Главная / Ҷамъият / Ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ

Ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ

Моддаи 27-и Кодекси Андоз. Ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ҳангоми ҳамкорӣ бо мақомоти андоз

  1. Мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро, ба истиснои шахсони мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайд гирифташуда, амалӣ менамоянд, ўҳдадоранд то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба шахсони ҳуқуқии ба қайд гирифташуда, аз нав ба қайд гирифташуда, азнавташкилдодашуда ё барҳамхўрда хабар диҳанд.
  2. Мақомоте, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷозатнома, иҷозат, шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои шабеҳ медиҳанд, ўҳдадоранд ба мақомоти дахлдори андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба шахсоне, ки барояшон чунин ҳуҷҷатҳо дода шудааст, инчунин шахсоне, ки аз онҳо ҳуҷҷатҳои мазкур бозхонда шудааст, гирифта шудааст ё мўҳлати амалашон ба охир расидааст, то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, хабар диҳанд.
  3. Мақомоти корҳои дохилӣ вазифадоранд дар бораи аз ҷониби онҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ, хориҷӣ, аз ҷумла ба ивази шиносномаҳои гумшуда ё ин ки мўҳлати амалашон баохиррасида, инчунин бекоркардашуда ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон то санаи 15-уми семоҳае, ки баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, хабар диҳанд.
  4. Мақомоте, ки бақайдгирии (азнавбақайдгирии) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ва (ё) воситаҳои нақлиёти объекти андозбандибударо амалӣ менамоянд, ўҳдадоранд дар бораи дар ҳудуди таҳти назораташон қарордошта ҷойгир будани молу мулки ғайриманқул ё воситаҳои нақлиёти дар ин мақомот ба қайд гирифташуда ва соҳибони онҳо ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, маълумот диҳанд.
  5. Мақомоте, ки баҳисобгирӣ ва (ё) бақайдгирии истифодабарандагони захираҳои табиӣ, аз ҷумла бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи заминро амалӣ менамоянд, инчунин ба фаъолияти вобаста ба истифодаи ин захираҳои табиӣ иҷозатнома медиҳанд, ўҳдадоранд дар бораи додани ҳуқуқ барои чунин истифодабарӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, хабар диҳанд.
  6. Мақомоти гумрук вазифадоранд мунтазам бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти андоз маълумоти барои иҷрои қонунгузории андоз зарурии дар ихтиёрашон бударо пешниҳод намоянд.
  7. Ба мақомоти андоз пешниҳод намудани маълумоте, ки дар қисмҳои 1-6 ҳамин моддапешбинӣ шудааст, бо мувофиқаи тарафҳо метавонад дар шакли электронӣ анҷом дода шавад.
  8. Пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани маълумоти дар қисмҳои 1-6 ҳамин моддапешбиншуда дар бораи объектҳои андозбандишаванда ва (ё) объектҳое, ки бо андозбандӣ алоқаманд мебошанд, мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашида шудани шахсони мансабдори мақомоти дахлдори давлатӣ мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …