Главная / Гуногун / ТАНБЕХ – Имом Абуханифа

ТАНБЕХ – Имом Абуханифа

Ончи, ки аз Имом Абуханифа (р), дар бораи шинохти Парвардигор ба ривояти: («-Ъарафатака хакка маърифатака») накл шуда аст, агар чунонки ин ривоят сахех бошад, манофи бо ончи, ки аз гайри эшон, аз авлиёи хак, ба иборате дигар чун: («-Субхонака мо ъарафнока хакка маърифатака». Яъне: «-Поки аст Туро, Туро, чунонки бояд нашинохтаем»). Накл шуда аст, нест, зеро муроди Имом Абуханифа (р) ин буда аст, ки «-Шинохтам Туро ончунон, ки бояд мешинохтам». Ба шинохте, ки сазовори Хак аст ва ахаде наметавонад, ба кунх (поёни чизе; зот, яъне, хакикат ва вокеияти зоти хак, он тавр, ки хаст)-и вучуди шарифи он даст ёбад.

Ва хакикат низ хамин аст, ки Сайидалмурсалин ва сардори аввалину охирин (с) мегуянд: («-Ло ухсию саноан ъалайка анта камо аснайта ъало нафсик. Яъне: «-Наметавонам он чунон ки худ бар хештан сано гуфтаи, санои туро баршуморам»).

Ва дар Хадис шафоати азиме омада аст: Бар Расули Худо (с) дар вакти дуояшон маорифу махомаде илхом мешуд, ки каблан ба ишон илхом нагардида буд, маорифе нав ба нав мутачаддид, ки бар эшон файзон мегардид.

Агар касе гуфт, ки истодан бар як по дар намоз, дар назди гайри Эшон, аз аима (имонон) макрух аст, зеро Хадиси нахи, аз чунин Намозе, Хадиси сахехе аст, пас фарзро бар он карор медихем, ки ин кор дар назди эшон низ макрух буда аст, дар ин сурат чаро эшон Муртакиби ин амали макрух гардидаанд? Дар посух бояд гуфт, ки истодани Имом Абуханифа (р) бар як пояшон, дар намоз, ба нияти мучохида бо нафс буд, ва баъид нест, ки нияти мучохида ба нафс, дар мисл чунин холоте, ки хушуъ (фурутани, товазуъ) дар он мухтал (халал ёфта) намешавад, монеъи карохият бошад.

Ва хатми Куръони Карим, дар як ракаъат мунофи, бо Хадисе нест, ки мегуяд: «-Хар кас Куръонро дар камтар, аз се руз хатм кунад, мафохими онро дар наёфта аст». Зеро ин Хадиси шариф «нозир бар ононе аст, ки дар хифзу сухулат (осони)-и кироат ва фарох шудани замон, хорики одат (хилофи одат-аз муъчизоти анбиёву каромоти авлиё) барои эшон рунамо намешавад, дар холе, ки Имом Абуханифа (р) аз ахли хорикулодат ва сохиби илхомоту каромот ва кашф будаанд.

Ба хамин далел ривоят шуда аст, ки бисёр аз сахобаи киром ва тобиъин рахматуллох Куръонро дар як ракаъат хатм мекардаанд, балки баъзе аз онон Куръонро чахор бор дар миёни Магриб ва Ъишо (шом ва хуфтан) хатм кардаанд ва хамаи онхо аз боби каромот аст, (ки Худованд на ба хар кас ин амалро насибу рузи мегардонад-С.Б.Б), ки касеро бар он эътирозе натавонад буд! 62-77-78.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

restrukturizatsiya-kredita-v-vtb

ФАЙЗИ БОЗСОЗИ

ОТАШДИЛ Вай паси миз нишаста ба хайёл рафта буд… Айёми манктабхони зуд–зуд ба завод меомад. …