Главная / Маданият ва санъат / ТОТЕМИЗМ ВА МАГИЯ/чоду/

ТОТЕМИЗМ ВА МАГИЯ/чоду/

Тотемизм /ототетм авлоди у/-ба эътикод ба хешигарии фавкуттабиин байни гурухи одамон, авлод, ба ягон намуди ашёи модди, кабл аз хама хайвонот ва рустани.

Тотемизм аз чумлаи кадимтарин шаклхои дин буда, имруз хам дар байни баъзе кабилахои акибмондаи Австралия дучор мешаванд. Дар адабиёти илми истилохи “тотема” аввалин бор дар охири асри XVIII пайдо шудааст. Баъди нашри асархои Ч.Фрезер ва Мак Леннон дар илм мавриди омузиши васеъ карор гирифт. Кашфиётхои бостоншиноси нишон доданд, ки тотемизм дар давраи асри санги вучуд дошт.

ТОТЕМИЗМ ВА МАГИЯ/чоду/

Ахли авлод тотемаи наздики худро хеши наздики худ медонанд, мисоли падар, бародари калони, дуст, наздик ва гайра. Хайвони мазкурро онхо намекушанд, одатан гушти онро истеъмол намекунанд.

Дар баъзе мавридхо дар байни кабилахои австралияги хурдани гушти хайвони мукаддас хамчун маросими дини ичро мегардад. Дар чойхои махсус аломати тотема пинхон карда мешавад, таъсири муъчизамоки он дар хаёти авлод таъкид мегардад, масалан хомилашавии занон ва гайра.

Одатан авлодони эътикодманд ба тотемизм ба ахли авлоди худ хонадор намешаванд. Ба гайр аз тотемаи умуми инчунии тотемаи мардону занон дар як авлоду кабила, хатто тотемаи фарди метавонад вучуд дошта бошад. Ба кавли мухаккикон дар кабилахои махаллии австралияги то ба хол чунин навъхои тотемизм дучор мешаванд.

Барои шархи тотемизм олимон акидахои гуногун доранд, вале акидаи умуми ва нисбатан пахншуда аз он иборат аст, ки тотемизм шакли дини чомеаи ибтидоии авлоди мебошад, ки дар он шароити хаёти гуруххои одамони ибтидоие, ки бо шикор машгул буданд, ба таври муъчизанок дар парастиши хайвонот инъикос гардидаанд. Робитаи хешу табории ин авлодхо бешуурона ба табиати онхоро фарогирифта, хусусан хайвонот, нисбат дода шудааст.

Такрибан дар давраи инкишофёфтаи модаршохи вобаста ба гузариши Одамоп дар назди санг нисбатан мураккаби сохти авлодии ибодат менамоянд.

Кабилави тотемизм таъсири худро аз даст медихад. Осори тотемизм мудати дуру дароз дар зиндагию шуури мардум боки мемонад ва хатто имруз хам, чунон ки зикр гардид дар байни баъзе кабилахои акибмонда вучуд дорад. Осори он дар динхои муосир мушохида мешавад.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

surai-niso

Баёни мухтасари мазмуни баъзе сурахои Куръони карим аз руи тафсирхо /сураи ан – Нисо/

Бисмиллохи -р – Рахмони – р – Рахим. Даъват мешавад, ки «эй мардумон аз он …