Главная / Гуногун / ВАКТИ ГУЛИ СЕБ

ВАКТИ ГУЛИ СЕБ

Зебои бо тамоми шукуху шахомат зиндагиро ба огуш кашида. Ва зиндаги дар ин огуши пур аз назокату латофат фарогат дорад. Мардум мисли ин ки кухеро аз душ фароварда бошанд, худро сабук, озод, болидарух хис мекарданд. Ба лаб хазор шукр ва ба таъкид мегуфтанд:

– Наврузат фирузу хар рузат Навруз бод!

Ва бо хушнуди боз мегуфтанд:

– Соли хуб омад, соли вафодор.

Бале, саг хайвони вафодортарин ба хисоб меравад. Киссаи “Хољаи сагпараст”-ро хуб дар хотир дорем. Образи саг дар адабиёти классикию муосир ва љахони мусбат тасвир мешавад. Вале соли вафодор ба Муродалии Љаббор бевафои кард.

Рузи панљуми Наруз – 25 март ба Иттифоки нависандагони Тољикистон омадам. Дар даромадгох Нависандаи Халкии Тољикистон Абдулхамиди Самадро вохурдам. Андомаш гирифтаю махзун, нигохаш изтиробе дошт.  Китфонаш гуё нишаста метофтанд. Аз чи ин кадар хастаю маъюсу махзун аст? Дилам гувохие медод, ки бегап нест. Љахд кардам ба чашмонаш дида дузам, аз нигохаш рози дилашро бихонам. Суолаш бидихам, посухаш бишнавам, љуръат накардам. Хиљолатзада сар ба зер афкандам. Абдулхамиди Самад зиёд тааммул карда, нихоят бо афсуси дардолуд канда-канда хабари марги нависанда Муродалии Љабборро расонд. Таконе хурдам, нидои “Чи хел?!” дар дилам гирех хурд.

– Бандаги, – бо садои хеле махзун гуфт Абдулхамиди Самад.

Каме сукут карду сипас думболи суханашро таъкиб кард:

– Бетоб буд, чанд бор гуфтам, ки худатро дурусттар табобат кун…

“Худоё, ин чи такдир аст? Худоё, у дар наздат чи гунох кард? Ин чи анљомест дар огози аруси сол? Ин анљомро чи бошад саранљом? Чи?!”

Гаму андух ба љону дилам панља мезанад. Мисли афсуншуда ба Абдулхамиди Самад менигаристам.

– Хозир Мехмон Бахти расида меояд, – гуфт у. – Якљоя ба љаноза меравем.

Баъд харду дар холати хастагию бехуди менишастем. Сукут доман густурд. Як, ду, се дакика… танхо садои насими бахори шунида мешуд.

Андешае, ки чаро марг ин кадар берахм аст, даври сарам чарх мезад. Аљибтар аз хама он, ки фикрхои дигаре магзамро ба коми оташ меафканд. Чаро Худои бахшояндаю мехрубон љони одамони бадрафтору бадкирдорро намегирад?! Барои чи?! Чаро?! Охир, чаро?!

Одамони бадкирдорро Муродали чашми дидан надошт ва симояшонро дар асархояш фош мекард. Вай онхоро “обкаду” номида, љахд мекард дар тасвироташ симову сирати ин тоифа одамонро ба љомиа муаррифи кунад. Вокеан мушохида ва накши каламаш ба хадаф хам мерасиданд. Ин сатрхои хикояи “Бархурд” ба ёдам меояд: “…Ин одамакхо гайри хори сари рох будан дигар чизе буда наметавонанд. Ба сони хорбунанд, ки пойхоро хуншор намуда ба решаи љон гуё каланфур мегузоранд. Садди рох мешаванд. Башарро махз хамин тоифа ба љари мекашанд. Бехабар аз он ки мамот ба гиребони худи онхо панља задааст. Бадбахти афшурдаи фикри онхост. Чехраашон нури азалиро аз даст дода. Акнун чи гуна метавонанд аз руи хеш бифахранд. Охир, сиёхихои дунё сиккаю сумоташонро манфур сохта. Манфу-у-ур!!… Ман онхор чашми дидан надорам. Зеро онхо мукаддастарин чиз-суханро хор доштаанд. Онхо захмати эљодро чи медонанд? Ин обкадухоро ба маснади худашон нишондан лозим аст! Марду-у-ум, бархезед!!!…”

То дехаи Учкул хар се хомуш будем. Хар кадоме дар осмони хаёли сангини худ парвоз мекардем.

Рост ба масљиди деха рафтем. Ин љо бахор мотам дошт. Замину осмон ба нола омада. Оре:

Дасти гулчини фалак гарчи хама ягмо буд,

Лек ин бор гуле чид, ки бехамто буд.

– Хамаги 33 сол дошт, – бо таассуф гуфт касе. – Љояш бихишт аст.

Аз чор фариштаи мукарраб – хазрати Љабраил, хазрати Мекоил, хазрати Исрофил ва хазрати Азроил яке хазрати Исрофил фариштаест, ки сури исрофили менавозад ва киёмат коим омада, тамоми рафтагон ба по мехезанд, сазову љазо огоз меёбад, рафтагон кисмат мешаванд – ба бихиштиёну дузахиён. Ба бихишт равандагон хама 33-сола мешаванду либоси духтаи Хазрати Идрис пайгамбар барояшон хадя мегардад.

Маросими љаноза огоз меёбад. Менишинам ва сар ба зер меафканам. Ин дам чашмам ба муре меафтад. Мур бекарор пасу пеш мехазид. Чун барк хикояи “Хавас”-и Муродали ба ёдам меояд.

“Муреро дидам миёни сафха якпахлу мехобид. Забуну сокиту бепарво. Гуё ба шарру шури дунё коре надорад. На шохахои рахбарияш меларзид, на бекарор пасу пеш метохт. Дидаму дилам фишор хурд. Каљпахлу зада хобиданаш маро ба анбухи хиёл афканд. Аз умри фаноёфтааш андеша кардам: Оё рисолати хастиашро анљом дод? Ё хануз…?”.

Салоти љаноза поён ёфту тобутро бардоштанд. Оне ки бори адабиёт, маънавиёти одамон, бори гаму дарди мардум мекашид холо бори тобут шуда ва ин тахти равон бар души мардум лапидан дошт. Ногох чашмам ба дарахти себ меафтад. Он гарки гул буд. Дар чашми сабзи бахор сарфарози мекард. Зи љабинаш офтоби Ховар буса мезад. Ва бо ноз-нози хаваси нигохи оламро меовард.

“Худоё, чи зебо шукуфтааст себ!”

Ман Муродалии Љабборро хангоми гули себ аз хикояи “Фарёди нигох” шинохтаву дарёфта будам. Акнун бо фарёди дил ба рохи ахират гусел мекардам. Андухам таб дошт ва хаёлам, ки ин таб дар вуљуди себи шукуфон низ афтида буд.

Меларзид…

Сукут себи гарки гулро эхё месозад. Дар оинаи нигох пардаи харир мекашад. Хотирахоро ба шуру тугён меояд. Муродали тарбиятгирифтаву таълимдидаи мактаби мактаби миёнаи №71 нохияи Рудаки ва Донишгохи омузгории Тољикистон ба номи К. Ш. Љураев буд. Мавсуф як муддат омузгори мактаби миёна буд ва хамзамон чун нависанда ба камол мерасид. Завки эљоди боис мешавад, ки у касби омузгориро тарк намуда, ба олами эљод пайвандад. Фаъолияти у дар идораи адабиёт ва хунари Радиои Тољикистон ба корхои эљодиаш мусоидат мекарданд.

Як силсила хикоя ва новеллахои Муродалии Љаббор дар маљаллаю рузномахои “Садои Шарк”, “Фарханг”, “Адабиёт ва санъат”, “Садои мардум” ба табъ расиданд ва аз тарафи хонандагон хеле гарм пазируфта шуданд. Ман уро хангоми гули себ аз хикояи “Фарёди нигох” шинохтаву дарёфтам. Ва пай бурдам, ки у аз руи хавою хавас не, балки хеле љидди, бо рангхову ормонхо калам ба даст гирифта, ба љодаи адабиёт кадам гузоштааст.

Хикояхои Муродалии Љаббор љихатхои љолиби диккат доранд. Пеш аз хама мавзухо тоза буда, таклидкори ба назар намерасад. Аз тарафи дигар онхо кутох, пухтаю рехта ва тару тоза мебошанд. Забон ва тарзи баён равон ва ширадоранд.

Хеле мухим аст, ки Муродалии Љаббор на танхо ба тасвири манзараю образхои зинда, балки ба нигориши љузъхои характери инсони низ муваффак гардидааст. Хусни маънавии талоши кахрамонхои асархояш аз охангу равиши якнавохт ори буда, дорои лутфу зарофати хаётдустона мебошанд. Ин сифати нављуёна хатто дар хикояхои кариб фољиавии у бараъло эхсос мешавад. Чунин намуди тасвир хонандаро рухбаланд намуда, ба рохи зебоию имонљуи хидоят мекунад. Чуноне ки нависандаи шинохтаи тољик Љонибек Акобир менависад: “… моро бо љахон ва инсон аз нигохи савобљуёна ва ормонхезе ошно карданист, ки дар кучактарин љузъиёт ва рафтору гуфтори кахрамонони вай эхсос мешавад”.

Китоби нахустинаш бо номи “Гушахои сабзи биёбон” соли 2004 ба дасти хонанда расид ва Муродалии Љабборро чун нависанда ба ахли фарханг муаррифи кард. Тавре Љонибек Акобир менависад: “Гушахои сабзи биёбон” як чаманаки сабзу рангин, пурнакхату дардомезу яъсолуди љахони ормону андешахои Муродалист, ки инак ба намоиши назархои мухталиф гузошта мешавад”.

Љонибеки Акобир боз менависад:

“Агар як умри мадид захмату љустуљу, талошу калавиш, азобу махрумиятхои фитриву инфироди ва гайра дар адабиёт хушбахти бошад, пас чунин рохро интихоб кардан ва боифтихор паймудан сарнавишт будагист.

Сарнавишти зистан дар адабиёт…”.

Бале, Муродалии Љаббор хамин рохи талошу азобро интихоб карда буд. Дар ин рох пеш аз хама љуръат лозим аст, ки онро у доро буд. Љонибеки Акобир менависад: “Хамин љуръат доштани Муродали барои ман хушоянд аст, зеро махз хамин љуръатмандии шахси адиб метавонад мамониат ва саддхои рухиву эљодиро барои вай бартараф созад ё ошкору хамвор кунад”.

Баъзехо мегуфтанд: “Аљаб љавонест. Бемор асту захмат мекашад, худашро ранљ медихад”. Бале, у мариз буд, вале шиква намекард, шукр мегуфт, табассуми ширин менамуд ва шабу руз аз паи эљод буд. Ин буд, ки руз ба руз хунараш сайкал меёфт, такомул мекард, каламаш буррову андешааш гиро ва афкораш дар хусуси одаму олам амиктару фарохтар мегашт. Ин кушишхои уро ман хамаруза эхсос мекардам ва дар эљодиёташ дучор меомадам.

Ин буд, ки бахори соли 2005, айни гули себ, бе ягон дудилаги ман уро ба узвияти Иттифоки нависандагони Тољикистон тавсия додам.

Эљодиёти у дар машварати адибони љавон, ки аз 14 то 16 июни соли 2005 барпо гашт, дар баробари адибони љавон Матлуба Ёрмирзоева, Гулноз, Нуралии Нурзод, Зебои Хатлони, Алишери Мухаммади, Карим Хайдар хеле бахои баланд гирифт. Ва 2 сентябри хамон сол ба узвияти Иттифоки нависандагони Тољикистон пазируфта шуд.

Мохи декабр китоби дуввуми худ “Дурахши сароб”-ро “бо таманнои сихатмандию осудахоли” ба ман такдим намуд. Китоб киссаи “Дурахши сароб” ва панљ хикояро дар бар мегирад. Асари “Дурахши сароб” киссаи бархурдхо, таззодхо ва нафасхои пургирехи зиндагии имрузи мост. Силсилаи хикояхо бошад, розхои диданиест, ки бо риштахои хафтранги хаёли Муродалии Љаббор бофта шудааст.

Муродали хеле самими буду замини. Ба одамон неки мекард ва нек зистанро меомухт. Вай зебо зистанро зербинои хувияти инсонии худ мешуморид. Ва ба он содик буд. Зеро масъулиятро мешинохт ва хам ба љо меовард. Аз чопи хар як китоб бисёр хурсанд мешуд ва барои таргиби он захмат мекашид. Хар як барномаи “Ру ба хуршед”-ро бо хисси масъулияти баланд омодаву пахш менамуд. Ман инро хангоми дар бораи “Осоиш” ном китоби ман мусохиба тайёр кардани у бараъло эхсос кардам. Аз ин хеле шод гаштам.

Дар осмон шамси зарринтоб саховатмандона шуълапоши мекард. Вале нурхои навозишгари онро эхсос намекардам. Пеши худ мегуфтам: “Чи гами бузург аст марги фарзанд!” Аммо чи илољ, мо дар назди ин чарх бечораем. Танхо нолида мегуем: “Эй чарх, љавонмардонро љавонмарг макун!”

Боз суолхо маро домангир шуданд: “Ин чи анљомест дар огози аруси сол? Ин анљомро чи бошад саранљом? Чи?!”

Ва ман дармеёбам, ки у дидаи сарро пушид, вале дидаи дилро эхё намуд. Ба кавли худи Муродали: “Бале, зиндагие дигар дар паси ин зиндаги!”

28 марти соли 2006

Муаллиф: Шерали Муссо

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …