Главная / Чамъият / Ухдадорихои макомоти давлати

Ухдадорихои макомоти давлати

Моддаи 27-и Кодекси Андоз. Ухдадорихои макомоти давлати хангоми хамкори бо макомоти андоз

  1. Макомоте, ки бакайдгирии давлатии шахсони хукуки, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричиро, ба истиснои шахсони мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» ба кайд гирифташуда, амали менамоянд, ухдадоранд то санаи 15-уми мохе, ки баъди семохаи хисоботи фаро мерасад, ба макомоти андози махалли чойгиршавиашон оид ба шахсони хукукии ба кайд гирифташуда, аз нав ба кайд гирифташуда, азнавташкилдодашуда ё бархамхурда хабар диханд.
  2. Макомоте, ки ба шахсони вокеи ва хукуки ичозатнома, ичозат, шаходатнома ё дигар хуччатхои шабех медиханд, ухдадоранд ба макомоти дахлдори андози махалли чойгиршавиашон оид ба шахсоне, ки барояшон чунин хуччатхо дода шудааст, инчунин шахсоне, ки аз онхо хуччатхои мазкур бозхонда шудааст, гирифта шудааст ё мухлати амалашон ба охир расидааст, то санаи 15-уми мохе, ки баъди семохаи хисоботи фаро мерасад, хабар диханд.
  3. Макомоти корхои дохили вазифадоранд дар бораи аз чониби онхо ба шахрвандони Чумхурии Точикистон додани шиносномахои умумишахрванди, хоричи, аз чумла ба ивази шиносномахои гумшуда ё ин ки мухлати амалашон баохиррасида, инчунин бекоркардашуда ба макомоти андози махалли чойгиршавиашон то санаи 15-уми семохае, ки баъди мохи хисоботи фаро мерасад, хабар диханд.
  4. Макомоте, ки бакайдгирии (азнавбакайдгирии) хукук ба молу мулки гайриманкул ва (ё) воситахои наклиёти объекти андозбандибударо амали менамоянд, ухдадоранд дар бораи дар худуди тахти назораташон карордошта чойгир будани молу мулки гайриманкул ё воситахои наклиёти дар ин макомот ба кайд гирифташуда ва сохибони онхо ба макомоти андози махалли чойгиршавиашон то санаи 15-уми мохе, ки баъди семохаи хисоботи фаро мерасад, маълумот диханд.
  5. Макомоте, ки бахисобгири ва (ё) бакайдгирии истифодабарандагони захирахои табии, аз чумла бакайдгирии давлатии хукуки истифодаи заминро амали менамоянд, инчунин ба фаъолияти вобаста ба истифодаи ин захирахои табии ичозатнома медиханд, ухдадоранд дар бораи додани хукук барои чунин истифодабари ба макомоти андози махалли чойгиршавиашон хар семоха то санаи 15-уми мохе, ки баъди семохаи хисоботи фаро мерасад, хабар диханд.
  6. Макомоти гумрук вазифадоранд мунтазам бо тартиби мукарраршуда ба макомоти андоз маълумоти барои ичрои конунгузории андоз зарурии дар ихтиёрашон бударо пешниход намоянд.
  7. Ба макомоти андоз пешниход намудани маълумоте, ки дар кисмхои 1-6 хамин моддапешбини шудааст, бо мувофикаи тарафхо метавонад дар шакли электрони анчом дода шавад.
  8. Пешниход накардан ё сари вакт пешниход накардани маълумоти дар кисмхои 1-6 хамин моддапешбиншуда дар бораи объектхои андозбандишаванда ва (ё) объектхое, ки бо андозбанди алокаманд мебошанд, мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон боиси ба чавобгари кашида шудани шахсони мансабдори макомоти дахлдори давлати мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …