Главная / Илм / ТУХМИ МУРГ ВА КАНЗИ ШИФО

ТУХМИ МУРГ ВА КАНЗИ ШИФО

tuxmi_murgi_xonagi-625x330Ин чо тухми мурги хонаги дар назар дошта шудааст, ки маълум аст. Бехтаринаш он аст, ки дар хачм калон ва хамон руз мокиёнаш зоида бошад. Харорати хаво бо мурури рузхо онро палагда мекунад. Бинобар хамин дар айёми тобистон дар намак нигох доранд, вайрон намешавад. Мизочи зардии он барои хамаи мизочхои инсои мувофик ва форам аст ва андак моил ба гарми мебошад. Ва мизочи сафедааш дар дарачаи дувум сард ва тар аст. Мизочи пусти берунаш дар дарачаи дувум сард ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: зардии онро нимбирён карда ё нимпухта бихуранд, дар бадан моддахои сара пайдо мегарданд,  гизоияташ зиёда аст ва аз он саргин кам ба амал меояд; дил, майна ва баданро кувват мебахшад; куввати бохро меафзояд; ба даруни сина фуромадани назлахои гармро манъ мекунад ва холи бади узвхои даруни синаро ислох месозад, инчунин шахшулии он узвхоро нест мегардонад; хун кай кардан, дагалии рудахо, хичак ва меъдаро 6а ибро меоварад; захмхои гурда ва хичакро сихат мегардонад ва касеро, ки аз хуни бисёр рафтаи суст гашта бошад, кави мегардонад. Ва хурдани ин ба одамони савдовимизоч форам ва мувофик аст.

Зардии тухми мургро дар зарфи чини ё сафол бархам зананд, яъне бикованд ва баъд дар зарфи мис ё дигар, ки дар он об бошад, бияндозанду чуш диханд ва бикованд, то нимпухта гардад. Ин усул бехтарин тарзи пухтани он аст. Зеро ки зудхазм, дар гизоият сара мебошад ва барои халк, сурфа ва хун кай кардан даво мешавад, бохро кувват мебахшад.

Агар зардии хомашро бихуранд, азияти газидани морро дафъ мекунад, овозро соф мегардонад, инчунин сузиши хичакро ба ибро меоварад. Ба ин тарик, бисёр хурдани зардии тухми мург ба меъда зарар дорад, дар гурда санг, доги сафеди пуст ва доги кунчидакро пайдо мекунад. Нимпухтаи онро ба тифлон ба чои шир бихуронанд, раво мебошад. Тухми мургро то сахт шудан пухта бихуранд, хусусан дар мизочи одамоне, ки рутубат бисер пайдо мешавад, суст хазм мегардад ва иллати кулинч (колит)-ро пайдо мекунад. Дар ин маврид давохои гарммизоч бихуранд, газандаш ислох меёбад. Тухми нимпухтаро бо куфтаи тухми загир бихуранд, барои иллати зик-ун-нафас (бронхиальная астма) нафъ дорад; бо андак намак, мустако ва анзарут бихуранд, баданро фарбех мегардонад; бо татум, мозу ва тухми мавизи ангур, инчунин бо ангур бихуранд, исхоли сафровиро манъ мекунад.

Тухми мургро дар сирко пухта бихуранд, дарунро мебандад ва намегузорад, ки моддахои гайри ба меъда рехта шаванд. Тухми хоми мургро бо равгани гули сурх ва куфтаи бобуна даромехта гузошта банданд, варамхои чашм, хояхо ва макъадро тахлил медихад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …