одамон барои харидани маскан намера- сад, зеро кисми зиёди маошашон барои пардохти молиёту бима сарф шавад, боки харчи зиндаги мешавад. Ва онхо барои харидани маскан карзи дарозмуддат гирифта, онро хар мох кам-кам аз маоши худ пардохт мекунанд. Одатан, воми маскан барои 30-40 сол гирифта шуда, одамро ба чои кор пойбанд ме- кунад. Агар вом хар мох ба таври муназзам пардохт нашавад, бонк фавран хонаро гирифта, ба фуруш мегузорад ва пули худро меруёнад. Хамин тавр, хаёти одамон дар олами сармоя асосан барои пардохти карзхо сарф мешавад, ки агар аз як су, корхонахоро бо кувваи кории доими таъмин кунад, аз суи дигар, сарвати гуруххои молиро афзун мекунад. Дар ин низом аксари афроди чомеа худашон надониста, бо камоли майл барои сохибони корхонахо кор мекунанд ва торафт сарвати онхоро бештар мегардонанд ва дар натича ин низом ногузир боиси нобаробарии ичтимои мешавад. Дуруст аст, ки низоми коммунисти короии худро исбот карда натавонист, вале низо- ми сармоядори низ ба баробари ва адолат дар чомеа мусоидат намекунад.

Идеяи коммунисти дар мархалаи пайдоишаш зехнхои му- тафаккирони тамоми дунёро тасхир карда буд, зеро волотарин аклхои инсоният хамеша дар орзуи сохтани як чомеаи боа- долат будаанд. Дар солхои аввали инкилоб одамони зиёде аз кишвархои дигар бо шавк ба кишвари Шурави барои сохтани чомеаи ормони меомаданд. Яке аз чунин касон, ки шефтаи идеяи коммунисти ва сохтани хаёти шоиста барои хамаи аъзои чомеа буд, нобигаи инглис – Бертрад Россел низ дар хайати як намояндаги аз суи хукумати Инглис бо ихлос ба кишвари Шурави ташриф овард.

Россел то омаданаш ба Маскав он кадр хаводори идеяи коммунисти буд, ки худаш ашрофзода бошад хам, бо сабаби тарафдори идеяи сусиёлизм буданаш, муносиба- таш бо доирахои аъёну ашрофи кишвараш хеле бад шуда буд. У дар ин сафари кутохи худ падидахои зиёдеро дид, ки уро аз тарзи ичрои ин идеяи ормони аз тарафи болшавикон дилсард карданд. Масалан, у дид, ки пешвоёни инкилоб баробариву бародарии инсонхоро шиори худ эълон карда бошанд хам, аз хамон рузхои аввал дар касру кушкхои аъёну ашрофи кабли чой гирифта, барои худ зиндагии шохона бунёд гузоштаанд. Махсусан, дар вакти боздид аз дехахои рус холи зори дехконону мардуми одиро дида, бо шукуху чалоли хаёти навдавлатон мукоиса карда, китоби «Назария ва амалияи болшавизм»-ро навишт. Инчунин, у мушохида кард, ки дар кишвар системаи тоталитари хукмрон буда, озодихои маъмулии инсон аз кабили озодии эътикод, озодандеши ва ошкорбаёни шадидан саркуб мешаванд. У ба хулоса меояд, ки хукмронии идеолочи дар чомеа ногузир ба тоталитаризм мебарад ва дар он адолат, озоди ва баробари чой дошта наметавонад. У мегуяд: «Идеолочи яке аз абзорхои рамасоз аст». Акли инсон ва озодии андешаву баён- ро мухаррики рушди чомеа дониста, болшавизмро низ мисли калисо, монеа дар рохи пешрафт мехисобад.

Инчунин, нависандаи инглис Чорч Урвелл то охир тараф- дори идеяи сусиёлисти монда бошад хам, дар бораи ичрои бади он аз суи болшавикон дар Русия ду китоб – «Дехкадаи хайвонот» ва «1984»-ро навишт, ки хеле маъруфанд ва мохияти сохти Шуравиро барчаста инъикос кардаанд. Хулосаи Чорч Урвел чунин аст, ки дар кишвари Шурави чамъият боз хам табакоти буда, «хама баробар, вале баъзехо баробартаранд». Ин нобаробари дар сиёсати миллии давлат низ чой дошт, ки аксари мухаккикон ба ин камтар ахаммият додаанд, дар холе, ки махз марказгурезии дар асари хамин сиёсат дар чумхурихо бамиёномада, яке аз омилхои асосии пошхурии кишвар гашта буд. Тибки сиёсати милли, тамоми миллатхои сокини кишвар «бародар» буданд, вале миллати рус «бародари бузург» номида мешуд.

Идеяи коммунисти барои халкхои махаллии Осиёи Миёна шинос набуд. Онхо хукумати Шуравиро, ки сарбозон ва корга- рони рохи охани рус дар Бухоро инкилоб карда, сохта буданд, хамчун хукумати гайр кабул мекарданд. Коргарону дехконони махалли мохияти ин идеяро хуб сарфахм намерафтанд ва худро сохиби хокимият намедонистанд. Хукумати шурави баробари ва бародарии халкхоро шиори худ карда бошад хам, дар асл ин ба хамон баробарии «баъзехо баробартаранд» монанд буд. Масалан, хизбу хукумати маркази ба намояндахои халкхои махалли камтар эътимод мекарданд. Дар чумхурихои милли шахси аввали хизб, ки амалан рохбар хисоб мешуд, аз хисоби нафархои намояндагони милли таъин карда шавад хам, хатман муовини у аз миллати рус интихоб мешуд, ки Кремлин бештар ба у эътимод дошт. Инро нухбагони миллатхои тахчои нишонаи нобовари талакки карда, дар байнашон норизои пайдо мешуд, ки дар нихоят яке аз омилхои марказгурезии нухбахои чум- хурихо ва дар натича, омили фурупошии Иттиходи шурави шуд.

Албатта, низоми Шурави хубихои зиёд, аз кабили тахсилот ва бехдошти ройгон дошт, ки дар бораи он зиёд гуфтаанду на- виштаанд. Ман ин чо дар бораи як падидаи чолиб хикояе мео- варам. Иттиходи шурави дар чомеа ашрофзодаги ва имтиёзхои ирсиро аз байн бурд. Дар чомеа табакаи аъёну ашроф вучуд надошт. Раисон ва рохбарон гарчанде «баробартар» буданд ва имтиёзоте аз кабили мошини хизмативу маоши болотар до- штанд, вале салохияту масъулияташон аз суи мардум назорат мешуд. Хар кас метавонист ба амалдор руирост эрод бигирад ва аз руяш шикоят кунад. Чоплуси ва тамаллук дар баробари амалдорон дар Шурави роич набуд. Албатта, аз корхона то корхонаву аз минтака то минтака вазъи ин масъала метаво- нист каме фарк дошта бошад. Масалан дар Русия тамаллуку чоплуси дар мукобили амалдорон наздик ба сифр бошад, дар Осиёи Миёна ин падида каме бештар ба чашм мехурд, вале на ба хадди имруз, албатта. Аммо баъди истиклол руасо гуё сохиби чону моли мардум шуданд ва хушомадзаниву тамаллук дар мукобили онхо авч гирифт.

Солхои аввали ба тичорат машгул шуданам, мо бахши кор- хонаи ресандагии нохияи Восеъро бо тачхизоти барк мучаххаз мекардем. Мухандиси барки ширкати мо Бобокалонов ном мар- ди точики русзабон ва хулку атвораш хам руси буд. У хамчун мутахассис ба накша рохбари мекард. Барои ёри аз мардуми махалли 7-8 нафарро ба кор гирифта будем, ки дар катори ману Исмоил ба корхои тахассусии барккаши ба у ёри мекарданд.

Раиси хочагие, ки тарафи карордоди мо буд, гох-гох омада, рафти корро назорат мекард. У марди коматбаланди босалобат ва калонгир буд. Вакте у дар сари кор пайдо мешуд, коргаро- ни махалли корро партофта, ба саломаш шитоб мекарданд. Майдони кори мо хеле калон буд. Бобокалонов, ки гайр аз рустабъ будан, дар кор низ хеле муназзам ва сахтгир буд, аз корро партофта ба дастфишории раис давидани зердастонаш норохат мешуд. Боре худаш бо дастони аз равгани кабел сиёх, бо раис дастфишори карда, дастхои уро олуда кард ва ба у гуфт:

  • Акнун ман дастхоямро як хафта намешуям!
  • Чаро? – пурсид раис бо карохат ба дастони олудаи худ нигариста.
  • Чунки дастонам ба дастони табарруки Шумо расиданд, – чавоб дод Бобокалонов.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …