Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи гадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин беморихои урологи дар мардон ба шумор меравад.
Гадуди простата як гадуди-мушакии хурди узв аст, ки дар кос, дар поёни масона, кисми аввали рохи пешоб чойгир аст, ки кисми аввали рохи пешобро ишгол менамояд (шошараха). Гадуди простата сир истихроч мекунад, ки бо нутфа омехта шуда, фаъолияти нутфаро таъмин намуда, муковимат ба шароити гуногуни манфиро нигох медорад. Дар мавриди аденома гадуди простата калон шуда рохи пешобро фишурда ба вайрон гардидани чараёни пешоб аз масона оварда мерасонад. Вайроншавии просеси мукаррарии пешоббарори боиси таназзули пешоб мегардад ва дар натича ба рушди бемории санги пешоб, варами масона, беморихои гурда (пиелонефрит) ва гайра оварда мерасонад.
Худди калоншавии гадуди простата беозор аст ва одатан аз чониби бемор хис карда намешавад. Бо вучуди ин, мушкилоти бавучудомада бо пешобчудокуни касалро ба холати бузурги ногувор оварда, беморон айнан бо хамин шикоятхо ба духтур мурочиат менамоянд.
Cабабхои касали простата
То ба имруз, олимон дар бораи сабабхои ин бемори ба як андеша наомадаанд. Дар байни омилхои имконпазир на танхо синну сол ва вайроншавии гормонхо, балки мавчудияти як катор беморихо (масалан, атеросклироз), афзоиши бузурги вазн, тагйирёбии тарзи хаёти солим, стрессхо, омилхои экологи.
Эхтимол, аденомаи простата яке аз бемории синну соли буда, вобаста бо тагйироти табиии сатхи гормонхо (тестостерон) мебошад.
Нишонахои бемории аденома простата
Барои холи кардани масона, сахт кардани мушакхои шикам зарур аст;
- — пешобкуни дарозмуддат мешавад, пешобрави суст шуда бо фавраи борик мебарояд.
- — наздик ба охири пешоббарори пешоб канда-канда мебарояд.
Дар мархилахои баъди, вакте ки дар масона аз сабаби пурра холи накардани бокимондаи пешоб мемонад, нишонахои зерин илова карда мешаванд:
- зарурати пешобравии шабона, аксар вакт якчанд маротиба;
- ташвиши мунтазами пешоброни ва доштани пешоб;
- чакидани доимии пешоб;
- эякуляцияи дарднок;
- просесси пешобкуни бештар пуразоб гардида, пешоб бо катрахо мебарояд.
Нуксхои гиперплазияи гадуди простата
Бе табобати мувофик аденома метавонад оварда расонад ба:
- Нигохдории бошиддати пешоб;
- Гематурия (пайдоиши хун дар пешоб);
- Сироятхои системаи олати таносул ва шоша (пешобравии дарднок, хунукхури, дарди бадан, дарди шадид дар кисми поёни тахтапушт, дар пешоб мавчуд будани хун ё мадда мумкин аст).
Ба шумо чи кор кардан мумкин аст:
Агар шумо дар худ нишонахои дар боло номбаршударо пайдо кунед, ба шумо лозим аст, ки хар чи зудтар ба духтур мурочиат кунед. Бисёре аз мардон вакте, ки ин нишонахо пайдо мекунанд, онхо фикр мекунанд, ки ин тагйироти одди вобаста ба синну сол мебошад. Ин монанди он нест. Хар чи зудтар бемор ба духтур мурочиат намояд, пешгирии авчи бемори осонтар мегардад.
Табиби шумо чи кор карда метавонад?
Ташхиси аденома дар бисёри мавридхо аз пурсиш ва муоинаи бемор асос меёбад. Дар холати кабул духтур беморро бодиккат дар бораи шикоят ва зухуроти бемори пурсупос менамояд.
Барои тасдики ташхис ба Шумо метавонанд таъин намоянд:
- Санчиши ректалии ангушти,
- Ултрасадои гадуди простата
- Урофлоуметрия (усуле, ки ба шумо имкон медихад, ки суръати шиддати пешобро муайян намояд),
- Систография, пневмосистография (имконият барои муайян кардани микдори бокимондаи пешоб)
- Систоскопия (агар лозим бошад),
- тахлили умумии пешоб (имконият барои муайян кардани мавчудияти бемории урологии инфексиони),
- Санчиши умумии хун ва санчиши хун барои муайян кардани сатхи антигени махсуси простата.
Барои истисмори саратони гадуди простата санчиши хун барои сатхи антигени махсуси простата, инчунин биопсияи трансперинеали ё трансректали гузаронида мешавад. Аденомаи простата ба тарзи консервативи (доругузарони) ва чаррохи табобат карда мешавад.
Табобати дармони танхо дар мархилахои ибтидоии бемори натичаи назаррас меорад, вакте ки просесси ташаккули бакияи пешоб хануз огоз нашудааст. Дорухо катъиян алохида, танхо баъд аз гузарондани тадкикотхои зарури таъин карда мешаванд.
Аз хама усули самараноки муоличаи гиперплазияи гадуди простатаи безарар ин чаррохи аст. Якчанд намуди амалиётхои чаррохи мавчуданд, ки дар мавриди аденома ба анчом дода мешаванд. Намуди фаъолияти чаррохи аз тарафи духтур муайян карда мешавад.