Главная / Чамъият / Тартиби баррасии бахсхои мехнати дар комиссияи созиш

Тартиби баррасии бахсхои мехнати дар комиссияи созиш

Моддаи 203-и Кодекси Мехнат. Тартиби баррасии бахсхои мехнати дар комиссияи созиш

  1. Аризаи ба комиссияи созиш воридгардида аз чониби комиссияи мазкур хатман ба кайд гирифта мешавад.
  2. Комиссияи созиш ухдадор аст, бахсхои мехнатиро аз рузи ворид шудани ариза дар давоми 7 рузи таквими барраси намояд.
  3. Бахс дар хузури аризадиханда ё намояндаи ваколатдорнамудаи у барраси карда мешавад. Баррасии бахс дар гоибии корманд ё намояндаи у танхо дар асоси аризаи хаттии корманд ичозат дода мешавад. Дар мавриди хозир нашудани корманд ё намояндаи у ба чаласаи комиссияи мазкур, баррасии бахси мехнати мавкуф гузошта мешавад. Хангоми маротибаи дуюм бе сабабхои узрнок хозир нашудани корманд ё намояндаи у, комиссияи созиш метавонад дар бораи аз барраси гирифтани масъалаи бахси карор кабул намояд, ки он кормандро аз хукуки такроран пешниход намудани ариза дар бораи такроран барраси намудани бахси мехнати дар доираи мухлати мукарраркардаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон махрум карда наметавонад.
  4. Комиссияи созиш хукуки ба чаласа даъват кардани шохидон ва мутахассисонро дорад. Бо талаби комиссия рохбари ташкилот ухдадор аст, дар мухлати мукарраргардида хуччатхои заруриро пешниход намояд.
  5. Чаласаи комиссияи созиш дар сурате салохиятнок хисобида мешавад, ки агар дар он на кам аз нисфи намояндагони кормандон ва на кам аз нисфи намояндагони корфармо иштирок дошта бошанд.
  6. Дар чаласаи комиссияи созиш протокол тартиб дода мешавад, ки дар он котиб, раиси комиссия ё муовини у имзо мегузоранд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …