Главная / Гуногун / Такдири зани танхо

Такдири зани танхо

Фарида дар вакти муайяншуда дар назди тарабхонаи Н хозир шуд. Дуртар аз даромадгох, атрофи фаввора ва зери дарахтон одамон ду-ду, се-се рост истода, баъзеашон руи харакхои дар сояи мачнунбедхо гузошташуда нишаста, байни хам сухбат доштанд. Замира, сохиби туй наменамуд. Фарида харчанд зехн монд, дар байни мехмонон ягон одами шиносро надид.

судэкспертизаи душанбе“Аз афташ бехуда омадам, – дар дил худро маломат кард у. – Махсус ба хонаам омада даъват накарда бошад… тасодуф дар куча дида, дар сумкааш, ки даъватномаи зиёдати доштааст, номамро навишта дод. Дар байни ин кадар одами ношинос  зоги ало шудан чи лозим буд? Акнун гашта рафта нашавад.”

Расо баъд аз ним соати таъиншуда мехмоноро ба сари миз даъват карданд. Фарида низ катори дигарон дохили тарабхона гашта, дар дами дар бо хамкори худ Сабохат-хола дучор омад. Сабохат-хола зани хушгап, мехрубон, ситорагарм ва хеле зебо буд. Синнаш акнун ба панчох расида бошад хам, ба муи сари кутох кайчизадааш барвакт сафеди афтода буд. Аммо сафедии сараш заррае хусни уро накохонида, баръакс ба назари бинанда дилкаштар мегардонд. Фарида рузи нахустани ба мактаб кор омаданаш ба у унс гирифта, модарвор дусташ дошт.

-Э Фаридачон, хуш омади, хуш омади! – Фаридаро ба огуш кашид Сабохат-хола. – Хеч гумон надоштам, ки туро дар ин чо вомехурам.

– Мо бо Замира шиноси дерина, – гуфт Фарида низ, аз ин вохурии гайричашмдошт хурсанд шуда. – Дар донишгох хамсабак будем.

– Бисёр нагз, – гуфт Сабохат-хола, аз дасти Фарида дошта. – Дугонаат каме дер кард… хамин замон меояд. Ана ин кас шавхараш, – чавони коматбаландеро, ки даст пеши бар мехмононро кабул мекард, муаррифи намуд Сабохат-хола. – Исми шарифаш Ислом… чияни ман.

Фарида бо Ислом вохурди карда, “муборак бошад гуфт.

– Гузар, Фаридачон, кучо маъкулат бошад, бишин, бехтараш дар назди он духтархо, – Сабохат-хола худ пеш даромада, Фаридаро аз кафояш бурд ва ба яке аз он духтархо, ки хешонаш будаанд, фармуд, ки барои уву Фарида дар назди худаш чой дихад. – Ман баъдтар меоям, Фаридачон, – гуфт вай дасти Фаридаро рахо карда, – ту бахузур бишин.

Туй торафт метафсид. Мизхо холи – бисёрихо ба ракс баромадаанд. Фарида танхо нишаста, чой менушид. Хамин вакт Сабохат-хола, сару руяш аз раксидан аракшор ва чашмонаш андаке хуморолуд дар назди Фарида пайдо шуд.

– Духтарчон, бубахш, аз Самарканд мехмонхо омаданд, бо онхо овора шуда, туро танхо мондам. Дугонаатро диди? Наздат омад?

– Ха, дидам, муборакбоди кардам.

Фаридачон ин чи гап? – нохост изхори норозиги кард Сабохат-хола. – Ба гуфти русхо мисли хеши камбагал чаро танхо нишастаи! Кани, хез, ракс кун.

Сабохат-хола, шумо медонед-ку, – худро каме кафо кашид Фарида, – ман умуман раксида наметавонам. Дар шабнишинии хамкорон боре раксидани маро дидед магар? Ман аз ин хунар пиёда.

– Не, хез гуфтам, – аз банди дасти Фарида дошт Сабохат-хола. – Гумон мекуни, ман раксида метавонам?

– Не, холачон, мачбур накунед.

– Э туро хам нафахмидам, – гуфт Сабохат-хола, хастахолона дар бари Фарида чой гирифта. – Набошад, ба ман хам рез, аз хамон чоят.

– Ин кор аз дастам меояд, – хандид Фарида.

Тарабхона аз садои баланди мусикиву гулу дарондани хофизи чавон ва пойкубию хаёхуи раксандагон мечушид.

– Ана он зани фарбехи атласпушро диди? – ба суи зане ки дар ихотаи чанд нафар пой куфтаю чархида мераксид, – ишора кард Сабохат-хола.

Фарида бо аломати тасдик сар чунбонд.

– Се мох пеш писари бистудусолаашро гуронда буд. Аллакай либоси кабудашро бадар карда, раксу бози дорад. Ин аз як тараф нагз, бухси дилаш мебарояд, лахзае бошад хам, гаму андухашро фаромуш мекунад. Аммо ман…

Сабохат-хола давоми гапашро нагуфта, лаб фуру баст. Баъд пиёлаи чойи дар наздаш бударо хурт кашида, бо руймолчаи гичимшудаи дасташ араки пешониву рухсорахояшро руйтуршкунон пок кард.

– Шумо хам бад намераксед, – гуфт Фарида, аз зуд тагйир ёфтани холати Сабохат-хола хайрон шуда. – Аз чавонхо зеботар, чакконтар мераксед.

– Ба фикрам чояшро дониста раксидан ягон бади надорад. Аммо ман расму русуми мардуми мо… азогирихои дуру дарозамонро дар назар дорам.

– Ха, баъзан кайларо аз мазза мегузаронем, – тасдик кард Фарида.

Сабохат-хола аз хамраъии Фарида кувват гирифт магар ки якбора маддаи дилашро кафонд.

– Ман то имруз сабаби аслии бефарзандиамро ба ягон кас нагуфтаам, – бо овози базур шунаво огозид Сабохат-хола. – Маро хеле барвакт, дар синни хабдахсолагиам ба шавхар доданд. Он вакт дар деха зиндаги мекардам ва дар ягон мактаби оли дохил шудан дар гушаи хаёлам хам намеомад. Мехостам мисли дигар хамсолонам бо ягон чавони зебо оила бунёд карда, сохиби фарзанд шавам ва хушу хурсандона хаёт ба сар барам. Лекин аз рузи аввал ба решаи орзухоям табар расид. Шояд аз азал хати пешонии маро ба ангишт навишта буданд, ки шаби туи арусиам додари хаждахсолаи шавхарамро аспи худашон зада кушту туйхона ба мотамсаро табдил ёфт. Аммо хешовандон ин мусибатро ба мехмонон аён накарда, туйро бо дахони пурхун гузарониданд. Пагохи навхаи хушдоманам гуши дехаро кар кард. Ман низ либоси арусиро ба либоси мотам иваз кардам.

Сабохат-хола аз чойник ба пиёлаи худ чой рехт ва онро дам кашида, суханашро идома дод.

– Аз хама беш хушдоманам месухт. Рузи дафни Эхсон ду бари руяшро хуншор карда, хангоми садрзани чанд бор аз хуш рафт. Ёд дорам, то як сол захми руяш сихат наёфт. Зеро вай хар субху шом “во балам! во бачаяки номуродам!” гуён руяшро харошида, чарохатхояшро аз нав хуншор мекард.

Хамин минвол кариб ду мох гузашт. Азбаски ман дигар хун намедидам, хис кардам, ки хомиладор шудаам. Аммо инро ба касе ошкор намекардам, танхо худам медонистаму худо. Шабхо хаёлан холати шавхару хушдоманамро пас аз шунидани ин хабари хуш пеши назар меовардаму дарун-дарун меболидам. Зеро гумон доштам, ки ба чойи фарзанди гумкардаашон тифле (шояд писар бошад) ба дунё ояд, боиси хурсандиашон мешавад. Аммо хайхот, хама гумонхоям ботил баромаданд. То хол он рузи нахсро фаромуш карда наметавонам. Хулласи калом, пас аз панчмоха шудани тифли батнам, карор додам, ки ин хабари хушро ба хушдоманам расонам. Ба шавхарам гуфтан шарм доштам.

Рузе дар сари дастархон бо хушдоманам шурбо мехурдем, ки нохост дилам шурид ва ман часта аз чой хеста, берун баромадам. Хушдоманам аз ин рафтори ман хайрон шуда, пас аз баргашта сари дастархон омаданам, сабаб пурсид. Ман дар холате, ки дилам чун мурги нимбисмил метапид, бори аввал хомиладор шуданамро ба забон овардам.

– Чи хел? – аз гояти тааччуб чехраи хушдоманам сурх шуд. – Дар хонаи ман аз дарду гам, оху нола хун мечушиду ту бо шавхарат хуфту хез карди?!

– Хола…

– Хола нагуй, бешарм! Мардум фахманд, чи мегуянд! Маро хандахариши хешу табор, хакку хамсояхо карди-ку! Онхо намегуянд ки хоки кабри бачааш хушк нашуда, келини фалони бугуз шудаст, кудак таваллуд кардаст. Ту дар ин бора фикр накарди!

Ман дар чои нишастаам санг гаштам.

Хушдоманам хамоно ба сарам борони таънаву маломат мерехт.

– Аз худи пагох ба хонаи модарат дафъ мешави. Дигар руи ифлосатро дидан намехохам. Хамон чо рафта мезои, сагираатро низ хамонхо калон кунанд.

– Охир, писаратон хохад, айби ман чи? – гуфтам, окибат худро ба даст гирифта.

– Вай марди миёнбаста… харчи хостан мегирад! – аз нав шурид хушдоманам. – Аммо ту аклатро хурда буди магар! Агар шаби аввал, ки мехост, не мегуфти, дигарбора наздик намешуд. Во балам-э! Во балам! Ин сари шармандаамро ба кадом гури дахонво занам!

Хавлии мо аз нав ба мотамхона табдил ёфт. Дигар хушдоманам ба ман як дахон гапи хуш намегуфт, як бурда нони бегам хурдан намемонд. Болои сухта намакоб, шавхарам пас аз асли вокеа хабардор шудан, як дахон дилдори надод. Баръакс муомилаи у низ бо ман дурушт гашт. Худам танхо дар байни обу оташ монда, шабу руз аз худо илтичо мекардам, ки кош тифли батнам биафтад. Хатто чандин маротиба худамро аз сари зеррави айвон ба замин партофтам. Шабхо шикамамро бо руймоли калон баста, ба замин зер карда мехобидам, ки кудакам нафасгардон шавад. Хайр, дар бобати бори вазнин бардоштанам хочати гап хам нест: Як халта гандумро худам озод бардошта, ба хар бор мекардам. Аммо имруз аз он беандешагихоям ангушти надомат мегазам. Шабхо дар чогахи танхо сарамро ба девор мезанаму ба дарди бедавоям чорае намеёбам. Намедонам аз ин ношукрихои ман кахри худо омад ва ё зораву таваллоям ба даргохаш кабул шуд, ки рузу мохам буд нашуда, маро дарди зоидан гирифт. То субх дард кашидаву замин газида баромадам. Рузи дигар шавхарам маро ба беморхонаи нохия бурд. Духтурон барои халосии чони худаму тифлам хеле часпу талош карданд ва окибат чаррохи намуда, тифли мурдаро аз батнам чудо карданд. Баъд аз ин вокиа харчанд чандин бор табобат гирифта бошам хам, дигар хомиладор нашудам. Ва рузе духтурон ба шавхарам гуфтаанд, ки бехуда маро овора накунанд, аз таъсири хамон чаррохи дигар таваллуд карда наметавонам.

Акнун муносибати шавхараму хешовандонам бо ман руз аз руз сардтар мешуд. Окибат дигар ба ин ахвол тоб наоварда, аз шавхарам чудо шудам. Чанд муддат дар хонаи падарам зиндаги кардам ва баъд барои ба донишгох дохил шудан, ба шахр омадам. Рузона дар фабрикаи пойафзолдузи кор мекардаму шабона тахсил. Пас аз хатми донишгох ба як мактаби шахр ба кор рафтам. Хайрият он солхо замона тинчи ва сериву пури буд. Аввал чанд муддат дар хонаи як зани булгори ичоранишин будам ва баъд ба ман хонаи якхучраги доданд. Вакти зиёдам дар мактаб мегузашт. Барои фаромуш кардани танхоии худ худамро пурра ба кор бахшидам. Умри одами мисли оби равон мегузаштаст. Нафахмидам, ки чи хел си сол гузашту рафт.

Сабохат-хола хомуш монд.

– Чаро дуюмбора шавхар накардед? – пурсид Фарида, дасти Сабохат-холаро ба кафи дастонаш гирифта.

– Аввалхо тарсидам, ки боз фиреб нахурам. Аммо баъд ягон одами табъи дилам набаромад. Хамин тавр мурги дилам мурд.

Харду лахзае хомуш монданд.

– Биё, духтарам, каме ракс кунем, – гуфт Сабохат-хола, аз дасти Фарида гирифта. – Саргузашти талхи худро хикоя карда, табъи туро хам хира кардам. Маро бубахш. Худ ба худ имруз аламам тоза шуд… Чи кор кунам, такдир хамин будаст, аз вай чои гурез нест.

Онхо харду аз чой хеста, хостанд ба давраи зану мардхои раксанда хамрох шаванд, аммо хамин вакт мусики поён ёфт.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …