Главная / Маданият ва санъат / ТОТЕМИЗМ ВА МАГИЯ/ҷоду/

ТОТЕМИЗМ ВА МАГИЯ/ҷоду/

Тотемизм /ототетм авлоди ў/-ба эътиқод ба хешигарии фавқуттабиин байни гурўҳи одамон, авлод, ба ягон намуди ашёи моддӣ, қабл аз ҳама ҳайвонот ва рустанӣ.

Тотемизм аз ҷумлаи қадимтарин шаклҳои дин буда, имрўз ҳам дар байни баъзе қабилаҳои ақибмондаи Австралия дучор мешаванд. Дар адабиёти илмӣ истилоҳи “тотема” аввалин бор дар охири асри XVIII пайдо шудааст. Баъди нашри асарҳои Ҷ.Фрезер ва Мак Леннон дар илм мавриди омўзиши васеъ қарор гирифт. Кашфиётҳои бостоншиносӣ нишон доданд, ки тотемизм дар давраи асри сангӣ вуҷуд дошт.

ТОТЕМИЗМ ВА МАГИЯ/ҷоду/

Аҳли авлод тотемаи наздики худро хеши наздики худ медонанд, мисоли падар, бародари калонӣ, дўст, наздик ва ғайра. Ҳайвони мазкурро онҳо намекушанд, одатан гўшти онро истеъмол намекунанд.

Дар баъзе мавридҳо дар байни қабилаҳои австралиягӣ хўрдани гўшти ҳайвони муқаддас ҳамчун маросими динӣ иҷро мегардад. Дар ҷойҳои махсус аломати тотема пинҳон карда мешавад, таъсири мўъҷизамоки он дар ҳаёти авлод таъкид мегардад, масалан ҳомилашавии занон ва ғайра.

Одатан авлодони эътиқодманд ба тотемизм ба аҳли авлоди худ хонадор намешаванд. Ба ғайр аз тотемаи умумӣ инчунии тотемаи мардону занон дар як авлоду қабила, ҳатто тотемаи фардӣ метавонад вуҷуд дошта бошад. Ба қавли муҳаққиқон дар қабилаҳои маҳаллии австралиягӣ то ба ҳол чунин навъҳои тотемизм дучор мешаванд.

Барои шарҳи тотемизм олимон ақидаҳои гуногун доранд, вале ақидаи умумӣ ва нисбатан паҳншуда аз он иборат аст, ки тотемизм шакли дини ҷомеаи ибтидоии авлодӣ мебошад, ки дар он шароити ҳаёти гурўҳҳои одамони ибтидоие, ки бо шикор машғул буданд, ба таври мўъҷизанок дар парастиши ҳайвонот инъикос гардидаанд. Робитаи хешу табории ин авлодҳо бешуурона ба табиати онҳоро фарогирифта, хусусан ҳайвонот, нисбат дода шудааст.

Тақрибан дар давраи инкишофёфтаи модаршохӣ вобаста ба гузариши Одамоп дар назди санг нисбатан мураккаби сохти авлодии ибодат менамоянд.

Қабилавӣ тотемизм таъсири худро аз даст медиҳад. Осори тотемизм мудати дуру дароз дар зиндагию шуури мардум боқӣ мемонад ва ҳатто имрўз ҳам, чунон ки зикр гардид дар байни баъзе қабилаҳои ақибмонда вуҷуд дорад. Осори он дар динҳои муосир мушоҳида мешавад.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …