Главная / Ҷамъият / Талаботи шаҳрсозӣ нисбат ба истифодаи қитъаҳои замин дар маҳалҳои аҳолинишин

Талаботи шаҳрсозӣ нисбат ба истифодаи қитъаҳои замин дар маҳалҳои аҳолинишин

Моддаи 42-и  Қарори шаҳрсозӣ. Талаботи шаҳрсозӣ нисбат ба истифодаи қитъаҳои замин дар маҳалҳои аҳолинишин

  1. Талаботи шаҳрсозӣ нисбат ба истифодаи қитъаҳои замин бо нақшаи генералии маҳалҳои аҳолинишин, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ, лоиҳаҳо, меъёру қоидаҳои иморатсозӣ муқаррар карда мешаванд.
    2. Ҳангоми додани қитъаҳои замин раисони ноҳияву шаҳрҳо фармоишгаронро дар бораи талаботи шаҳрсозӣ барои истифодаи қитъаҳои замин бо иттилоот таъмин менамоянд, аз ҷумла:
    – мақсади истифодаи қитъаҳои замин;
    – ҷойгиршавии қитъаҳои замин;
    – сарҳадҳои лоиҳавии қитъаҳои замин;
    – таъмин будани қитъаҳои замин бо инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ.
    3. Ҳангоми истифодаи қитъаҳои замин барои иморатсозӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба риоя намудани мӯҳлатҳои сохтмони объектҳо ва ободонии ҳудуди истифодаи умум риоя карда шаванд.
    4. Талаботи дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда дар ҳолатҳои гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ба шахси дигар нигоҳ дошта мешаванд.
    5. Ҳангоми додани қитъаи замин ё тағйир додани сарҳад ва андозаҳои он бояд хати сурх, хати танзими иморатсозӣ ва талаботи дастурҳои шаҳрсозӣ нисбат ба андозаҳои ҳадди камтарини қитъаи замин риоя карда шаванд.
    6. Дар ҳолатҳои тақсим кардани бино, иморат ва дигар объектҳо бояд шартҳо барои амалӣ намудани қисмҳои он ҳамчун объекти мустақил таъмин карда шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …