Главная / Чамъият / Сугуртаи давлатии ичтимои

Сугуртаи давлатии ичтимои

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи сугуртаи давлатии ичтимои

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1997, № 23-24, мод. 350; соли 2003, № 8, мод. 458; соли 2006, №4, мод. 200; соли 2007, №3, мод. 177; №7, мод. 694; соли 2008, №10, мод.821; Конуни ЧТ аз 16.04.2012с., №824;Конуни ЧТ аз 01.08.2012с, №893, КЧТ аз 28.12.2013с. №1059)

Конуни мазкур асосхои хукуки, иктисоди ва ташкилии сугуртаи давлатии ичтимоиро муайян мекунад ва амали он нисбати сугуртахои ихтиёрии ичтимои татбик намешавад.

ФАСЛИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

  Моддаи 1. Сугуртаи давлатии ичтимои

Сугуртаи давлатии ичтимои низоми навъхои аз чониби давлат кафолатдодашудаи таъмини ашхоси сугурташуда хангоми махрум гардидан аз музди мехнат ё даромад дар натичаи бемори, осеби мехнати ё бемории касби, маъюби, хомиладори ва таваллуд, пири, бекори, аз даст додани саробон, фавтидан ва дигар холатхои мукаррарнамудаи конунхои Чумхурии Точикистон аз хисоби сахмхои хатмии сугуртаи корфармоён ва шахрвандон иборат мебошад.

Сугуртаи давлатии ичтимои хатми мебошад.  

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сугуртаи давлатии ичтимои

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сугуртаи давлатии ичти­мои ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикис­тон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф  намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мафхумхои дар Конун истифодашаванда

Дар Конуни мазкур мафхумхои зерин истифода бурда мешаванд;

Сугуртакунанда — шахрвандон, ашхоси хукуки (корхона, муассиса, ташкилот ва дигар субъекти хочагидори, сарфи назар аз шакли моликият ва навъи фаъолият) ва ашхоси вокеи, ки шахрвандонро тибки шартнома (карордод) ба кироякори чалб мекунанд, аз чумла ашхоси хукуки ва вокеии хоричи, инчунин ташкилотхои байналхалки, ки дар худуди Чумхурии Точикистон фаъолияти худро анчом медиханд, ба хисоб мераванд, ки ухдадоранд мутобики конунхои чори ба сугуртаи давлатии ичтимои сахм ворид кунанд.

Муассисаи сугурташахси хукуки, ки фаъолияти сугуртаро мутобики конунхои чори дар сохаи сугуртаи давлатии ичтимои анчом медихад. (КЧТ аз 16.04.2012с., №824)

Шахси сугурташудашахси вокеи, ки ба манфиати у сугуртаи давлатии ичтимои анчом дода мешавад. (КЧТ аз 16.04.2012с., №824)

Ходисаи сугурта — ходисаи рухдода, ки бо фаро расидани он ухдадории сугуртакунанда оид ба пардохти сугурта ба шахси сугурташуда  ё талофии харочоти масрафнамудаи у ба миён меояд.

Пардохти сугурта — маблаги пули, ки хангоми ба миён омадани ходисаи сугурта ба шахси сугурташуда тибки хачм ва шартхои мукаррарнамудаи конунхо оид ба сугуртаи давлатии ичтимои анчом дода мешавад.

Сахами сугурта — пардохти хатми барои сугуртаи давлатии ичтимои, ки сугуртакунанда вазифадор аст ба муассисаи сугурта гузаронад.

Тарифхои сахмияхои сугурта — андозаи сахмияи сугурта бо фоизи ба музди мехнати (даромад) бо хама асосхо хисобкардашуда ё хачми  мушаххас барои категорияхои алохидаи сугуртакунандагон.

Бахисобгирии инфироди — ташкил ва пешбурди бахисобгирии маълумот оид ба хар як шахси сугурташуда бо максади сугуртаи давлатии ичтимои.

Собикаи сугурта — давомнокии мачмуи даврахои пардохти сахмияхои сугурта барои шахси сугурташуда.

Суратхисоби захиравии инфироди – кисми махсуси хисобномаи захиравии инфиродие мебошад, ки дар он маблаги захирахои хатмии нафакави, даромадхо аз сармоягузори ва индексатсияи онхо, инчунин пардохтхо аз хисоби захирахои нафакави дарч гардидаанд.

Моддаи 4. Принсипхои сугуртаи давлатии ичтимои

Принсипхои асосии сугуртаи давлатии ичтимои иборатанд аз:

– хусусияти умуми ва хатми доштани сугуртаи давлатии ичтимои ва таъмини хифзи ичтимоии ашхоси сугурташуда;

– кафолати давлатии нигох доштани сатхи бадастомадаи хифзи ичтимоии ашхоси сугурташуда;

табакабандии сатхи хифзи ичтимоии ашхоси сугурташуда бо назардошти сахми мехнатии онхо, сабабхои ходисахои сугурта ва дигар омилхо;

– масъулияти сугуртакунанда ва муассисаи сугурта чихати таъмини хукукхои ашхоси сугурташуда;

– масъулияти ашхоси сугурташуда, ки иштироки бевоситаашонро ба­рои ба расмият даровардан ва маблаггузории сугуртакунии ичтимоии худ пешбини менамоянд;

– баробархукуки ва хифзи хукукии субъектхои сугуртаи давлатии ичтимои;

– иштироки намояндагони хамаи субъектхои сугуртаи давлатии ичтимои дар идораи сугуртаи давлатии ичтимои (намояндагони давлат, сугуртакунанда, иттиходияхои корфармоён ва кормандон дар симои шахси намоянда);

дастраси ба таъмин ва татбики хукуки ашхоси сугурташуда ва ташкили назорати низоми сугуртаи давлатии ичтимои; (КЧТ аз 16.04.2012с., №824)

– махсус будани маблагхои молиявии сугуртаи давлатии ичтимои ва анчом додани пардохтхо ба ашхоси сугурташуда вобаста ба ичрои ухдадорихо оид ба сугуртаи ичтимои;

– масъулияти давлат барои истифода, чойгирони ва хифзи воситахои сугуртаи давлатии ичтимои.

Моддаи 5. Ашхосе, ки бо сугуртаи давлатии ичтимои фаро гирифта мешаванд

Сугуртаи давлатии ичтимои бидуни истисно, тамоми ашхоси вокеиро, ки тибки шартномаи (карордод) мехнати кор мекунанд, (минбаъд-кормандон) ки дар корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои хамаи намуди моликият ва фаъолияти хочагидори, шахрвандони алохида, инчунин ашхосе, ки аъзои ё иштирокчии корхонахо мебошанд, дар бар мегирад.

Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки фаъолияти худро тибки шартномаи дорои хусусияти гражданию хукуки анчом медиханд, аз чумла дар намояндагихои давлатхои хоричи, ташкилотхои байналмилали ва дипломати дар худуди Чумхурии  Точикистон, инчунин шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки фаъолияти мехнати, хочагидори ва сохибкориро (бе ташкили шахси хукуки) дар худуди Чумхурии  Точикистон ба амал мебароранд, мутобики Конуни мазкур бояд тахти сугуртаи хатмии давлатии ичтимои карор гиранд. Тартиби сугуртаи хатмии давлатии ичтимоиро нисбати шахсони зикргардида Хукумати Чумхурии  Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 6.Хукук ва ухдадорихои сугуртакунанда

Сугуртакунанда хукук дорад:

шахсан аз тарики намояндаи худ дар идораи сугуртаи давлатии ичтимои иштирок намояд;

аз муассисаи сугуртакунанда бидуни мамоният оид ба истифодаи маблагхои сугуртаи давлатии ичтимои маълумот ба даст орад;

ба хифзи судии хукуку манфиатхои худ.

Сугуртакунанда вазифадор аст:

мутобики тартиби мукаррарнамудаи Конун нафака, ёрдампули ва дигар пардохтхои дорои хусусияти максаднокро оид ба сугуртаи дав­латии ичтимои ба ашхоси сугурташуда пардозад;

дар мухлатхои муайяншуда аз чониби тамоми ашхоси сугурташуда сахмияхои сугуртаро пардозад;

чихати рафъи омилхои номатлубе, ки ба тандурустии кормандон таъсир мерасонад, барои бехбуди шароити фаъолияти иктисоди ва рафъи ходисахои травматизми истехсоли ва беморихои касби тадбирхои зарури андешад;

ба муассисаи сугурта оид ба маблагхои сугуртаи давлатии ичтимои, таъмини хукуки ашхоси сугурташуда ва ичрои ухдадорихои сугуртакунанда аснод ва маълумотхоро пешниход кунад;

карорхои макомоти сугуртаи ичтимоиро оид ба масъалахое, ки тахти салохияти онхо карор доранд, ичро кунад;

бахисобгирии сугуртаи давлатии ичтимоиро анчом дода ба муас­сисаи сугурта оид ба харочот хисобот дихад.

Моддаи 7.Хукук ва ухдадорихои муассисаи сугурта

Дар Чумхурии Точикистон сугуртаи давлатии ичтимои аз тарафи макомоти ваколатдоре, ки  Хукумати Чумхурии Точикистон  муайян  менамояд  (минбаъд – макомоти ваколатдор), амали карда мешавад.

Муассисаи сугурта хукук дорад:

дар вазорату идорахо, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо сарфи назар аз шакли моликияташон тафтиши асноди пули, китобхои мухосибави (бухгалтери), журнали, сабт, хисобот, накша, смета, декларатсияхо ва дигар асноди вобаста ба хисоб ва пардохти хиссахои сугурта, таъмин ва пардохти нафака ва кумакпулихоро анчом дода оид ба масъалахое, ки дар натичаи тафтиш ба миён меоянд, тавзехот, маълумотнома ва маълумотхои зарури ба даст орад;

бахисобгирии инфиродии сахмияхои пардохташудаи сугуртаро дар холатхои пешбининамудаи конун анчом дихад;

аз шахсони вокеи ва шахсони мансабдори шахси хукуки рафъи вайронкунии конунгузории Чумхурии  Точикистонро аз руи пардохти сахмхои сугурта ва харочоти ин маблагхо чихати пардохти нафака, кумакпули ва ташкили солимгардони талаб намояд;

бо тартиби мукарраршуда бакияпулихоро аз руи сахми хисобкардашудаи мучозотхои молияви, пеня ва гирифтани чарима аз шахсони мансабдоре, ки конунгузории Чумхурии  Точикистонро оид ба сугуртаи ичтимои вайрон кардаанд, тибки кодекси  Чумхурии  Точикистон дар бораи хукуквайронкунихои маъмурируёнад;

фонди захирави ва фонди рушд созмон дихад;

маблаги муваккатан озодро ба когазхои киматнок ва депозитхои бонкхо гузорад;

захирахои нафакавии шахсони сугурташударо дар асоси шартномахои бо ширкатхои идоракунанда басташуда тибки шартхои диверсификатсия нигох дорад;

даъво пешниход намояд ва ё дигар амалхои хукукии барои химояи манфиатхои  макомоти ваколатдор   заруриро пешбини намояд;

дар хамкории байналмилали мутобики тартиби мукарраргардида ширкат варзад, тачрибаи давлатхои хоричиро дар сохаи таъмини нафака васугуртаи ичтимоии ахоли омузад ва истифода намояд;

коршиносон, мутахассисон ва машваратчиён, аз чумла хоричиёнро ба кор чалб намояд;

дар таъсис додани  муассисахои махсуси молиявие, ки ба ахоли хизмати ичтимоии сугуртави мерасонанд, иштирок кунад;

тибки  бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ба судхо дар бораи чуброни зиёни (дар шакли пули ва гайрипули) бучети  макомоти ваколатдор  ба тарзи мачбуран ситонидани маблаги пардохтнашудаи сахмхои сугурта ва мучозотхои молияви даъвои амволи пешниход кунад;

аз макомоти дахлдори хокимияти давлати ва муассисахо (васоят ва парастори, сабти асноди холатхои шахрванди, хифзи ичтимои) хуччат ва маълумоти дахлдорро (маълумотнома, нусха ва дигар маълумот) талаб намояд, ки дар асоси онхо таъин ё пардохти ин ё он намуди нафака ё кумакпули тибки сугуртаи давлатии ичтимои анчом дода шудааст (анчом дода мешавад).

Муассисаи сугурта вазифадор аст:

Конунхои Чумхурии Точикистонро, ки хукуки ашхоси сугурташударо дар кисми таъминот бо нафака, кумакпули ва чубронпули оид ба сугуртаи давлатии ичтимои хифз менамояд, ичро кунад;

Тадбирхои таъминкунандаи пойдории молиявии низоми сугуртаи давлатии ичтимоиро амали намояд;

назорати бахисобгирии дуруст, пардохти саривакти ва гузаронидани сахмияхои сугуртаро оид ба сугуртаи давлатии ичтимои анчом дихад;

сахехии хисоб ва сари вакт бахисобгири ва пардохти нафака ва кумакпулихоро ба ашхоси сугурташуда таъмин намояд;

ба макомоти болои чихати тасдики хисобу китоб ва воридоти пардохтхои оид ба сугуртаи давлатии ичтимои сари вакт хисобот пешниход кунад.

Моддаи 8. Хукуква ухдадорихои ашхоси сугурташуда

Ашхоси сугурташуда хукук доранд:

аз сугуртакунанда бидуни мамоният оид ба ташаккули маблагхои сугуртаи давлатии ичтимои маълумот ба даст оварда, харочоти онро назорат кунанд;

аз сугуртакунанда пардохти нафака ва кумакпулихоро тибки хачм ва мухлатхои муайяншуда талаб намоянд;

сари вакт ва дар хачми муайяншуда оид ба сугуртаи давлатии ичтимои кумакпулихо гиранд;

хукуки худро шахсан ё аз тарики намояндагии худ, аз чумла тибки тартиби суди химоя кунанд;

шахси бовариноки худро чихати иштирок дар тафтиши ходисахои сугурта сафарбар намоянд;

дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур ба сифати сугуртакунанда баромад кунад.

Ашхоси сугурташуда ухдадоранд:

Сахмияхои сугуртаи мукаррарнамудаи конунхоро ба сугуртаи дав­латии ичтимои пардозанд;

сари вакт ба сугуртакунанда асноди сахехро, ки барои таъин намудани пардохтхои нафака, кумакпули ва чубронпулихо заруранд, пешниход намоянд;

шартхои муайяншударо барои пардохти нафака ва кумакпулихо риоя кунанд.

 

ФАСЛИ 2. НАВЪ ВА АНДОЗАИ ТАЪМИНОТ МУТОБИКИ СУГУРТАИ

ДАВЛАТИИ ИЧТИМОИ

 

Моддаи 9. Навъхои таъминот оид ба сугуртаи давлатии ичтимои

Дар Чумхурии Точикистон навъхои зайли таъминот оид ба сугур­таи давлатии ичтимои мукаррар карда мешаванд:

таъминоти нафака;

кумакпули барои корношоямии муваккати;

кумакпулии хомиладори ва таваллуд;

кумакпулихои оилави;

кумакпули ба сабаби бекори;

кумакпули барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат;(КЧТ аз 28.12.2013с. №1059)

харочоти маблагхо барои тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онхо, инчунин барои татбики дигар тадбирхо, ки ба вазифа ва функсияхои оид ба хифзи мехнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онхо мувофик аст;

иловапулихо ба нафака аз хисоби маблаги андухти нафакаи хисобномахои андухти инфироди;

дигар навъи пардохтхо, ки мутобики конунхои Чумхурии Точикистон таъин гардидаанд, инчунин таъминотхои таъминкунандаи ичрои вазифахои муассисаи сугуртакунанда.

Моддаи 10. Тартиби  пардохтхо аз маблаги хисобномахои андухти инфиродии шахрвандон

Муассисаи сугурта пардохтхоро  аз  маблаги андухти нафака ба шахсони сугурташудае, ки ба синни мукарраргардидаи нафака расидаанд ва тавассути корфармо ё мустакилона бо тартиби мукаррарнамудаи конун сахмхои нафака (сугурта)-ро ба хисобномахои андухти инфироди саривакт пардохт кардаанд, таъин ва таъмин менамояд.

Пардохт дар шаклхои зайл анчом дода мешавад:

– мукаррар намудани иловапулии мунтазам ( хармоха) ба нафакаи мехнати;

– пардохти яквактаи маблаги андухтшуда;

– гузаронидани  маблаги андухтшуда ба фонди гайридавлатии нафакаи интихобкардаи нафакахур.

Аз маблаги андухти нафака, ки дар хисобномаи инфиродии шахси сугурташуда мавчуд аст, хангоми расидан ба синни нафака иловапули ба нафака таъин карда мешавад.

Тартиби пардохт ва андозаи иловапулии нафакаро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Пардохти яквактаи маблаги андухти инфироди аз чониби муассисаи сугурта хангоме амали карда  мешавад,ки маблаги умумии андухташуда аз меъёре, ки барои таъини иловапулии хармохаи нафака баробар ба хачми 36 – каратаи нишондиханда барои хисобхо, ки аз лахзаи бавучудоии хукук ба иловапули ( аз лахзаи мурочиат ба таъини иловапули) мукаррар гардидааст, камтар бошад.

Пардохти яквакта аз чониби муассисаи сугурта хангоми расидан ба синни мукарраргардидаи нафака ва пайдо гардидани хукук ба гирифтани иловапули дода мешавад. Пардохт бо рохи гузаронидани маблаг ба хисобномае (пасандозе), ки шахси сугурташуда пешниход менамояд, анчом дода мешавад.

Дар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон маблаге, ки дар хисобномае захиравии инфироии шахси сугурташуда мавчуд аст, дар асоси аризаи хаттии у метавонад ба фонди гайридавлатии нафака, ки реквизитхои онхоро аризадиханди зикр менамояд, гузаронида шавад.

Фонди гайридавлатии нафакаро (ба истиснои фондхои гайридавлатии нафакае, ки ба шахсони барои зисти доими ба хорича  сафаркунанда хизмат мерасонанд ва ва хукук доранд фонди гайридавлатии нафакаро вобаста ба махалли (кишвари) нави зист зикр намоянд), шахси сугурташуда аз хисоби фондхое метавонад  интихоб намояд, ки дар худуди Чумхурии Точикистон фаъолият менамоянд.

Тартиб ва шарти гузаронидани маблаги андухти нафакаро ба фондхои гайридавлатии нафака Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Дар сурати пардохти маблаги андухти нафакави мутобики кисмхои панчум, шашум ва хафтуми моддаи мазкур шахси сугурташуда хукуки худро барои мукаррар намудани иловапули ба нафакаи мехнаи аз маблаге, ки дар хисобномахои андухти инфироди мавчуданд, аз даст медихад.

(Моддаи 101. хоричир карда шуд мувофики Конуни ЧТ аз 16.04.2012с., №824) 

Моддаи 102. Раками инфиродии сугуртаи ичтимои

Дар низоми сугуртаи ичтимои  барои хар як шахси сугурташуда раками инфиродии сугурта гузоштамешавад, ки он хамзамон  раками хисобномаи андухти инфироди мебошад.

Зикри ракамхои инфиродии сугуртаи ичтимои дар муносибатхои байнихамдигарии сугуртакунанда, муассисаи сугурта ва шахси сугурташуда хатми мебошад. 

Моддаи 11. Таъминоти нафака

Тартиби мукаррар намудан, таъин, хисобу китоб ва пардохти хамаи намудхои нафака бо конун «Дар бораи таъмини нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон» ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 12. Кумакпули хангоми корношоямии муваккати

Хангоми бемори (чарохат бардоштан), ки бо гум кардани кобилияти кори вобаста аст, дар вакти зарурати нигохубини узви бемори оила, карантин, протезгузори кумакпули барои корношоямии муваккати пардохта мешавад.

Кумакпули барои кроношоямии муввакати ба андозаи зайл пардохт карда.мешавад:

100 фоиз музди мехнат:

– ба кормандон хангоми бардоштани осеби мехнати ё беморихои касби

– ба иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани, ки кор мекунанд ва шахсони ба онхо баробаркардашуда;

-ба кормандоне, ки аз минтакаи олудаи радиоактиви дар натичаи садамаи Чернобил ва минтакахои ба онхо баробаркардашудаи офатхои табии хангоми гирифтор шудан ба беморихои узвхои хосилкунандаи хун (лейкози шадид), гадуди сипаршакл (аденома, саратон), варамхои хатарнок кучонида шудаанд.

70 фоизи музи мехнат:

– ба кормандоне, ки собикаи мехнатии бефосилаи хаштсола ва беш аз он доранд;

– ба кормандоне, ки тахти сарпарастии худ се ва ё бештар фарзандони то 16-сола (ё хонандагони то 20-сола) доранд;

– ба кормандони ятим , ки ба сини 23 нарасидаанд.

60 фоизи музди мехнат:

– ба кормандоне, ки собикаи мехнатии бефосилаи то хаштсола доранд.(КЧТ аз 01.08.2012с, №893)

Агар корманд дар давраи кор, дар рох  хангоми ба кор омадан, хамчунин хангоми аз кор  ба хона рафтан, аз чумла рузи аз кор озод карда шуданаш муваккатан корношоям гардида бошад, ба гирифтани кумакпули хак дорад.

Кумакпули барои корношоямии муваккати то баркарор гардидани кобилияти мехнати, вале ба муддати на зиёдтар аз чор мохи бемории пай дар пай ва хангоми мубталои касалии сил будан ба муддати на бештар аз дувоздах мох дода мешавад ва баъди ин кормандро барои мукаррар кардани маъюби ба  Хадамоти давлатии ташхиси тиббию ичтимои мефиристанд.

Кумакпули барои корношоямии муваккати аз руи хисоби якмоха назар ба андозаи нишондиханда барои хисобхо, кам буда наметавонад.

Барои таъини кумакпули барои корношоями муваккати варакаи корношоями (варакаи бемори), ки тибки тартиби мукарраршуда дода шудааст, асос буда метавонад. Дар сурати гум кардани варакаи корношоями кумакпули тибки нусхаи он (дубликат) пардохта мешавад.

Муайян кардани хачми собикаи бефосилаи кори мутобики коидахои хисобу китоби собикаи бефосилаи кории кормандон хангоми таъ­ини кумакпулихо оид ба сугуртаи давлатии ичтимои, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, аз рузи фарорасии корношоя­ми хисоб карда мешавад.

Тартиби таъин ва пардохти кумакпулихо оид ба корношоямии му­ваккати дар корхонахо тибки асноди меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Шахсони сугурташуда аз чумлаи сохибкорони инфироди тибки тартиби  умуми ба кумакпули барои корношоямии муваккати  хукук доранд. Кумакпули ба шахсони мазкур хангоми пешниходи эъломияи сугуртаи ичтимои ба тарики бахисобгирии маблаги кумакпулии ба онхо таалукдошта ба хисоби сахмхои пардохтшвандаи  сугурта пардохта мешавад.

Моддаи 13. Кумакпулии хомиладори ва таваллуд

Кумакпулии хомиладори ва таваллуд ба андозаи пурраи музди мехнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби хомиладори ва таваллуд дода мешавад, сарфи назар аз он ки чанд рузи рухсати ба давраи пеш аз таваллуд ва чанд рузи он ба давраи пас аз таваллуд рост омадааст, пардохта мешавад.

Моддаи 14. Кумакпулии оилави

Хангоми таваллуди кудак дар оила кумакпулии оилавии зайл пардох­та мешавад:

кумакпулии яквакта бинобар таваллуди кудак;

кумакпулии хармоха барои нигохубини кудак.

Кумакпулии яквакта бинобар таваллуди кудак ба андозаи зерин таъин карда мешавад:

хангоми таваллуди кудаки якум — ба андозаи се нишондиханда барои хисобхо;

хангоми таваллуди кудаки дуюм — ба андозаи ду нишондиханда барои хисобхо;

хангоми таваллуди кудаки сеюм ва зиёда — ба андозаи як нишондиханда барои хисобхо.

Кумакпули дар чои кори (тахсили) яке аз волидайн, агар падару модар кор ё тахсил накунанд — аз чониби шуъбахои хифзи ичтимоии ахолии махалли истикомат пардохта мешавад.

Кумакпулии яквакта хангоми таваллуди кудак аз рузи таваллуди кудак таъин ва пардохта мешавад, агар мурочиат барои гирифтани он на дертар аз шаш мохи пас аз рузи таваллуди кудак сурат гирифта бошад.

Дар сурати додани рухсати ба зан барои нигохубини кудак то ба синни якунимсолаги расидани он барои ин мухлат дар чои кор аз хисоби маблагхои сугуртаи ичтимои ба андозаи 100 фоизи нишондиханда барои хисобхо ба у кумакпулии хармоха барои нигохубини кудак пардохта ме­шавад.

Моддаи 141. Тартиб ва шартхои пардохти кумакпулихо хангоми корношоямии муваккати, хомиладорию таваллуд ва кумакпулихои оилави

Тартиб ва шартхои пардохти кумакпулихо хангоми корношоямии муваккати, хомиладорию таваллуд ва кумакпулихои оилавро Хукумати Чумхурии Точикстон муайян мекунад.(КЧТ аз 28.12.2013с. №1059)

 

Моддаи 15. Кумакпули ба сабаби бекори

Кумакпули ба сабаби бекори мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мусоидат ба шугли ахоли» ва дигар  санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонтаъин ва пардохта мешавад.

 

Моддаи 16. Кумакпули барои дафн.ба аъзои оилаи камбизоат

Кумакпули барои дафн (кумакпулии маросими) ба аъзои оилаи камбизоат дар холати фавти корманди сугурташуда, ё худ дар холати фавти аъзои оила, ки дар таъминоти у мебошанд, дода мешавад. Андозаи кумакпули барои дафн баробари бист нишондиханда барои хисобхоаст.(КЧТ аз 01.08.2012с, №893)

Тартиб ва шартхои пардохти кумакпулиро барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад. .(КЧТ аз 01.08.2012с, №893)

 

Моддаи 161. Таъин ва пардохти кумакпулихои ичтимои ба гуруххои алохидаи шахсони сугурташуда

Шахсони сугурташуда аз чумлаи сохибкорони инфироди ба кумакпулие, ки мутобики моддахои 12, 13,14,15 ва 16 Конуни мазкур дар асосхои умуми таъин карда мешавад, хукук доранд. Кумакпулии таъингардидаро макоми ваколатдор тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии  Точикистон мепардозад. (КЧТа аз 16.04.2012с., №824)

Шахсоне,ки фаъолияти мехнатиро берун аз худуди Чумхурии  Точикистон ё дар намояндагихои  давлатхои хоричи, ташкилотхои байналмилалии вокеъ дар худуди Чумхурии  Точикистон  анчом медиханд, ба гирифтани кумакпули хукук доранд, ба шарте, ки сахмхои сугуртаро корфармоён (сугуртакунандагони онхо) мутобики Конуни мазкур ва ё созишномахои дучониба ва бисёрчонибаи  байнидавлатии басташуда дар бораи тартиби сугуртаи ичтимои ва нафакаи шахрвандони кишвархое, ки ин созишномахоро имзо кардаанд, пардохта бошанд ва ё дар сурати аз тарафи хамин шахсон тибки тартиб ва андозаи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон маблаги андози ичтимои мустакилона пардохт шуда бошад.

 

Моддаи 17. Маблаггузории пардохтхои дорои хусусиятхои максаднок оид ба сугуртаи давлатии ичтимои

Аз хисоби маблагхои сугуртаи давлатии ичтимои пардохтхои вобаста ба тандурустии ашхоси сугурташуда ва аъзои оилаи онхо, ки тахти сарпарастиашон карор доранд (муоличаи санаторию курорти, ташкили фаросати кормандон ва аъзои оилаи онхо, таъмини хуроки пархези ва дигар тадбирхои тундурустию пешгирикунанда), анчом дода мешавад. Харочоти ин маблагхо бевосита дар корхонахо аз чониби макоми дахлдори намояндаги ба андоза ва тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Маблагхои  макомоти ваколатдор,  инчунин ба маблаггузории тадбирхои зайл равона карда мешаванд:

барои химояи хукукии ахоли, таъминоти сахми санаторию профилакторияхо, лагерхои тандурусти, кисман таъмин намудани штатхои мактабхои варзиши атфол ва чавонон, татбики дигар тадбирхое, ки ба вазифахои  тандурустии  кормандон ва аъзои оилаи онхо марбутанд;

маблаггузории харочот оид ба омодагии касби, такмили ихтисос ва бозомузии бекорон, аз чумла пардохти стипендия, пардохти корхои чамъияти, таъсиси чойхои кори барои шахрвандони бекоре, ки ба хиф­зи ичтимои эхтиёч доранд;

таъмини худмашгулияти ахолии бекор ва таъсиси чойхои иловагии кори, барои фаъолияти илмию тадкикоти оид ба масъалахои шугл ва заминахои моддию техникии он, маблаггузории тадбирхои хамкории бозори мехнат, барои таъминоти хадамоти давлатии шугл ва рушди байналхалки оид ба масъалахои шугл ва бекори;

татбики барномахои чумхурияви ва минтакави оид ба дастгирии ичтимоии нафакахурон, маъюбон, атфол ва дигар гуруххои ахоли;

таъмини нигахдошти макомоти идораи хадамоти макомоти ваколатдор,  тарбия ва бозомузии кадрхо, рушди заминаи моддию техникии низоми фонд;

пардохти чубронпули ба ивази роххатхои истифоданашудаи муоличаи санаторию курорти ба маъюбони Чанги Бузурги Ватани ва ашхоси ба онхо баробаркардашуда;

пардохти кисми захиравии нафакаи мехнати.

 

ФАСЛИ 3. ШАРТХОИ УМУМИИ ТАЪИН ВА ПАРДОХТИ МАБЛАГХОИ

СУГУРТА ВА ПАРДОХТХОИ МАКСАДНОК

 

Моддаи 18. Таъин, маблагхои сугурта, хачм ва мухлати пардохти он

Таъин ва пардохти чамъи маблагхои сугурта оид ба хар як навъи сугуртаи давлатии ичтимои дар хачм ва мухлатхои пешбининамудаи конун анчом дода мешавад.

Ба ашхоси сугурташуда, ки тахти муносибатхои мехнати карор доранд, кумакпулихо ва пардохтхои максаднок оид ба сугуртаи давлатии ичтимои дар чои кор ё махалли истикомати сугуртакунанда таъин ва пардохта мешаванд. Дар сурати бархам хурдани корхона ё иваз шудани сугуртакунанда, кумакпулихо аз чониби вориси хукуки таъин ва пар­дохта мешаванд ва хангоми мавчуд набудани вориси хукуки — аз чониби макоми ваколатдори сугуртакунандаи ичтимои (муассисаи сугурта), ки сугуртакунандаро ба кайд гирифтааст, анчом дода мешавад.

Ба ашхоси бакайдгирифташудаи бекор (нафакахурон ва бекорон) пардохтхо аз чониби макоми ваколатдори махалли зист пардохта ме­шавад.

Кумакпулихо хангоме таъин ва пардохта мешаванд, ки агар дар мавриди пардохти он на дертар аз 6 мох, то рузи хатми холати сугурта мурочиат карда бошанд.

Кумакпулие, ки то рузи фавти шахси сугурташуда талаб карда нашудааст, ба аъзои оилаи у ё ашхоси тахти сарпарастии шахси фавтида карордошта, пардохта мешавад.

Кумакпулихои пурра гирифтанашудаи бокимонда ба амволи мероси дохил карда намешаванд.

Мутобики хамин Конун пардохтхо ба ашхоси сугурташудаи нохияхо ва махалхо, ки тибки тартиби мукарраршуда барояшон коэффитсиентхои нохияви ба музди мехнат истифода мегарданд, зиндаги ва мехнат мекунанд, бо дарназардошти ин коэффисиентхо пардохта мешаванд.

 

Моддаи 19. Нигох доштани маблаги кумакпулихои изофатан пардохташуда

Маблагхои изофагии ба гиранда пардохташудаи сугуртапули, агар додани изофапули бо гунохи у сурат гирифта бошад, тибки тартиби муайяннамудаи конун нигох дошта мешаванд.

 

Моддаи 20. Халли бахсхо оид ба масъалахои таъминот бо кумакпули

Бахсхо байни ашхоси сугурташуда ва сугуртакунандагон дар мав­риди масъалахои таъминот бо кумакпули оид ба сугуртаи давлатии ичтимои бо тартиби суди мавриди барраси карор мегирад.

 

Моддаи 21. Макомоти идораи сугуртаи давлатии ичтимои

Идоракунии низоми сугуртаи давлатии ичтимои аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ба воситаи макомоти ваколатдор, бо иштироки  намояндагони кормандон ва ассотсиатсияи корфармоён, ки тахияи сиёсати мувофикашудаи давлатиро дар сохаи сугуртаи ичтимои, инчунин аудити молияви ва хукукии иштирокчиёни  сугуртаи ичтимоиро амали менамоянд,  анчом дода мешавад.

Идораи оперативии маблаг ва амволи сугуртаи давлатии ичтимои аз чониби макомоти ваколатдор  анчом дода мешавад.

Макомоти ваколатдор фаъолияти худро мувофики Конуни мазкур,  дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин Низомномае,  ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад,  амали  менамояд.

Бо максади назорат аз болои дурустии пардохти кумакпули чихати сугуртаи давлатии ичтимои аз тарафи сугуртакунанда дар корхонахо, ташкилотхо ва муассисахо аз хисоби намояндагони бакортаъминкунанда, кумитаи иттифоки касаба ва ё дигар макоми намояндагии кормандон комиссия таъсис меёбад ва ё вакили масъули сугуртаи ичтимои интихоб мешавад. Харочоти маблаги сугурта барои табобати санаторию курорти, истирохати кормандон аз аъзои оилаи онхо, хурокхурии пархези ва дигар тадбирхои солимгардонию профилактики бевосита дар корхонахо аз тарафи кумитаи иттифоки касаба ё дигар макоми намоян­дагии кормандон анчом мегардад.

 

ФАСЛИ 4. МАБЛАГГУЗОРИИ СУГУРТАИ ДАВЛАТИИ ИЧТИМОИ

 

Моддаи 22. Маблагхо барои таъмини пардохтхо оид ба сугуртаи давлатии ичтимои

Маблаггузории пардохти нафака, кумакпулихо ва дигар пардохтхои дорои хусусиятхои максаднок оид ба сугуртаи давлатии ичтимои аз чониби муассисаи сугурта анчом дода мешавад.

Маблагхои  макомоти ваколатдораз хисоби зайл ташаккул меёбанд;

Сахмхои сугуртаи хатмии корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои хамагуна шакли моликият, дигар ташкилотхо, ки дар худуди Чумхурии Точикистон карор доранд, сарфи назар аз тобеияти онхо, сахмхои шахрвандон, ки ба фаъолияти сохибкори машгуланд (шахсони хукуки намебошанд) ва дигар шахрвандон, ки мутобики хамин Конун бояд ба сугуртаи давлатии ичтимои фаро гирифта шавад;

Маблагхое, ки вобаста ба таъин намудани нафакаи пеш аз мухлат ва ба максадхои таъминоти имтиёзноки нафака мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон» ситонида мешавад;

Маблагхои сахмхои хатмии сугурта, ки бидуни тартиби бахс аз шахсони хукуки ва вокеи ситонида мешаванд;

Сахмхои ихтиёри ва пардохтхои хайрияи шахсони хукуки ва вокеи;

дивидент ва даромадхои бадастовардашуда аз фаъолияте, ки конунгузори манъ нанамудааст;

даромадхое, ки хангоми расонидани ёрии молияви аз хисоби маблагхои муваккатан озод ва оид ба депозитхои  макомоти ваколатдор  ба даст оварда мешавад;

маблагхои бучети чумхуриявии барои пардохти нафака ва кумак­пулихо ба хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо пешбинишуда, нафака барои хизматхои махсус дар назди Чумхурии Точикистон ва талофии харочоти баланд бардоштани хачми нафака ва кумакпулихо во­баста ба тагйирёфтани индекси рузгузарони ва афзоиши музди мехнат;

маблаги бучети махалли, ки барои пардохти нафака барои хизматхои шоёни дорои ахамияти махалли, инчунин нафакахои ичтимои пешбини шудаанд;

маблаге, ки ба кисми махсуси хисобномаи захиравии инфироди, чихати пардохтхои минбаъда ба нафакахурон хангоми пешбурди бахисобгирии инфироди дар низоми сугуртаи давлатии ичтимои ворид карда шудаанд;

дигар воридоте, ки ба конунхо ва дигар асноди меъёрию хукуки мухолиф намебошанд.

Маблагхои пулии  макомоти ваколатдормусодира ва андозбанди намегарданд аз онхо бочу хирочи комиссиони ситонида намешавад.

Маблаги дар бучети  макомоти ваколатдорчамъгардида ба ду гурух таксим мешавад:

– сахмхои сугуртави, маблаги мучозоти молиявии воридшуда, субвенсияи бучетхои чумхурияви ва махалли, даромад ва фоизхо аз чойгиркунии маблаги муваккатан озод ба таркиби бучети давлати дохилгардида дар бучети тасдикгардидаи соли навбати таксим ва харч карда мешаванд;

– маблаге, ки хамчун сахмхои нафакави аз хисоби музди мехнат ва даромади шахрвандон ворид мегардад ва ба кисми захиравии суратхисоби инфиродии шахси сугурташуда дохил мегардад, инчунин фоизхо ва даромадхо аз чойгиркунии муваккатии онхо дар Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли навбатии молияви пешбини намешаванд ва дар шакли захираи нафакавии давлати нигох дошта мешавндю

Дар бучети  макомоти ваколатдор  барои соли навбатии молияви маблаги дар хамин сол ворид ва харчшаванда, инчунин маблаге, ки барои пардохти иловапулихо ба нафака аз андухти (аз захираи нафакавии давлати) нафака дар хамин сол равона мегарданд, пешбини мешаванд.

 

Моддаи 23. Сохтор ва хачми  тарифхои сахмияхои сугурта

Сугуртакунандагон ухдадоранд андози ичтимоиро тибки тартиб ва хачми мукаррарнамудаи  Кодекси андози Чумхурии Точикистон хисоб ва пардохт намоянд.

Ба таркиби андози ичтимои дохил мешаванд:

– сахмхо барои сугуртаи ичтимои;

– сахмхои нафакави;

– сахмхои сугурта барои бекори.

Сахмхои сугуртае, ки шахсони сугурташуда пардохтаанд, дар хисобномахои андухти инфироди бо тартиби мукаррарнамудаи Чумхурии Точикистон ба хисоб гирифта мешаванд.

Маблаги адози ичтимои ва сахмхои нафака аз хисоби маблаги андозбандишаванда бароварда мешавад.

 

Моддаи 231. Тартиби нигохдори, бахисобгири ва истифодаи воситахои пули, ки ба хисобномаи захиравии инфироди ворид шудаанд

Хангоми чори намудани бахисобгирии захиравии инфироди дар низоми давлатии сугуртаи ичтимои ба хар як шахси сугурташуда хисобномаи захиравии инфироди кушода мешавад, ки дар намуди электрони маълумот оиди хукукхои нафакави аз хисоби захирахои хатмии нафакави кайд карда мешаванд.

Суратхисоби захиравии инфироди кисми махсуси хисобнома мебошад, ки сахмхои сугуртавии воридгардида, маблагхои хисобкардашудаи даромадхо аз истифодаи захирахои шахси сугурташуда, индексатсияи ин маблагхо ва пардохтхои анчомдодашударо дар бар мегирад.

Бо максади аз бекурбшави нигох доштан ва таъмини индексатсияи минбаъдаи маблагхое, ки дар суратхисоби захиравии инфироди чамъ омадаанд,  макомоти ваколатдорхукук дорад, тибки конунхои амалкунанда онхоро ба хисоби депозити дар бонкхои Чумхурии Точикистон, дар когазхои кимматнок (сахмхо, векселхо ва гайра) гузорад.

Бо максади таъмини даромад маблаги андухти нафакавиро муассисаи сугурта метавонад ба активхои нафакаи фондхои гайридавлатии нафака тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чойгир намояд.

Муассисаи сугурта ухдадор аст даромаднокиро аз чойгиронии маблаги андухти нафакави на камтар аз нишондихандаи ставкаи азнавмаблаггузории Бонки миллии Точикистон таъмин намояд.

Тартиби таъин ва пардохти кисми кафолатии нафакаи мехнатиро аз хисоби захирахои хатмии нафакави конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 24. Ухдадорихои пардохткунандагони сахмияхои сугурта

Пардохткунандагони сахмияхои сугурта ба  макомоти ваколатдор — сугуртакунандагон ва ашхоси сугурташуда мебошанд.

Пардохти сахмияхои сугурта аз чониби сугуртакунанда, аз лахзаи аз тарафи муассисаи сугурта ба кайд гирифтани он, анчом дода мешавад.

Сахмияхои сугурта, сарфи назар аз андоз ва дигар пардохтхои хатми, супурда мешаванд.

Макомоти ваколатдор хангоми нигахдошт ва истифодаи маълумотхои зикршуда махфияти онхоро таъмин менамояд. Ба дигар ашхос додани онхо танхо дар холатхои пешбининамудаи конун ичозат дода мешавад.

 

Моддаи 25. Хисоби сахмхои сугурта

Хисоби сахмхои сугуртаро адозсупоранда мутобики Кодекси андози Чумхурии Точикистон, хамзамон ба хисобии музди мехнат (пардохти музди мехнат) ба кормандон ё муайян намудани даромади сугурташавандаи сохибкорон ё шахсоне, ки бо фаъолияти мехнатии инфироди машгуланд, анчом медиханд.

Сугуртакунанда ухдадор аст хисоб ва пардохти хармохаи сахмхои сугуртаро таъмин намояд.

Хангоми риоя накардани мухлатхои хисоби андози сугурта муассисаи сугуртаи хукук дорад нисбати сугуртакунанда тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси андози Чумхурии Точикистон мучозоти молияви истифода намояд.

 

Моддаи 26. Тартиб ва мухлати пардохти сахмияхои сугурта

Сугуртакунандагон хар мох, дар мухлатхои аз бонк гирифтани маблагхо барои пардохти музди мехнати мохи гузашта, ки ба он сахмхои сугурта ба хисоб гирифта шудааст, маблагхои сугуртаро мегузаронанд.

Сугуртакунандагоне, ки дар муассисахои бонки хисобномахо надоранд, инчунин онхое, ки пардохти музди мехнатро аз хисоби маблаг, фуруши махсулот, ичрои кор ва хизматрасони анчом медиханд сахмияхои сугуртаро то таърихи 10 мохе, ки пас аз мохи хисоб кардан сахмияи сугурта фаро мерасад, мепардозанд.

Пардохткунандагони сахмияхои сугурта, ки ба онхо вобаста ба шароити мехнат мутобики конунгузории чори барои мехнат оид ба натичахои  нахоии  кор подошпули муайян карда шудааст, вобаста ба маблаги ба хисоби музди мехнат ё дар шакли ставкахои устувор, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд, сахмияхоро пардохта минбаъд оид ба натичахои сол, дар мухлатхои барои максадхои зикр шуда аз муассисахои бонки гирифтани маблаг хисобро баробар мекунанд.

Пардохткунандагони сахмияхои сугурта, ки фаъолияти мехнатиро тибки шартхои дигар анчом медиханд, сахмияхои сугуртаро аз он даромад ва дар он мухлатхое мепардозанд, ки Кодекси андози Чумхурии Точикистон муайян кардааст.

 

Моддаи 27. Муносибатхои байнихамдигарии макомоти сугуртаи ичтимои ва пардохткунандагони сахмияхои сугурта бо бонкхо ва дигар  ташкилотхои  кредити

Бонкхо ва дигар ташкилотхои кредити хисобномахои (чори) пардохткунандагони сахмияхои сугуртаро хангоми пешниход намудани асноде, ки ба сифати пардохткунандаи сахмияи сугурта ба кайд гирифта шудааст, тасдик мекунад ва оид ба дигар хисобномахо, аз чумлабучети, асъори, карзи, депозити, аккредитиви ва дигархо бошад —хангоми пешниход намудани аснод дар бораи огохонии макомоти макомоти ваколатдордар бораи нияти пардохткунандаи сахмхои сугурта дар мавриди дар бонк кушодани хисобномаи дахлдор, мекушоянд.

Пардохткунандагони сахмияхои сугурта хамзамон бо талаб карда гирифтани маблагхо барои пардохти музди мехнат барои мохи гузаш­та ба бонк супоришномахои пулиро оид ба сахмияхои сугуртаи ба макомоти ваколатдоргузаронидашуда, ки бидуни он маблагхо барои пардохти музди мехнат дода намешаванд, пешниход мекунанд. Супоришномахои пардохти зикршуда, инчунин супоришномахои пардохти пеня, чарима ва дигар пардохтхо дар навбати аввал ичро карда мешаванд.

Дар холатхое, ки муассисахои бонки бо максади истифодаи маблагхои сахмияхои сугуртаи воридшуда дар гардиши бонк ва аз он ба даст овардани фоида мухлати бахисобгирии маблагхоро мегузаронанд, аз чониби онхо барои хар як рузи гузаронидани мухлат дар хачми дукарата дар мукоиса бо ставкаи фоизии чории азнавмаблаггузории (рефи­нансирования) бонки миллии Чумхурии Точикистон фоизхо пардохта мешаванд.

Маблагхое, ки ба бучети  макомоти ваколатдордар натичаи ичрои мучозотхои молияви (пения, чарима) ворид гардидаанд, барои максадхои сугуртаи ичтимои масраф карда мешаванд.

Амалиётхо оид ба маблагхои  макомоти ваколатдораз чониби ташкилотхои бонки ё дигар ташкилотхои кредити бидуни талаби подоши комиссиони барои ин амалиёт анчом дода мешавад.

 

Моддаи 28. Назорати пардохти сахмияхои сугурта ва харочоти маблагхои сугуртаи ичтимои

Назорати пардохти сахмияхои сугурта ва харочоти маблагхои су­гуртаи ичтимои бо карори макоми идораи сугуртаи давлатии ичтимои аз чониби намояндаи макомоти сугуртаи ичтимои ё ташкилоти мустакили аудитори анчом дода мешавад.

Сугуртакунандагон, бонкхо, дигар макомоте, ки оид ба маблагхои сугуртаи давлатии ичтимои амалиётро анчом медиханд, вазифадоранд ба макомоти назораткунандаи сугуртаи ичтимои аснод ва маълумотхои зарурии марбут ба сохаи фаъолияташонро пешниход намоянд.

Назорати чамъияти чихати таъмини хукуки ашхоси сугурташуда, харочоти маблагхои сугуртаи давлатии ичтимои дар корхонахо, ташкилоту муассисахо аз чониби макомоти намояндагии кормандон анчом дода мешавад.

 

Моддаи 29. Масъулият барои хисоби нодуруст, сари вакт напардохтан ва нагузаронидани сахмияхои сугурта

Барои хисоби нодуруст, сари вакт напардохтан ва нагузарондани сахмияхои сугурта ба Фонди сугуртаи давлатии ичтимои, сари вакт хамчун пардохткунандаи сахмияхо ба кайд нагирифтани сугуртакунандагон мутобики Кодекси андози Чумхурии Точикистон ва Кодекси Чумхурии Точикистон дар бораи  хукуквайронкунихои маъмури  ба чавобгари кашида мешаванд ва инчунин хангоми ичрои амле, ки аз он ба бучети Фонд зиёни модди расидааст, сугуртакунанда ухдадор аст зиёнро дар хачми пурра чуброн намояд. Чуброни зиён метавонад тибки тартиби мукаррарнамудаи конугузории Чумхурии Точикистон ё бо карори суд ситонида шавад..

 

Моддаи 30. Мухлатхои дида баромадани мурочиатхо дар бораи вайрон шудани конунгузори дар хусуси сугуртаи давлатии ичтимои

Мурочиати сугуртакунандагон ва сугурташудагон аз руи масъалахои вайрон шудани конунгузори оиди сугуртаи давлатии ичтимои аз тарафи сугуртакунанда дар мухлати 30 рузбарраси карда мешавад. Аз натичаи он  сугуртакунанда ба аризадиханда баъди кабули карор дар муддати 10 руз ба таври хатти хабар медихад. (К ЧТ аз 16.04.2012с., №824)

Дар холати рози нашудан бо карори кабулшуда, бахс дар тартиби суди хал карда мешавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                              Э. РАХМОНОВ

     ш. Душанбе, 

13 декабри соли 1997,

№517

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …