Главная / Чамъият / Тархи харочоти вобаста ба гирифтани даромад

Тархи харочоти вобаста ба гирифтани даромад

Моддаи 111-и Кодекси Андоз. Тархи харочоти вобаста ба гирифтани даромад

  1. Аз даромади умуми тамоми харочоти тасдикшудаи вокеан анчомдодаи марбут ба давраи хисоботии бо гирифтани чунин даромад алокаманд, ки дар Кодекси мазкур ва (ё) дигар санадхои меъёрии хукуки пешбини гардида, ба Кодекси мазкур мухолифат намекунанд, тарх карда мешаванд, аз чумла:

-харочоти тасдикшудаи ухдадорихои андоз бо дарназардошти махдудиятхои мукаррарнамудаи моддаи 123 Кодекси мазкур;

-харочоти тасдикшудаи музди мехнат, харочоти сафархои хизматии кормандон дар доираи меъёрхои мукарраршуда;

-харочоти тасдикшудаи вобаста ба хариди ашёи хом, маводхо, энергияи вокеан дар давраи андоз истифодашуда, ба истиснои харочоти вобаста ба сохтмон, харидории воситахои асоси ва васли онхо(аз чумла харочоти фаркияти манфии курби асъор ва фоизхои карзи), инчунин дигар харочоте, ки мутобики моддаи 153 Кодекси мазкур хусусияти асоси (капитали) доранд ва харочоте, ки мутобики моддаи 112 Кодекси мазкур ва дигар мукаррароти хамин боб бояд тарх нашаванд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)

  1. Тархи харочот дар холати мавчуд будани хуччатхои ба таври дахлдор ба расмият даровардашуда, ки харочоти вокеии вобаста ба гирифтани чунин даромадро тасдик менамоянд, ичозат дода мешавад.
  2. Агар хамон як харочот дар якчанд моддаи харочот пешбини шуда бошад, дар ин сурат хангоми хисоби фоидаи андозбандишаванда ин харочот танхо як маротиба тарх карда мешаванд.
  3. Чаримахо, фоизхо (пеняхо), ноустуворонахои таъиншуда ё эътирофшудаи вобаста ба гирифтани даромади умуми, ки бояд аз хисоби андозсупоранда пардохт шаванд (шудаанд), ба истиснои онхое, ки бояд ба бучет ворид гарданд, тарх карда мешаванд.
  4. Андоз аз арзиши иловашуда, ки барои максадхои андоз аз арзиши иловашуда ба хисоб гирифтани он ичозат дода намешавад, дар арзиши молхо, ичрои корхо, хизматрасонихо ба инобат гирифта мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб махкум …