Главная / Гуногун / ВОҚЕАИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ/Р/ ВА БА ТАВОФИ КАЪБА РАФТАНИ Ӯ

ВОҚЕАИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ/Р/ ВА БА ТАВОФИ КАЪБА РАФТАНИ Ӯ

Бигӯям қиссае аз Бӯҳанифа,

Зи қисса ҳиссае хоҳам вазифа.

Ба «Ҳаҷ» Нӯъмону Собит бо зиёрат,

Ба ҳам рафтанд бо соҳиб басорат.

Зиёрат кард ҳарду «Байт»-и Раб-ро,

Баҷо овард қонуни адабро.

Ба «Каъба» дид Нӯъмон ҷамъи касрат,

Шуда анбӯҳ аз баҳри зиёрат.

Бидид нуронӣ марде дар миёна,

Ба дидан гарму ширин ошиқона.

Бигуфто «Эй падар, чун аст ин ҷамъ,

Чи шахс аст он каси нурона чун шамъ?!

Бигуфташ: «-Ӯ зи асҳоби Расул/с/ аст,

Анас ном асту аммо зулфузул аст.

Ки ҳар соле ба тавфи Каъба ояд,

Ба мардум аз ҳаводис лаб гушояд.

Халоиқ бар самоъи қавли Аҳмад,

Зи ҳар сӯ ҷамъ меоянд бе ҳад».

Маро, гуфт: «-Эй падар, боло бибардор,

Гузорам, назди он дунёи ахбор!»

Ҳавоӣ чун варо боло бардошт,

Ба пеши он саҳоба зуд бигзошт.

Бидид Нӯъмони Собитро ба як бор,

Ба ёд омад Ҳадиси шоҳи Аброр.

Анас гуфт: «Эй писар гӯ номи Худро,

Ба ман гӯ маскани ороми Худро?!»

Бигуфто: «-Ибни Собит, ном Нӯъмон,

Ба куният Бӯҳанифа шоҳи сибён.

Ба сайри ломакон, аз аҳли Кӯфа,

Муаллим бар дақиқӣ ҳар ҳурӯфа,»

Анас гуфт: «-Эй, гурӯҳи Байти Аъло,

Маро бар фавқ бардоред боло!»

Анасро ҳам ба фавқ бардошт он ҷамъ,

Баромад бар сари он ҷамъ чун шамъ.

«-Гувоҳ, бошед! Гуфто: эй халоиқ,

Ки ин кӯдак ба мазҳаб ҳаст лоиқ:

Саломи Аҳмади мурсал расондам,

Луобашро ба коми ин чакондам.

Шудам ман фориғ аз ҳифзи амонат,

Биҳамдуллоҳ, нашуд аз ман хиёнат!»

Касеро, ки зи лутфи худ Худо дод,

Насиби ҳар диле ӯро ато дод.

Ба сӯи бандае гар ӯ кунад қаҳр,

Ба комаш шаҳди гетӣ мешавад заҳр!

Ба домони карам дасти талаб зан,

Майи тавҳид басе шиша ба лаб зан!

Худоро ёфтӣ, гул шуд мусаллам,

Ту эй ҷуз ёфтӣ гулро, махӯр ғам!

Шавӣ эй қатра гар побӯси Уммон,

Кунӣ пур гавҳари мақсуд домон!

Ба ҷону дил биҷӯ, зинҳор дарёб,

Биёбӣ гавҳар аз ин ганҷи гирдоб!

Агар ту лаззати ваҳдат биёбӣ,

Аз ин лаззоти фонӣ рух битобӣ!

Зи шарбатҳои Субҳонӣ кунӣ нӯш,

Шавад найранги ин фонӣ фаромӯш!

Биҷӯ ин шаҳдро, кам гӯ зи Кавсар,

Шароби васл зи оби хулд беҳтар!

Ба зиндон бошӣ, эй мурда, шавӣ ҳай,

Миён бандӣ ба доғи нола чун най!

Ту эй, олуда сӯи пок биштоб,

Барои покии дил сайқале ёб!

Ба як нӯшаш шавӣ сармасти он Ҷом,

Ки масти Ҳақ раҳад аз қайди ҳар дом! 60. -186. -188.

Ин аст, эй азиз, қиссаи пурҳикмати асрори олами-ғайбӣ. Ба қавле дигар Анас ибни Молик /р/ бо шафоъат ва баракати дуъо ва лафзи мубораки Ҳазрати Муҳаммад /с/ умри тӯлоние дид, рӯзгори Абӯҳанифаро дарёфт ва дар назди хонаи  «Каъба», ба амри Илоҳӣ бо Абӯҳанифаи хурдсол ва падари ӯ Хоҷа Собит шинос шуд, ки он ҳарду ба зиёрати хонаи Худо ва адои Ҳаҷ, омада буданд, ки он сол «Ҳаҷҷи Акбар» буд, яъне, рӯзи ҷумъа ва дар шоҳидии ҳоҷиёни арафот Анас ибни Молик/р/ саломи Расул /с/-ро ба Абӯҳанифа расонид ва амонати шарифи он Ҳазрат/с/-ро ба ӯ бахшид…

Сафари «Меъроҷ»-и Паёмбар /с/ ва «Ҷароғи уммати  ман» гуфтани Расул /с/ Имом Абӯҳанифа /р/-ро,  ки барҳақ аст,  Шайх Аттори Нишопурӣ /р/, дар «Хусравнома»-и  худ чунин алфози малакутиро перумони ин сафари олами қудсӣ, ба забони муборак овардаву нигошта, ки:

«Ҷаҳонро ҳам Имому ҳам Халифа,

Гиромӣ донӣ, илло Бӯҳанифа.

Ҷаҳони илму дарёи маъонӣ,

Имоми аввалу, Луқмони сонӣ.

Агар аъдои дин бисёр ҷамъанд,

Зи кори Бӯҳанифа сар чу шамъанд.

«Чароғи уммат» омад он сарафроз,

Чароғе, к-ӯ адуро мекунад гоз.

Чу дар дини Муҳаммад доди дин дод,

Муҳаммадро чунин буду чунин дод.

Агар дар фиқҳ сад ҷомеъ кабир аст,

Зи як шогирд-ш он ҷомеъ сағир аст.

Муҷҷарад шав, агар кӯфишиорӣ,

Барафшон чун «алиф» чизе, ки дорӣ.

Раҳи кӯфит мебояд, равон шав,

«Алиф» донӣ, ту боре ҳамчунон шав». 31.-34-36.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …