Главная / Чамъият / Туризм дар Точикистон (Саёхат) -КОНУНИ ЧТ

Туризм дар Точикистон (Саёхат) -КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТУРИЗМ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1999, № 9, мод. 228; соли 2005, №12, мод. 641; соли 2009, № 5, мод.337, соли 2012,№12 к1,мод.1016; КЧТ аз 28.12.13с., №1058)

rossiya-gornyiy-turizm

Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

Конуни мазкур асосхои хукуки, иктисоди, ичтимои, ташкили ва тартиби амали намудани фаъолияти туристиро дар худуди Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

       Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– туризм – шугле, ки низоми ташкили усулхои гузаронидани истирохатро бо максадхои солимгардони, шиносои, зиёрат (ба истиснои хач), тичорати, варзиши, касбию хизмати ва дигар максадхо тавассути саёхат (тур) ва будубоши муваккатии берун аз худуди чои истикомати доими ба рох мемонад; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

-туризми дохили – ташкили саёхат (тур) дар каламрави Чумхурии Точикистон барои шахсоне, ки дар Чумхурии Точикистон истикомати доими доранд;

-туризми сайёр – ташкили саёхат (тур) ба дигар кишвархо барои шахсоне, ки дар Чумхурии Точикистон истикомати доими доранд;

-туризми ташрифи – ташкили саёхат (тур) дар каламрави Чумхурии Точикистон барои шахсоне, ки дар Чумхурии Точикистон истикомати доими надоранд;

-туризми ичтимоисаёхате (туре), ки аз хисоби маблагхои аз тарафи давлат барои эхтиёчоти ичтимои чудогардида, пардохта мешавад;

-туризми худфаъолиятисаёхат (тур) бо истифодаи воситахои фаъоли хамлу накл, ки саёхон мустакилона ташкил мекунанд;

-туризми варзишию кухгарди – намуди истирохати фаъоле, ки ба ташкили хатсайрхои пиёдагард дар шароити кухсор алокаманд аст;

-кухнаварди (алпинизм) – намуди гайриоддии туризм, ки бо баромадан ба куллахои кухи алокаманд аст;

– турист – шахрванд, истифодабарандаи хизматрасонии туристи, ки аз чои истикомати доими ба кишвари (макони) дигари муваккати ба максади солимгардони, шиносои, зиёрат (ба истиснои хач), тичорат, варзиш ва дигар максадхои вобаста ба саёхат сафар мекунад; (КЧТ аз 19.05.09, №530)

-саёхат (тур) – сафари туристи бо хатсайрхои муайян дар мухлатхои муайян бо таъмини мачмуи хизматрасонихо оид ба чобачокуни, хамлу накл, озука, хизматрасонихои экскурсиони, инчунин хизмати рохбаладону тарчумонхо ва дигар хизматрасонихо, ки вобаста ба максади саёхат дар мавриди таъмини кафолати амнияти онхо, химоя ва хифзи тандурустии туристон пешниход карда мешаванд;

– махсулоти туристи – мачмуи хизматрасонихои туристи, ки бо назардошти вазъи бозори туристи бахри конеъ гардонидани талаботи турист дар асоси шартнома дастрас мебошанд; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

-фаъолияти танзими туризм – фаъолият оид ба ташаккул, пешбурд ва фуруши махсулоти туристи, ки дар асоси ичозатнома аз чониби шахсони вокеи ё хукуки (минбаъд – танзимгари туризм) амали карда мешавад;

-фаъолияти агентии туризм – фаъолият оид ба пешбурд ва фуруши махсулоти туристи, ки дар асоси ичозатнома аз чониби шахсони вокеи ё хукуки (минбаъд – агентии туристи) амали карда мешавад;

-Кадастри давлатии захирахои туристии Чумхурии Точикистон – номгуи объектхои табии ва таърихию фарханги, ки дастоварди миллии Чумхурии Точикистон мебошанд;

-саноати туристи – мачмуи мехмонхонахо ва дигар воситахои чойгиршави, наклиёт, муассисахои хуроки умуми, тамошо, шиносои, хизмати, солимгардони, варзиши ва воситахои таъиноти дигар, ташкилотхое, ки фаъолияти танзими туризм ва агентии туристиро амали месозанд;

-пешбурди махсулоти туристи – мачмуи тадбирхое, ки ба фуруши махсулоти туристи (реклама, иштирок дар намоишгоххои махсусгардонидашуда, ярмаркахо, ташкили марказхои иттилоотии туристи оид ба фуруши махсулоти туристи, нашри фехристхо, буклетхо ва г.) нигаронида шудаанд;

-захирахои туристи – мачмуи захирахои экологи, табиию иклими, фархангию таърихи ва солимгардони ва захирахои дигари истирохатию фарогати дар худуди Чумхурии Точикистон, ки ба конеъ гардонидани мачмуи талаботи гуногуни туристон мувофик мебошанд;

– квотаи туристи – махдудияти микдории ташриф ба объектхои туристию сайёхи ё хатсайрхо, ки ба таркиби захирахои туристии Чумхурии Точикистон дохил буда, бо зарурати нигохдори аз вайроншави ва дигар шартхои истифодаи он алокаманд мебошанд; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

-субъекти фаъолияти туристи – шахсони хукуки ва вокеи, аз он чумла шахсони вокеи ё хукукии хоричи, ё шахсони бе шахрванди, ки хизматрасонии туристиро мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход мекунанд;

– истирохат – баркарорсози ва инкишофи кувваи чисмонию маънавии инсон дар шароити табии тавассути дамгири, аз чумла туризм; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

– роххати туристи – хуччати инфиродии тасдиккунандаи хукук ба гирифтани хизматрасонихои сайёхи;

– шикори байналмилали – яке аз намудхои фаъолияти туристи, ки бо тартиб ва шартхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо иштироки шахрвандони хоричи аз чониби субъектони фаъолияти туристии дорои ичозатномаи дахлдор ташкил карда мешавад; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

– таъмини амнияти туристон – таъмини амнияти шахсии туристон, химояи молу мулки онхо, мачмуи тадбирхо оид ба пешгирии истифодаи туризм бо максади мухочирати гайриконуни ва транзит ба давлатхои сеюм, истисмори шахвони, мехнати ва дигар намудхои истисмори шахрвандон; (КЧТ аз 28.12.13с.,№158)

– хизматрасонии туристи – амали гардидани фаъолияти танзимгари туристи ё агенти туристи аз руи салохдиди худ ва ё талаботи аники дархосткунанда, ки барои таъмин ва баркароркунии кувваи чисмонии турист, нигохдории фаъолияти хаёти муътадил, баркароркунии робитахои кори, инчунин конеъ гардонидани талаботи маънави ва зехнии у равона шудааст. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи туризм

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи туризм ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (КЧТ аз 19.05.09, №530)

 

Моддаи 4. Истифодаи захирахои туристи

  1. Захирахои туристи, ки ахамияти милли ва байналмилалиро доранд, дастовардхои миллии Чумхурии Точикистон ба хисоб мераванд. Барои бакайдгири ва истифодаи онхо Кадастри давлатии захирахои туристи тартиб дода шуда, барои тамошои онхо квота мукаррар мешавад. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)
  2. Истифодаи ройгон ва беподоши захирахои туристи, ки ба Кадастри давлатии захирахои туристии Чумхурии Точикистон дохил шудаанд, манъ аст. (КЧТ аз 19.05.09, №530)

 

Моддаи 5. Максад, самтхо ва роххои танзими давлатии фаъолияти туристи

  1. Максадхои асосии танзими давлатии фаъолияти туристи инхо мебошанд:

– таъмини хукуки шахрвандон ба истирохат, харакати озод ва дигар хукукхо дар мавриди саёхат (тур);

– хифзи мухити зист;

– муайян намудани номгуи харсолаи объектхои табии, таърихию фарханги, аз он чумла худудхои табии махсус мухофизатшаванда, ки тамошои онхо дар асоси квота мукаррар карда мешавад;

– ривоч додани саноати туристи, хамчун таъминкунандаи талаботи шахрвандон хангоми саёхат (тур);

– ривоч додани робитахои байналмилали дар сохаи туризм;

– истифодаи окилонаи дастовардхои табии ва фарханги.

  1. Самтхои афзалиятноки танзими давлатии фаъолияти туристи дастгири ва инкишофи туризми дохили, воридоти, ичтимои ва худфаъолияти мебошанд. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)
  2. Танзими давлатии фаъолияти туристи бо роххои зайл амали гардонида мешавад:

тахияи санадхои меъёрии хукуки, ки ба ташаккули муносибатхо дар сохаи саноати туристи равона карда шудаанд; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

-химояи хукук ва манфиатхои давлат дар сохаи туризм; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

-химояи хукук ва манфиатхои туристон, таъмини амнияти онхо; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

-мукаррар намудани тартиби стандартони, сертификатсия ва ичозатномадихи дар сохаи туризм;

-хавасмандкунии маблаггузории милли ва хоричи барои инкишофи фаъолияти туристи;

– фарохам овардани имкониятхои баробар барои субъектхои фаъолияти сохибкори, новобаста аз шакли ташкилию хукуки, дар бозори хизматрасонии туристи, дастгирии инкишофи ракобат, таъмини риояи конунгузори дар сохаи мазкур; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

-вусъат додани хамкори бо мамлакатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали, иштирок дар барномахои байналмилалии туризм, тахия ва бастани шартномахои байналмилалии дутарафа ва бисёртарафа дар сохаи туризм ва муайян кардани тартиби амали намудани онхо. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 6. Намудхои асосии фаъолияти туристи

Намудхои асосии фаъолият дар сохаи туризм инхо мебошанд:

– ташкили кабул ва хизматрасони дар чахорчубаи маърифати, экологи, туризми варзишию кухи, кухнаварди, шикори байналмилали, фиристодани туристон ба хорича ба максади истирохат, тахсил, муолича, зиёрати дини ва тичорат;

– ташкили чорабинихои оммавии туристи-тандурусти, шавковар, махсус гардонидашуда ва дигар чорабинихо, ки бо туризм алокаманданд. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 7. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи туризм

Ба салохияти Хукумати Чумхури Точикистон дар сохаи туризм дохил мешаванд:

– муайян намудани сиёсати давлати дар сохаи туризм; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи туризм; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

– кабули санадхои меъёриву хукукие, ки фаъолияти туристиро дар худуди Чумхурии Точикистон мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон танзим менамоянд;

– мукаррар намудани тартиби воридоту содироти хизматрасонии туристи;

бастани созишномахои байнихукумати дар сохаи туризм ва муайян намудани тартиби тадбики онхо: (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

– тасдики барномахои давлатии инкишофи туризм, ки ба такмили саноати туристи равона шудаанд, иштирок дар ичрои барномахои байналмилали;

– мукаррар намудани тартиби истифодаи захирахои туристи бо максади туризм ва чуброни зарархои ба онхо расонидашуда; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

– муайян намудани тартиби сертификатсияи махсулоти туристи, молхо ва хизматрасонии субъектхои фаъолияти туристи;

– фарохам овардани шароит барои чалби сармоя ба сохаи туризм;

– ташкили низоми давлатии тайёр намудани мутахассисони сохаи туризм ва таъминоти илмии сохаи туризм; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

– муайян намудани тарифхои ягона барои баромадан ба куллахои кухи, пардохти начоти кухи, бочи экологи;

– халли дигар масъалахое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба салохияти он вобастаанд.

 

Моддаи 8. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи туризм ва ваколатхои он

  1. Сиёсати давлати ва хамохангсозии фаъолияти туристиро дар Чумхурии Точикистон макоми ваколатдори давлати сохаи туризм ба амал мебарорад.
  2. Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи туризм дар Чумхурии Точикистон дохил мешаванд:

– амали намудани барномаи давлатии туризм дар Точикистон, таъмини ичрои шартномахо ва созишномахои байналмилали дар сохаи туризм;

–  намояндагии манфиатхои Чумхурии Точикистон дар ташкилотхои байналмилалии туристи;

–  тахияи меъёрхо ва муайян кардани стандартхои давлатии хизматрасонии туристон дар чумхури;

–  хамохангсозии фаъолият ва рохбарии меъёрию методи ба субъектхои фаъолияти туристи;

–  рохбари ба намояндагихои дар хорича будаи худ;

–  бо тартиби мукарраршуда амали намудани ичозатномадихи ба фаъолияти туристи;

– мукаррар намудани квотаи туристии мутаносибан баробар дар байни субъектхои фаъолияти туристи барои тамошои объектхои туристию экскурсиони, ки бинобар зарурияти мухофизати онхо аз вайроншави ба Кадастри давлатии захирахои туристии Чумхурии Точикистон ворид карда шудаанд;

–  назорат аз руи сифати хизматрасонии туристии пешниходшаванда ва ичрои шартхои ичозатномадихи ва сертификатсия дар сохаи туризм; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

амали намудани интихоб, тайёр кардан ва чобачогузории кадрхо (ба гайр аз субъектхои фаъолияти туристии гайридавлати), гузаронидани корхои илмию тадкикоти дар сохаи туризм ва ташкили Кадастри давлатии захирахои туристи;

– робитахо ва хамкорихои мутакобила бо созмонхои чамъиятии сохаи туризм;

– амали намудани дигар ваколатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 9. Ичозатномадихии фаъолияти туристи ва сертификатсияи махсулот ва хизматрасонии туристи

Ичозатномадихии фаъолияти туристи мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад. Сертификатсияи махсулот ва хизматрасонии туристиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 10. Сугуртакуни хангоми ичрои фаъолияти туристи

  1. Дар холате, агар конунгузории кишвари (макони) будубоши муваккати талаботи кафолати пардохти ёрии тиббиро ба шахсоне, ки дар худуди он муваккатан икомат доранд мукаррар намуда бошад, танзимгари (агенти) туристи вазифадор аст, чунин кафолатхоро пешниход намояд. Сугуртакунии туристи дар мавриди бемории тасодуфи ва ходисахои нохуш, шакли асосии додани чунин кафолатхо мебошад. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)
  2. Бо талаби турист танзимгари (агенти) туристи барои пешниходи хизматрасонихо оид ба сугуртакунии дигар хатархои ба саёхат (тур) вобастабуда мусоидат менамояд. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)
  3. Сугуртаи хатархо дар туризм, ки бо хавфи зиёд ба хаёту саломатии туристон алокаманд буда, харочоти зиёдро барои начотдихи талаб мекунанд, аз тарафи субъекти фаъолияти туристи бо ризоияти туристон амали мегардад. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)
  4. Сугуртаи дигар хатархо ихтиёри буда, аз чониби туристон ба таври мустакилона ё тавассути субъектхои фаъолияти туристи амали карда мешавад.
  5. Туристони махалли ва хоричие, ки ба намудхои гайриоддии (экстремалии) туризм машгул мешаванд, бояд дорои полиси сугуртавии дарачаи байналмилали бошанд. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 11. Хукук ва ухдадорихои субъектхои фаъолияти туристи

  1. Хукукхои субъектхои фаъолияти туристи мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд..
  2. Субъектхои фаъолияти туристи, ки дар Чумхурии Точикистон вокеанд, вазифадоранд:

– барои хукуки машгул будан ба фаъолияти туристи дар худуди Чумхурии Точикистон ичозатнома, инчунин сертификати мутобикат ба махсулот ва хизматрасонии туристии пешниходшаванда дошта бошанд;

– оид ба хизматрасони ба туристон бо тартиби мукарраргардида хисоботи хуччати пеш баранд;

–  ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи туризм тибки намунахои мукарраршуда маълумот ва хисобот , аз чумла дар хусуси бахисобгирии дакики ба Чумхурии Точикистон баргаштани туристони ба хорича рафтаро пешниход намоянд; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922). (КЧТ аз 28.12.13с., №1058)

–  ба турист оид ба ташкил ва гузаронидани саёхат (тур) маълумоти пурра ва дакик дода, ба турист барои хизматрасонихо мутобики маълумоти пешниходшуда роххати туристии намунаи ягона фурушанд;

амнияти туристон ва нигохдории молу мулки онхо, мухайё намудани шароити амният барои фаъолияти туристи, омузонидани коидахои амният, расонидани ёрии таъчилиро ба туристон таъмин намуда, барои зарари ба туристон расонидашуда бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгар мебошанд; (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

масъалахои ба эхёи индустрияи туристи (сохтмони мехмонхонахо, базахои туристи, кемпингхо, марказхои истирохати ва г.) вобастаро бо макоми ваколатдори давлати мувофика кунанд;

– субъекти фаъолияти туристи хангоми ташкил ва амали сохтани саёхат (тур), дар назди муштари, чи барои амали худ ва чи барои амали шарикони хеш оид ба ташкили саёхат (пешниходи хизматрасонии чойгиркуни, озука, наклиёт ва дигар хизматрасоние, ки дар барномаи сафар ворид гардида, дар роххат зикр шудаанд) ва фуруши он чавобгар мебошад. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 12. Рохбари гурухи туристи

  1. Рохбари гурухи туристи дар рафти саёхат (тур) ва мухлати сафар дар сафари туристии гурухи туристи намояндаи расмии субъекти фаъолияти туристи мебошад. Рохбари гурухи туристи аз чониби субъекти фаъолияти туристи дар асоси шаходатномаи тахассуси, ки бо тартиби муайянкардаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи туризм дода мешавад, таъин мегардад.
  2. ухдадорихои рохбари гурухи туристиро субъекти фаъолияти туристи муайян мекунад. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 13.Шартнома, роххат ба саёхат (тур) ва хизматрасонихои туристи

  1. Субъектхои фаъолияти туристи хангоми ташкили сафари туристи ба турист роххати намунаи ягонаро бо имзои шахси масъул, ки бо мухри корхонаи мазкур (субъект) тасдик карда шудааст, ба расмият дароварда, медиханд. Шартнома дар холате басташуда хисобида мешавад, ки агар корхонаи туристи роххат дода бошад ва муштари пардохти дахлдорро мувофики шартхои шартнома (карордод) супурда бошад.
  2. Субъекти фаъолияти туристи бе чуброни зарар шартномаро бекор карда метавонад, ба шарте ки далели бекор кардан, хангоми мавчудияти холатхои рафънопазири ба иродаи у вобастанабуда ва ба амалишавии саёхат (тур) ё пешниходи хизматрасони монеъшаванда, ба иттилои турист шахсан на дертар аз 15 руз то санаи огози сафар расонида шуда бошад. Дар ин холат хамаи маблаге, ки каблан хамчун пешпардохт гирифта шудааст, ба турист баргардонида мешавад.(КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 14. Роххат

  1. Туристон барои саёхат (тур) кардан роххати намунавиро, ки бастани шартномаро ба саёхат тасдик мекунад, бо имзои шахси дахлдор ва мухри тасдиккардаи фурушанда мегиранд. Пойгири (корешоки) роххат дар фурушандаи саёхат боки мемонад.

Роххат бояд маълумоти зеринро дар бар гирад: (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

– ном, сурога, тамгаи тичоратии ташкилоти туристи, дар фурушанда мавчуд будани ичозатнома, ракам ва санаи дода шудани он;

– насаб, ном ва номи падари турист, ки роххат гирифтааст, раками шиносномаи хоричи, агар роххат номи бошад;

– тасниф ва стандартхои тамоми хизматрасонихо бо дарназардошти чойгиркуни, озука, наклиёт ва дигар хизматрасонихо, ки ба арзиш ворид карда шудаанд, инчунин мавчудияти шартхои сугурта;

– арзиши умумии саёхат (тур) ва шартхои пардохти он аз чониби муштари (пешпардохти пурра, кисман, аванс, тибки далели хизматрасонии дастрасшуда);

– тавсифи шароит ва вазъият, ки дар мавриди онхо турист аз сафар даст кашида метавонад (бе чуброни зарар, кисман чуброн кардани зарар ба ташкилкунандаи саёхат (тур);

– тавсифи шакл ва хачми чуброн ба турист барои вайрон кардани шартхои сафари у, ки дар роххат нишон дода шудаанд ва бо айби субъектхои фаъолияти туристи, ки саёхат ва хизматрасониро ташкил кардаанд, рох дода шудаанд;

– дигар шартхо тибки мувофикаи байни муштари ва ташкилкунандаи саёхат (тур). (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 15. Роххати гурухи

  1. Хангоми сафар дар хайати гурухи туристи, ба рохбари гурухи туристи роххати умуми дода мешавад.
  2. Роххати умуми бояд маълумоти дар моддахои 13 ва 14  Конуни мазкур зикргардидаро дошта бошад.
  3. Дар роххати умуми маълумот дар бораи рохбар ва хайати микдории гурух, навишта мешавад.
  4. Маълумот дар бораи аъзои гурух дар замима (руйхат), ки кисми чудонашавандаи роххати умуми мебошад, дода мешавад. Хукуку ухдадори ва чавобгарии рохбари гурухи туристи бо шартномаи байни у ва субъекти фаъолияти туристи муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 16. Хукуку ухдадорихои туристон

  1. Хукукхои туристон дар худуди Чумхурии Точикистон тибки Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)
  2. Туристон ухдадоранд: (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

– конунгузории Чумхурии Точикистонро риоя намоянд, ба низоми сиёсию ичтимоии давлати, суннат, урфу одат, эътикоди динию мазхаби ва тарзи зиндагии ахолии махалли эхтиром гузоранд;

– нисбат ба мухити зист, ёдгорихои мероси таърихию фарханги, чойхои мукаддас ва осори дигаре, ки тахти химояи махсуси давлат карор доранд, бо эхтиёт муносибат намоянд;

– коидахои дохил шудан ба Чумхурии Точикистон ва хорич шудан аз худуди онро риоя намоянд;

– шартхои карордодхо оид ба хизматрасонии туристиро риоя намоянд;

– зарар ва харочоти аз тарафи турист дар давраи саёхат ба ташкилоти туристии кабулкарда ё фиристода расонидаро пурра чуброн намоянд;

– зарари ба шахсони сеюм дар давраи саёхат (тур) расонидашударо чуброн намоянд;

– коидахои амнияти шахсиро хангоми саёхат(тур) риоя намоянд. (КЧТ аз 19.05.09, №530)

 

Моддаи 17. Хукук ва ухдадорихои шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки хамчун турист берун аз каламрави Точикистон сафар менамоянд

  1. Хукук ва ухдадорихои шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки хамчун турист берун аз каламрави Точикистон сафар менамоянд, бо конунхои кишвари будубош танзим карда мешаванд.
  2. Турист ухдадор аст мухлатхои мукарраргардидаи будубошро дар кишваре, ки дар роххат зикр гардидаанд, риоя намояд.

 

Моддаи 171. Таъмини амнияти туристон

  1. Таъмини амнияти туристони хоричи дар каламрави Чумхурии Точикистон аз чониби Точикистон кафолат дода мешавад. Чумхурии Точикистон ба туристон-шахрвандони Точикистон, ки берун аз каламрави Чумхурии Точикистон кapopдоранд, химоя ва пуштибониро кафолат медихад.
  2. Макомоти корхои хоричи ухдадоранд оид ба хатархои эхтимоли, ки ба туристон дар давлати будубоши муваккати тахдид доранд, ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи туризм маълумот диханд. Дар навбати худ макоми ваколатдори давлати дар сохаи туризм ухдадор аст туристон ва субъектони фаъолияти туристиро оид ба ин хатархои эхтимоли  хабардор намояд.
  3. Субъекти фаъолияти туристи се руз пеш аз огози саёхат (тур) ба туристон дар шакли хатти маълумоти заруриро дар бораи тартиби ворид гаштан, берун рафтан ва истикомат дар давлати (чои) будубоши муваккати, дар бораи конунгузори, анъанахои мардуми махалли, маросимхои дини, мукаддасот, ёдгорихои таърихию фарханги, объектхои табии ва дигар объектхои намоишхои туристии тахти назорати махсус кapopдошта, пешниход менамоянд. Субъекти мазкур хамчунин ба туристон оид ба хатархое, ки мумкин аст дар вакти саёхат (тур) ба онхо дучор гарданд, иттилоъ медихад ва тадбирхои огохкунандаро, ки ба таъмини амнияти туристон равона шуда бошанд, татбик менамояд.  Субъекти фаъолияти туристи маълумотро дар бораи туристоне, ки аз хорича барнагаштаанд, дар мухлати се руз баъд аз ба охир расидани саёхат (тур) ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи туризм пешниход менамояд.
  4. Субъекти фаъолияти туристи оид ба ходисаи фавкулоддае, ки бо турист дар вакти саёхат (тур) рух додааст, макоми ваколатдори давлати дар сохаи туризм, макоми ваколатдори давлати оид ба холатхои фавкулодда, макомоти корхои хоричи ва оилаи туристро фавран огох менамояд. (КЧТ аз 28.12.13с., №1058)

 

Моддаи 18. Намояндагии макоми ваколатдори давлати дар сохаи туризм дар хорича

Намояндагии макоми ваколатдори давлати дар сохаи туризм дар хорича манфиатхои Чумхурии Точикистонро дар кишвархои дахлдор намояндаги намуда, дар доираи ваколатхои худ вазифахои оид ба рушди хамкори, инчунин мубодилаи иттилоот байни Чумхурии Точикистон ва дигар давлатхоро дар сохаи туризм ба рох мемонад. (КЧТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 19. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.(КЧТ аз 19.05.09, №530)

 

       Президенти

Чумхурии Точикистон                                                          Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  3 сентябри соли 1999

№824

 

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи туризм»

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1999, №9, мод. 229)

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи туризм» пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон:

– ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оиди ба Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи туризм» мувофик кунондани конунхои Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход намояд;

– карорхои худро ба Конуни мазкур мутобик намояд.

 

 

Раиси Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                         С. РАЧАБОВ

ш. Душанбе  3 сентябри соли 1999

№825

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …