Главная / Чамъият / Талаботи шахрсози нисбат ба истифодаи китъахои замин дар махалхои ахолинишин

Талаботи шахрсози нисбат ба истифодаи китъахои замин дар махалхои ахолинишин

Моддаи 42-и  Карори шахрсози. Талаботи шахрсози нисбат ба истифодаи китъахои замин дар махалхои ахолинишин

  1. Талаботи шахрсози нисбат ба истифодаи китъахои замин бо накшаи генералии махалхои ахолинишин, накшахои муфассали банакшагири, лоихахо, меъёру коидахои иморатсози мукаррар карда мешаванд.
    2. Хангоми додани китъахои замин раисони нохияву шахрхо фармоишгаронро дар бораи талаботи шахрсози барои истифодаи китъахои замин бо иттилоот таъмин менамоянд, аз чумла:
    – максади истифодаи китъахои замин;
    – чойгиршавии китъахои замин;
    – сархадхои лоихавии китъахои замин;
    – таъмин будани китъахои замин бо инфрасохторхои мухандиси, наклиёти ва ичтимои.
    3. Хангоми истифодаи китъахои замин барои иморатсози аз чониби шахсони вокеи ва хукуки бояд талаботи пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон вобаста ба риоя намудани мухлатхои сохтмони объектхо ва ободонии худуди истифодаи умум риоя карда шаванд.
    4. Талаботи дар кисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда дар холатхои гузаштани хукуки истифодаи китъаи замин ба шахси дигар нигох дошта мешаванд.
    5. Хангоми додани китъаи замин ё тагйир додани сархад ва андозахои он бояд хати сурх, хати танзими иморатсози ва талаботи дастурхои шахрсози нисбат ба андозахои хадди камтарини китъаи замин риоя карда шаванд.
    6. Дар холатхои таксим кардани бино, иморат ва дигар объектхо бояд шартхо барои амали намудани кисмхои он хамчун объекти мустакил таъмин карда шаванд.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

moddai-86-karori-shahrsozi

Халли бахсхо дар бораи фаъолияти шахрсози

Моддаи 86-и  Карори шахрсози. Халли бахсхо дар бораи фаъолияти шахрсози  Бахсхо дар сохаи фаъолияти шахрсози …