Главная / Чамъият / Ухдадории корфармо вобаста ба чамъовари, коркард ва хифзи маълумотхои шахсии корманд

Ухдадории корфармо вобаста ба чамъовари, коркард ва хифзи маълумотхои шахсии корманд

Моддаи 57-и Кодекси Мехнат. Ухдадории корфармо вобаста ба чамъовари, коркард ва хифзи маълумотхои шахсии корманд

  1. Корфармо ухдадор аст:

– чамъовари, коркард ва хифзи маълумотхои шахсии кормандро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин намояд;

– бо максади таъмини риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, мусоидат барои ба кор таъмин намудан, омузиш ва пешрави дар кор, таъмини амнияти шахси, чамъовари, коркард ва хифзи маълумотхои шахсии кормандро амали намояд;

– хангоми муайян намудани хачм ва мазмуни маълумотхои шахсии корманд талаботи Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро ба рохбари гирад;

– маълумотхои шахсии аз чониби корманд шахсан ё аз чониби макомоти ваколатдори давлати пешниходшударо бо огохкунии пешаки ва гирифтани розигии у коркард намояд;

– бо талаби корманд тагйирот ва иловахоро ба маълумотхои шахсии корманд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ворид намояд;

– тартиби нигохдории маълумотхои шахсии кормандро бо риояи талаботхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин намояд;

– тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон ба санадхои корфармо шинос намудани кормандро таъмин намояд;

– бе розигии хаттии корманд дар бораи маълумотхои шахсии у ба шахсони сеюм хабар надихад, ба гайр аз холатхое ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд;

– дастрасиро ба маълумотхои шахсии корманд танхо ба шахсони барои ин кор ваколатдор ичозат дихад. Дар чунин холат шахсони мазкур хукуки гирифтани танхо хамон маълумотхои шахсии кормандро доранд, ки барои ичрои амалхои мушаххас ва бо риояи речаи махфи заруранд;

– пахнкунии маълумотхои шахсии кормандро дар худуди ташкилот тибки талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали намояд;

– шахсонеро, ки ба онхо ичозати дастраси ба маълумотхои шахсии корманд дода шудааст, дар бораи чунин маълумотхоро бо риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода бурдан ва ба шахсони сеюм надодани онхо, ба гайр аз холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, огох намояд.

  1. Корфармо хукук надорад:

– аз корманд дар бораи акидахои сиёси, дини ва дигар акидахо, инчунин дар бораи хаёти шахсиаш маълумот талаб намояд;

– аз корманд дар бораи аъзоги ё фаъолияташ дар иттиходияхои чамъияти, аз чумла дар иттифокхои касаба, маълумот талаб намояд.

  1. Чамъовари, коркард ва хифзи маълумотхои шахсии корманд ба зиммаи рохбари ташкилот гузошта мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърхои ошики – Гулчини бехтарин

Шеъри ошики оиди духтари ношинос Ох, ин хат хати як чононест, Ёфтам ногахаш аз байни …