Главная / Илм / ВАРАМИ КВИНКЕ

ВАРАМИ КВИНКЕ

varami-kvinkeВАРАМИ КВИНКЕ, бемориест, ки хангоми он пуст, насчи зери пуст ва луобпардахо ногахон варам мекунанд. Аз номи духтури немис Н.И. Квинке (1842 – 1922) гирифта шудааст. В. К. аллерги ва ирси мешавад. В. к.-и аллерги дар натичаи истеъмоли гизохои нофорам, дору ва г. сар мезанад. Дар мавриди он якбора аксуламали аллерги ба вучуд меояд. Зимни В. К.-и ирси дар таркиби хун фаъолияти ингибитори унсури аввали комплемент суст мешавад. Дар натича комплемент зери таъсири омилхои зиёновар (мас., харош хурдани пуст, чаррохи, эхсосоти манфи ва г.) фаъол мегардад. Дар робита ба ин кобилияти нокилии рагхои хурд зиёд шуда, дар бадан варамхои гуногун ба вучуд меоянд.
Хангоми бемории мазкур инфилтратхо (варам), одатан, сафедча ва сахт буда, дар лаб, пилки чашм, луобпардаи дахон, халк ба вучуд меоянд. Хусусан, варами халк хавфнок аст, зеро он метавонад боиси нафастанги ва фавти бемор шавад. Агар варам ба майнапарда, магзи сар ё гуши дохили интикол ёбад, пас иллатхои неврологии гуногуни мансуб ба ин узвхо сар мезананд (дарди шахак, гемиплегия, афазия, синдроми Менйер); дар сурати ба асаби босира фишор овардани он осебхои гуногуни чашм, хангоми варами луобпардаи рохи меъдаю рудахо нишонахои руст шудани руда ва дарди сахт пайдо мешаванд. Гохо варам дил, бачадон ва масонаро низ фаро мегирад.
В. К.-и табиаташ аллерги асосан дар калонсолон ба вучуд меояд. Он давраи пешхабар надорад. Варам, одатан, баъди чанд дакика (вале на дертар аз 1 соати тамос бо аллерген) пайдо мешавад. В. К.-и аллерги баъзан бо саглес ва хориши пуст хамрох ба вучуд меояд.
В. К.-и ирси дар аъзои як оила рух намуда, аз насл ба насл мегузарад. Он дар синни кудаки мушохида шуда, нисбат ба В. К.-и аллерги дертар – дар муддати чанд соат аз худ дарак медихад.
Дар мавриди рух намудани нишонахои В. К. зуд ба духтур мурочиат кардан лозим аст. В. к.-ро, одатан, бо дорухои антигистамини табобат мекунанд. Окибати бемори хангоми дар пуст чой доштани варам хавфнок нест; дар мавриди дар луобпардаи майна, узвхои дарун, хусусан дар халк пайдо шудани варам маризи хавфи чидди пеш меорад.
Бо максади пешгирии В. К. худро аз тамос бо аллергенхо ва холатхои стресси дур гирифтан лозим аст.

Х.Ч. Усмонова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …