Главная / Ҷамъият / Тарҳи хароҷоти вобаста ба гирифтани даромад

Тарҳи хароҷоти вобаста ба гирифтани даромад

Моддаи 111-и Кодекси Андоз. Тарҳи хароҷоти вобаста ба гирифтани даромад

  1. Аз даромади умумӣ тамоми хароҷоти тасдиқшудаи воқеан анҷомдодаи марбут ба давраи ҳисоботии бо гирифтани чунин даромад алоқаманд, ки дар Кодекси мазкур ва (ё) дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардида, ба Кодекси мазкур мухолифат намекунанд, тарҳ карда мешаванд, аз ҷумла:

-хароҷоти тасдиқшудаи ўҳдадориҳои андоз бо дарназардошти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи моддаи 123 Кодекси мазкур;

-хароҷоти тасдиқшудаи музди меҳнат, хароҷоти сафарҳои хизматии кормандон дар доираи меъёрҳои муқарраршуда;

-хароҷоти тасдиқшудаи вобаста ба хариди ашёи хом, маводҳо, энергияи воқеан дар давраи андоз истифодашуда, ба истиснои ҳароҷоти вобаста ба сохтмон, харидории воситаҳои асосӣ ва васли онҳо(аз ҷумла хароҷоти фарқияти манфии қурби асъор ва фоизҳои қарзӣ), инчунин дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 153 Кодекси мазкур хусусияти асосӣ (капиталӣ) доранд ва хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 112 Кодекси мазкур ва дигар муқаррароти ҳамин боб бояд тарҳ нашаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

  1. Тарҳи хароҷот дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои ба таври дахлдор ба расмият даровардашуда, ки хароҷоти воқеии вобаста ба гирифтани чунин даромадро тасдиқ менамоянд, иҷозат дода мешавад.
  2. Агар ҳамон як хароҷот дар якчанд моддаи хароҷот пешбинӣ шуда бошад, дар ин сурат ҳангоми ҳисоби фоидаи андозбандишаванда ин хароҷот танҳо як маротиба тарҳ карда мешаванд.
  3. Ҷаримаҳо, фоизҳо (пеняҳо), ноустуворонаҳои таъиншуда ё эътирофшудаи вобаста ба гирифтани даромади умумӣ, ки бояд аз ҳисоби андозсупоранда пардохт шаванд (шудаанд), ба истиснои онҳое, ки бояд ба буҷет ворид гарданд, тарҳ карда мешаванд.
  4. Андоз аз арзиши иловашуда, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб гирифтани он иҷозат дода намешавад, дар арзиши молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо ба инобат гирифта мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …