Главная / Илм / ВАКСИНОТЕРАПИЯ

ВАКСИНОТЕРАПИЯ

vaksinoterapiyaВАКСИНОТЕРАПИЯ, усули муоличаи беморихои сирояти тавассути ваксинахо. Дар мавриди В. неруи мухофизии организм таквият меёбад.
Ваксинахо чараёни ташаккули подтанхо ва фагоситозро метезонанд, савияи иммуноглобулин ва ферментхоро баланд мебардоранд. Истифодаи ваксинахо хусусан хангоми бемории музмини бардавом муфид аст. Бо максади В. аз штаммхои бечони микроорганизмхо ва подгунхои чудогона (vi-подгунхо) истифода мекунанд. Солхои охир барои муоличаи исхоли хунин баъзан ваксинаи зинда кор фармуда мешавад. Хусусан аутоваксинахо (ваксинахое, ки аз штамми ангезандаи худи мариз чудо карда шудаанд) самарабахш мебошанд.
В.-ро метавон дар мавриди брутселлёз (ба варид, дарун ва зери пуст, дохили мушак), исхоли хунин (зери пуст, аз дахон), туляремия (зери пуст), сурфакабудак (зери пуст), домана (зери пуст), сироятхои стафилококки ва стерптококки истифода кард. В., одатан, якчоя бо диг. намудхои табобат (мас., муолича бо антибиотикхо) гузаронида мешавад.
Хангоми В. мумкин аксуламалхои гуногун рух намоянд. Бисёр вакт харорат баланд шуда, табларза, дарди устухону мушакхо, сардард, бахоли ба вучуд меояд. Дар аснои истифодаи ваксинахо барои табобати исхоли хунин, дарди рудахо авч гирифта, начосат якчоя бо хун меояд. Ба мушохида нарасидани чунин аксуламал далели бесамар будани табобат аст.
В. зери назорати духтур сурат мегирад. Хангоми бемори силсилаи дилу рагхо, гурда, чигар истифодаи В. чоиз нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …