Моддаи 218-и Кодекси Мехнат. Танаффус барои гизодихии кудак
- Ба гайр аз танаффус барои истирохат ва истеъмоли хурок, танаффусхои байнибасти ва махсус, ба занон, ки кудаки то яксолу шашмоха доранд, падар ё дигар намояндаи конунии кудак, ки кудаки то яксолу шашмохаро бе модар тарбия мекунанд, барои гизо додани кудак баъди хар се соати кор бо давомнокии зерин танаффус дода мешавад:
– барои як кудак – хар як танаффус на кам аз си дакика;
– барои ду ё зиёда кудак – хар як танаффус на кам аз як соат.
- Танаффус барои гизодихии кудак (кудакон) дар асоси аризаи кормандони дар кисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, ба танаффус барои истирохат ва истеъмоли хурок хамрох карда мешавад ё ин ки дар шакли чамъшуда дар аввал ё дар охири рузи (басти) кори бо ихтисори дахлдори вакти кори дода мешавад.
- Танаффус барои гизодихии кудак (кудакон) ба вакти кори дохил карда мешавад ва дар ин давра музди миёнаи мехнати зан ё дигар намояндаи конунии кудак нигох дошта мешавад.