Главная / Гуногун / ЗАМОНИ ШӮРАВӢ

ЗАМОНИ ШӮРАВӢ

Солҳои аввали асри 20 шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар қораи Авруосиё хеле бад шуда буд. Ҷанги якуми ҷаҳонӣ иқтисоди аксари кишварҳои минтақаро ба буҳрони шадид мувоҷеҳ карда буд. Паст будани маош, шароити сангини кор ба корпартоиву тазоҳуроти густардаи коргарон дар ин кишварҳо сабаб мешуд.

Дар Имперотурии Русия шароите пеш омада буд, ки пояҳои ҳокимият суст шуда, нуфузи болшавикон афзоиш ёфта буд. Пас аз Инқилоби феврали соли 1917 подшоҳ сарнагун шуда, Ҳукумати муваққатӣ рӯи кор омада буд. Болшавикон аз бемасъу- лиятии Ҳукумати муваққатӣ истифода карда, бо ташвиқу тарғиб дар кумитаҳои сарбозии қисмҳои низомӣ нуфузи зиёд пайдо карда буданд. Дар кишвар як навъ дуҳокимиятӣ ба вуҷуд ома- да буд, ки ниҳоят ба инқилоб овард.

shambariОктябр-ноябри соли 1917 инқилоби болшавикӣ дар Имперотурии Русия ғалаба кард ва болшавикон Ҳукумати муваққатиро сарнагун карда, ҳокимиятро ба даст гирифтанд. Дар натиҷаи ин инқилоб дар қаламрави Имперотурии Рус ҷумҳуриҳои Шӯравии Русия, Укроин, Бело- рус ва Қафқоз ташкил карда шуданд. 30 декабри соли 1922 қарордоди таъсиси Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сусиёлистӣ байни ҳамин ҷумҳуриҳо имзо шуд. Дар марҳалаи аввал, дар Осиёи Миёна Ҷумҳуриҳои мухтори сусиёлистии Туркманистон ва Туркистон дар ҳайати Русия ташкил карда шуданд. Солҳои 1924-1925 тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ гузаронда, Ҷумҳуриҳои су- сиёлистии Ӯзбакистон ва Туркманистон таъсис дода шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ӯзбакистон ташкил шуд. Дар натиҷаи муборизаҳои ҷоннисоронаи фарзан- дони миллати тоҷик, ниҳоят дар таърихи 5 декабри соли 1929 Ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ман дар ин бора қаблан ҳикоят карда будам.

Тибқи назарияи Карл Маркс ва Фридрих Энгелс – асосгу- зорони коммунизм, инқилоби коммунистӣ бояд дар тамоми дунё якбора ба вуқӯъ меомад. Инқилобчиёни рус ҳам дар марҳалаи аввал ҳамин гуна шиор медоданд ва ба ҳаракатҳои инқилобии кишварҳои дигар кумак мекарданд. Коргарон дар мамлакатҳои дигар аз инқилоби Русия рӯҳбаланд шуда, ҳаракатҳои инқилобхоҳии оммаро таҳрик медоданд. Сармо- ядорони кишварҳои дигар аз инқилоби рус ба тарс уфтода, роҳҳои пешгирӣ аз инқилоб дар кишварҳои худро меҷустанд ва ногузир барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии коргарон мекӯшиданд.

Сармоядорони кишварҳои хориҷӣ аз рӯзи аввал комму- нистон ва ҳукумати шӯравиро душмани ашаддии низоми худ қабул карда, кишвари шӯравиро дар инзиво (изолятсия) қарор доданд. Олами сармоя бар зидди ин кишвар ба таври бесобиқа муттаҳид шуда, то шикаст додани он мубориза бурд. Ин мубо- риза ба «мусобиқаи таслиҳот» оварда расонд, ки ба иттифоқи назари коршиносон, сабаби асосии буҳрони молӣ дар кишвар шуд. Инчунин, Иттиҳоди шӯравӣ барои дастгирии кишварҳои сусиёлистӣ маблағҳои зиёд сарф мекард, ки бори молии сангине бар дӯши будҷаи кишвар буд. Ғайр аз ин, низоми иқтисодии бе моликияти хусусӣ рақобат ва ангезаро аз байн бурда, сабабгори рукуд ва буҳрони амиқи молӣ шуд, ки ин омилҳо дар ниҳоят ба шикасту барҳамхӯрии кишвари Шӯравӣ овард. Нухбагони шӯравӣ назарияи коммунистиро ҳамчун догм қабул карда, то охир пойбанди он монданд ва натавонистанд барои ҳифзи киш- вар чораҳои муассир андешанд. Сабаби асосии фурӯпошии ин кишвари абарқудрат, пеш аз ҳама, омилҳои иқтисодӣ буданд.

Дар натиҷа 8 декабри соли 1991 сарони ҷумҳуриҳои Русия, Укроин ва Белорус ҳамчун муассисони кишвар, қарордоди бар- ҳам додани Иттиҳоди шӯравиро имзо карданд, ки 26 декабр Шӯрои Ҷумҳуриҳои Шӯрои олии Иттиҳоди шӯравӣ Эъломи- яи ин барҳамхӯриро қабул кард. Қарордоди мазкур таърихи расмии барҳамхӯрии Иттиҳоди шӯравиро сабт кард, дар асл бошад, то ин дам тамоми ҷумҳуриҳо истиқлоли худро эълон карда буданд.

Рӯзи кории ҳаштсоата, маоши муносиб, шароити зиндагиву беҳдошти қобили қабул барои кормандон дар кишварҳои олами сармоя зери таъсири инқилоби рус ва тарси сармоядорон аз вуқӯъи чунин инқилоб дар кишварҳояшон ба вуҷуд омадаанд. Инқилоби рус дар таърихи кишварҳои шӯравӣ нақши муҳим бозида бошад ҳам, таъсири он дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои олами сармоя камтар набуд.

Ҳамин тавр, дар аввали асри бист сармоядорони кишварҳои хориҷӣ зери таъсири инқилоби рус шароити кору зиндагии коргаронро беҳтар карда бошанд ҳам, роҳҳои нави истисморро кашф кардаанд. Агар дар он замон сармоядор бевосита соҳиби корхона буда, риски муфлисшавии корхона ба худаш ва ҳамаи молу мулкаш таҳдид мекарда бошад, акнун ӯ дар паси гурӯҳи молӣ пинҳон ва дар ҳама ҳол аз хатар эмин аст. Ғайр аз ин, дар олами сармоя ҳама барои сарватманд шудани ҳамин гурӯҳҳои молӣ кор мекунанд. Оммаи одамон бо гирифтани қарзҳои бонкӣ зиндагиашонро обод мекунанд. Хона, мошин, ҷиҳози хона ва ғайраро бо қарзҳои бонкӣ мехаранд. Бонкҳо бошанд, ба ҳамин гурӯҳҳои молӣ тааллуқ доранд.

Аз байни ин қарзҳо воми маскан (ипотека) абзори махсуси сармоядорон барои дар итоат ва хизмат нигоҳ доштани омма аст. Одатан, маоши одамон барои харидани маскан намера- сад, зеро қисми зиёди маошашон барои пардохти молиёту бима сарф шавад, боқӣ харҷи зиндагӣ мешавад. Ва онҳо барои харидани маскан қарзи дарозмуддат гирифта, онро ҳар моҳ кам-кам аз маоши худ пардохт мекунанд. Одатан, воми маскан барои 30-40 сол гирифта шуда, одамро ба ҷои кор пойбанд ме- кунад. Агар вом ҳар моҳ ба таври муназзам пардохт нашавад, бонк фавран хонаро гирифта, ба фурӯш мегузорад ва пули худро мерӯёнад. Ҳамин тавр, ҳаёти одамон дар олами сармоя асосан барои пардохти қарзҳо сарф мешавад, ки агар аз як сӯ, корхонаҳоро бо қувваи кории доимӣ таъмин кунад, аз сӯи дигар, сарвати гурӯҳҳои молиро афзун мекунад. Дар ин низом аксари афроди ҷомеа худашон надониста, бо камоли майл барои соҳибони корхонаҳо кор мекунанд ва торафт сарвати онҳоро бештар мегардонанд ва дар натиҷа ин низом ногузир боиси нобаробарии иҷтимоӣ мешавад. Дуруст аст, ки низоми коммунистӣ короии худро исбот карда натавонист, вале низо- ми сармоядорӣ низ ба баробарӣ ва адолат дар ҷомеа мусоидат намекунад.

Идеяи коммунистӣ дар марҳалаи пайдоишаш зеҳнҳои му- тафаккирони тамоми дунёро тасхир карда буд, зеро волотарин ақлҳои инсоният ҳамеша дар орзуи сохтани як ҷомеаи боа- долат будаанд. Дар солҳои аввали инқилоб одамони зиёде аз кишварҳои дигар бо шавқ ба кишвари Шӯравӣ барои сохтани ҷомеаи ормонӣ меомаданд. Яке аз чунин касон, ки шефтаи идеяи коммунистӣ ва сохтани ҳаёти шоиста барои ҳамаи аъзои ҷомеа буд, нобиғаи инглис – Бертрад Россел низ дар ҳайати як намояндагӣ аз сӯи ҳукумати Инглис бо ихлос ба кишвари Шӯравӣ ташриф овард.

Россел то омаданаш ба Маскав он қадр ҳаводори идеяи коммунистӣ буд, ки худаш ашрофзода бошад ҳам, бо сабаби тарафдори идеяи сусиёлизм буданаш, муносиба- таш бо доираҳои аъёну ашрофи кишвараш хеле бад шуда буд. Ӯ дар ин сафари кӯтоҳи худ падидаҳои зиёдеро дид, ки ӯро аз тарзи иҷрои ин идеяи ормонӣ аз тарафи болшавикон дилсард карданд. Масалан, ӯ дид, ки пешвоёни инқилоб баробариву бародарии инсонҳоро шиори худ эълон карда бошанд ҳам, аз ҳамон рӯзҳои аввал дар қасру кӯшкҳои аъёну ашрофи қаблӣ ҷой гирифта, барои худ зиндагии шоҳона бунёд гузоштаанд. Махсусан, дар вақти боздид аз деҳаҳои рус ҳоли зори деҳқонону мардуми одиро дида, бо шукӯҳу ҷалоли ҳаёти навдавлатон муқоиса карда, китоби «Назария ва амалияи болшавизм»-ро навишт. Инчунин, ӯ мушоҳида кард, ки дар кишвар системаи тоталитарӣ ҳукмрон буда, озодиҳои маъмулии инсон аз қабили озодии эътиқод, озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ шадидан саркӯб мешаванд. Ӯ ба хулоса меояд, ки ҳукмронии идеолоҷӣ дар ҷомеа ногузир ба тоталитаризм мебарад ва дар он адолат, озодӣ ва баробарӣ ҷой дошта наметавонад. Ӯ мегӯяд: «Идеолоҷӣ яке аз абзорҳои рамасоз аст». Ақли инсон ва озодии андешаву баён- ро муҳаррики рушди ҷомеа дониста, болшавизмро низ мисли калисо, монеа дар роҳи пешрафт меҳисобад.

Инчунин, нависандаи инглис Ҷорҷ Урвелл то охир тараф- дори идеяи сусиёлистӣ монда бошад ҳам, дар бораи иҷрои бади он аз сӯи болшавикон дар Русия ду китоб – «Деҳкадаи ҳайвонот» ва «1984»-ро навишт, ки хеле маъруфанд ва моҳияти сохти Шӯравиро барҷаста инъикос кардаанд. Хулосаи Ҷорҷ Урвел чунин аст, ки дар кишвари Шӯравӣ ҷамъият боз ҳам табақотӣ буда, «ҳама баробар, вале баъзеҳо баробартаранд». Ин нобаробарӣ дар сиёсати миллии давлат низ ҷой дошт, ки аксари муҳаққиқон ба ин камтар аҳаммият додаанд, дар ҳоле, ки маҳз марказгурезии дар асари ҳамин сиёсат дар ҷумҳуриҳо бамиёномада, яке аз омилҳои асосии пошхӯрии кишвар гашта буд. Тибқи сиёсати миллӣ, тамоми миллатҳои сокини кишвар «бародар» буданд, вале миллати рус «бародари бузург» номида мешуд.

Идеяи коммунистӣ барои халқҳои маҳаллии Осиёи Миёна шинос набуд. Онҳо ҳукумати Шӯравиро, ки сарбозон ва корга- рони роҳи оҳани рус дар Бухоро инқилоб карда, сохта буданд, ҳамчун ҳукумати ғайр қабул мекарданд. Коргарону деҳқонони маҳаллӣ моҳияти ин идеяро хуб сарфаҳм намерафтанд ва худро соҳиби ҳокимият намедонистанд. Ҳукумати шӯравӣ баробарӣ ва бародарии халқҳоро шиори худ карда бошад ҳам, дар асл ин ба ҳамон баробарии «баъзеҳо баробартаранд» монанд буд. Масалан, ҳизбу ҳукумати марказӣ ба намояндаҳои халқҳои маҳаллӣ камтар эътимод мекарданд. Дар ҷумҳуриҳои миллӣ шахси аввали ҳизб, ки амалан роҳбар ҳисоб мешуд, аз ҳисоби нафарҳои намояндагони миллӣ таъин карда шавад ҳам, ҳатман муовини ӯ аз миллати рус интихоб мешуд, ки Кремлин бештар ба ӯ эътимод дошт. Инро нухбагони миллатҳои таҳҷоӣ нишонаи нобоварӣ талаққӣ карда, дар байнашон норизоӣ пайдо мешуд, ки дар ниҳоят яке аз омилҳои марказгурезии нухбаҳои ҷум- ҳуриҳо ва дар натиҷа, омили фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ шуд.

Албатта, низоми Шӯравӣ хубиҳои зиёд, аз қабили таҳсилот ва беҳдошти ройгон дошт, ки дар бораи он зиёд гуфтаанду на- виштаанд. Ман ин ҷо дар бораи як падидаи ҷолиб ҳикояе мео- варам. Иттиҳоди шӯравӣ дар ҷомеа ашрофзодагӣ ва имтиёзҳои ирсиро аз байн бурд. Дар ҷомеа табақаи аъёну ашроф вуҷуд надошт. Раисон ва роҳбарон гарчанде «баробартар» буданд ва имтиёзоте аз қабили мошини хизмативу маоши болотар до- штанд, вале салоҳияту масъулияташон аз сӯи мардум назорат мешуд. Ҳар кас метавонист ба амалдор рӯирост эрод бигирад ва аз рӯяш шикоят кунад. Чоплусӣ ва тамаллуқ дар баробари амалдорон дар Шӯравӣ роиҷ набуд. Албатта, аз корхона то корхонаву аз минтақа то минтақа вазъи ин масъала метаво- нист каме фарқ дошта бошад. Масалан дар Русия тамаллуқу чоплусӣ дар муқобили амалдорон наздик ба сифр бошад, дар Осиёи Миёна ин падида каме бештар ба чашм мехӯрд, вале на ба ҳадди имрӯз, албатта. Аммо баъди истиқлол руасо гӯё соҳиби ҷону моли мардум шуданд ва хушомадзаниву тамаллуқ дар муқобили онҳо авҷ гирифт.

Солҳои аввали ба тиҷорат машғул шуданам, мо бахши кор- хонаи ресандагии ноҳияи Восеъро бо таҷҳизоти барқ муҷаҳҳаз мекардем. Муҳандиси барқи ширкати мо Бобокалонов ном мар- ди тоҷики русзабон ва хулқу атвораш ҳам русӣ буд. Ӯ ҳамчун мутахассис ба нақша роҳбарӣ мекард. Барои ёрӣ аз мардуми маҳаллӣ 7-8 нафарро ба кор гирифта будем, ки дар қатори ману Исмоил ба корҳои тахассусии барқкашӣ ба ӯ ёрӣ мекарданд.

Раиси хоҷагие, ки тарафи қарордоди мо буд, гоҳ-гоҳ омада, рафти корро назорат мекард. Ӯ марди қоматбаланди босалобат ва калонгир буд. Вақте ӯ дар сари кор пайдо мешуд, коргаро- ни маҳаллӣ корро партофта, ба саломаш шитоб мекарданд. Майдони кори мо хеле калон буд. Бобокалонов, ки ғайр аз рустабъ будан, дар кор низ хеле муназзам ва сахтгир буд, аз корро партофта ба дастфишории раис давидани зердастонаш нороҳат мешуд. Боре худаш бо дастони аз равғани кабел сиёҳ, бо раис дастфишорӣ карда, дастҳои ӯро олуда кард ва ба ӯ гуфт:

  • Акнун ман дастҳоямро як ҳафта намешӯям!
  • Чаро? – пурсид раис бо кароҳат ба дастони олудаи худ нигариста.
  • Чунки дастонам ба дастони табарруки Шумо расиданд, – ҷавоб дод Бобокалонов.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …