Главная / Гуногун / ВОКЕАИ ХАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ/Р/ ВА БА ТАВОФИ КАЪБА РАФТАНИ У

ВОКЕАИ ХАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ/Р/ ВА БА ТАВОФИ КАЪБА РАФТАНИ У

Бигуям киссае аз Буханифа,

Зи кисса хиссае хохам вазифа.

Ба «Хач» Нуъмону Собит бо зиёрат,

Ба хам рафтанд бо сохиб басорат.

Зиёрат кард харду «Байт»-и Раб-ро,

Бачо овард конуни адабро.

Ба «Каъба» дид Нуъмон чамъи касрат,

Шуда анбух аз бахри зиёрат.

Бидид нурони марде дар миёна,

Ба дидан гарму ширин ошикона.

Бигуфто «Эй падар, чун аст ин чамъ,

Чи шахс аст он каси нурона чун шамъ?!

Бигуфташ: «-У зи асхоби Расул/с/ аст,

Анас ном асту аммо зулфузул аст.

Ки хар соле ба тавфи Каъба ояд,

Ба мардум аз хаводис лаб гушояд.

Халоик бар самоъи кавли Ахмад,

Зи хар су чамъ меоянд бе хад».

Маро, гуфт: «-Эй падар, боло бибардор,

Гузорам, назди он дунёи ахбор!»

Хавои чун варо боло бардошт,

Ба пеши он сахоба зуд бигзошт.

Бидид Нуъмони Собитро ба як бор,

Ба ёд омад Хадиси шохи Аброр.

Анас гуфт: «Эй писар гу номи Худро,

Ба ман гу маскани ороми Худро?!»

Бигуфто: «-Ибни Собит, ном Нуъмон,

Ба куният Буханифа шохи сибён.

Ба сайри ломакон, аз ахли Куфа,

Муаллим бар дакики хар хуруфа,»

Анас гуфт: «-Эй, гурухи Байти Аъло,

Маро бар фавк бардоред боло!»

Анасро хам ба фавк бардошт он чамъ,

Баромад бар сари он чамъ чун шамъ.

«-Гувох, бошед! Гуфто: эй халоик,

Ки ин кудак ба мазхаб хаст лоик:

Саломи Ахмади мурсал расондам,

Луобашро ба коми ин чакондам.

Шудам ман фориг аз хифзи амонат,

Бихамдуллох, нашуд аз ман хиёнат!»

Касеро, ки зи лутфи худ Худо дод,

Насиби хар диле уро ато дод.

Ба суи бандае гар у кунад кахр,

Ба комаш шахди гети мешавад захр!

Ба домони карам дасти талаб зан,

Майи тавхид басе шиша ба лаб зан!

Худоро ёфти, гул шуд мусаллам,

Ту эй чуз ёфти гулро, махур гам!

Шави эй катра гар побуси Уммон,

Куни пур гавхари максуд домон!

Ба чону дил бичу, зинхор дарёб,

Биёби гавхар аз ин ганчи гирдоб!

Агар ту лаззати вахдат биёби,

Аз ин лаззоти фони рух битоби!

Зи шарбатхои Субхони куни нуш,

Шавад найранги ин фони фаромуш!

Бичу ин шахдро, кам гу зи Кавсар,

Шароби васл зи оби хулд бехтар!

Ба зиндон боши, эй мурда, шави хай,

Миён банди ба доги нола чун най!

Ту эй, олуда суи пок биштоб,

Барои покии дил сайкале ёб!

Ба як нушаш шави сармасти он Чом,

Ки масти Хак рахад аз кайди хар дом! 60. -186. -188.

Ин аст, эй азиз, киссаи пурхикмати асрори олами-гайби. Ба кавле дигар Анас ибни Молик /р/ бо шафоъат ва баракати дуъо ва лафзи мубораки Хазрати Мухаммад /с/ умри тулоние дид, рузгори Абуханифаро дарёфт ва дар назди хонаи  «Каъба», ба амри Илохи бо Абуханифаи хурдсол ва падари у Хоча Собит шинос шуд, ки он харду ба зиёрати хонаи Худо ва адои Хач, омада буданд, ки он сол «Хаччи Акбар» буд, яъне, рузи чумъа ва дар шохидии хочиёни арафот Анас ибни Молик/р/ саломи Расул /с/-ро ба Абуханифа расонид ва амонати шарифи он Хазрат/с/-ро ба у бахшид…

Сафари «Меъроч»-и Паёмбар /с/ ва «Чароги уммати  ман» гуфтани Расул /с/ Имом Абуханифа /р/-ро,  ки бархак аст,  Шайх Аттори Нишопури /р/, дар «Хусравнома»-и  худ чунин алфози малакутиро перумони ин сафари олами кудси, ба забони муборак овардаву нигошта, ки:

«Чахонро хам Имому хам Халифа,

Гироми дони, илло Буханифа.

Чахони илму дарёи маъони,

Имоми аввалу, Лукмони сони.

Агар аъдои дин бисёр чамъанд,

Зи кори Буханифа сар чу шамъанд.

«Чароги уммат» омад он сарафроз,

Чароге, к-у адуро мекунад гоз.

Чу дар дини Мухаммад доди дин дод,

Мухаммадро чунин буду чунин дод.

Агар дар фикх сад чомеъ кабир аст,

Зи як шогирд-ш он чомеъ сагир аст.

Муччарад шав, агар куфишиори,

Барафшон чун «алиф» чизе, ки дори.

Рахи куфит мебояд, равон шав,

«Алиф» дони, ту боре хамчунон шав». 31.-34-36.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …