КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Дар бораи созишномахо оид ба таксими махсулот
(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2007, №3, мод.171, соли 2008, №6, мод.458; Конуни ЧТ аз 01.08.2012с., №887)
Конуни мазкур асосхои хукукии муносибатхои байни давлат ва сармоягузорро, ки зимни сармоягузории дохили ва хоричи ба максади чустучуй, тадкик ва истихрочи канданихои фоиданок дар каламрави Чумхурии Точикистон тибки шартхои созишномахо оид ба таксими махсулоти истехсолшуда ба миён меоянд, мукаррар менамояд.
Боби 1. Мукаррароти умумИ
Моддаи 1. Муносибатхои байни тарафхои созишномахо оид ба таксими махсулот
- Конуни мазкур муносибатхои байни давлат ва саромоягузорро хангоми бастан, ичро ва катъ намудани созишномахо оид ба таксими махсулот, ки дар мавриди истифодаи сарватхои зеризамини ба миён меоянд, муайян ва танзим мекунад.
- Муносибатхои байни тарафхо, ки дар раванди истифодаи сарватхои зеризамини, инчунин интикол, коркард, азнавкоркуни, нигахдори, истифодабари, фуруш ё ихтиёрдории махсулоти истехсолшуда ба миён меоянд, бо созишномахо оид ба таксими махсулот, ки мутобики Конуни мазкур баста мешаванд, танзим карда мешаванд.
- Хукук ва вазифахои тарафхо, ки хусусияти граждани – хукуки доранд, мутобики Конуни мазкур ва Кодексиграждании Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
- Муносибатхое, ки дар раванди истифодабарии сарватхои зеризамини берун аз доираи амали Конуни мазкур карор мегиранд, тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сарватхои зеризамини» ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 2. Конунгузори дар бораи созишномахо оид ба таксими махсулот
Конунгузори дар бораи созишномахо оид ба таксими махсулот ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– созишнома оид ба таксими махсулот (минбаъд – созишнома) –шартномае, ки тибки он Чумхурии Точикистон ба субъекти фаъолияти сохибкори (минбаъд – сармоягузор) ба музд ва ба мухлати муайян барои чустучу, иктишоф, тадкик, истихроч ва коркарди канданихои фоиданоки кони маъдани дар созишнома нишон додашударо ва барои ичрои корхои вобаста ба ин намудхои фаъолият хукукхои истиснои медихад ва сармоягузор ухдадор мешавад, ки фаъолияти дар созишнома нишондодашударо аз хисоби худ ва бо чуброни зиёни таваккали эхтимоли аз хисоби худ амали гардонад;
–махсулоти истехсолшуда – микдори махсулоти саноати истихрочи маъдан ва махсулоти коркарди конхои кушода, ки дар таркиби маъданхои аз каъри замин (партовхо, талафхо), ашёи хоми минерали (чинс, моеъ ва омехтаи дигар) вокеан истихрочшуда (гирифташуда) мавчуд аст ва аз чихати сифат ба стандарти давлатии Чумхурии Точикистон ё стандарти байналмилали мутобик буда, аз чониби сармоягузор дар чараёни ичрои корхо тибки созишнома оид ба таксими махсулот истихроч шудааст ва дар доираи меъёрхои мукарраргардида ба микдори талафоти технологии ин махсулот кам карда шудааст;
-махсулоти фоида – махсулоте, ки хангоми ичрои созишнома оид ба таксими махсулот дар давраи хисоботи (андози) истехсол гардидааст, бе назардошти махсулоти чуброни;
–махсулоти чуброни – кисми махсулоти хангоми ичрои созишнома оид ба таксими махсулот истехсолшудае, ки ба моликияти сармоягузор барои пушонидани харочоти бо максади ичрои созишнома оид ба таксими махсулот анчомдодаи он дода мешавад (харочоти чуброншаванда), ки таркиби онхо мутобики Кодекси андози Чумхурии Точикистон бо созишнома оид ба таксими махсулот мукаррар мегардад;
– истифодаи сарватхои зеризамини – истифодаи китъаи замини маъдандор бо максади чустучу, иктишоф, тадкик, истихроч, коркард ва истифодаи канданихои фоиданоки кони маъдани китъаи замини мазкур.
Моддаи 4. Созишнома оид ба таксими махсулот
- Созишнома хамаи шартхои истифодаи сарватхои зеризамини, аз чумла шартхо ва тартиби таксими махсулоти истехсолшударо дар байни тарафхои созишнома мутобики Конуни мазкур муайян менамояд.
- Шартхои истифодаи сарватхои зеризамини, ки дар созишнома муайян карда мешаванд, бояд ба конунгузории Чумхурии Точикистон мутобикат намоянд.
- Номгуиконхои маъданхои фоиданокро, ки хукуки истифодаи сарватхои зеризаминии онхо бо шарти таксими махсулот мутобики Конуни мазкур дода мешавад, Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.
Асоси ба номгуй дохил кардани конхои маъданхои фоиданок, ки хукуки истифодаи онхо бо шарти таксими махсулот дода мешавад, номатлубии шартхои маблаггузори кардани корхои барои китъаи мазкур мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сарватхои зеризамини», набудани имконияти маблаггузории бучави барои истифодаи самараноки конхои мазкур, аз чумла холатхои зерин буда метавонанд:
– кони маъданхои фоиданок дар махалхои баландкух ва ё дур аз махалхои ахолинишин чойгир шудааст ва барои истифодаи он шароит ва инфрасохторхои лозими вучуд надоранд;
– чустучу, иктишоф, тадкик ва коркарди кони маъданхои фоиданок технологияи серхарч ва маблаги калонро талаб менамоянд.
- Шартномахои байни давлат ва сармоягузорон, ки то мавриди амал карор гирифтани Конуни мазкур баста шудаанд, мутобики шартхои дар онхо муайяншуда ичро карда мешаванд. Дар ин маврид Конуни мазкур нисбати шартномахои зикрёфта ба хамон андозае татбик карда мешавад, ки хукук ва манфиатхои дар шартномахо ифодаёфтаи сармоягузорро махдуд намесозад.
Моддаи 5. Тарафхои созишнома
- Тарафхои созишнома (минбаъд-«тарафхо») Чумхурии Точикистон, ки аз номи он Хукумати Чумхурии Точикистон ё макомоти ваколатдори давлатии муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон, ки созишномаро имзо мекунад ва сармоягузорон мебошанд.
- Сармоягузорон шахсони хукуки, инчунин иттиходияхои шахсони хукукии дар асоси шартномаи фаъолияти якчоя ва дигар шаклхои фаъолият таъсисёфтае мебошанд, ки барои чустучу, иктишоф, тадкик ва истихрочи маъданхои фоиданок аз хисоби маблагхои худи ва ё чалбшуда сармоягузори мекунанд ва истифодабарандагони сарватхои зеризаминии кони маъданхои фоиданок тибки созишнома ба хисоб мераванд.
Моддаи 6. Истифодаи сарватхои зеризамини бо шарти таксими махсулот
- Хукуки истифодаи сарватхои зеризамини бо шарти таксими махсулот ба сармоягузор дар асоси созишнома дода мешавад.
- Ичозатномадихии фаъолият оид ба истифодаи сарватхои зеризамини тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад.
Моддаи 7. Мухлати амали созишнома
- Мухлати амали созишномаро тарафхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамоянд.
- Мухлати амали созишнома ва тартиби дароз кардани он дар созишнома нишон дода мешавад. Дар мавриди дароз кардани мухлати амали созишнома, мухлати амали ичозатномаи фаъолият оид ба истифодаи сарватхои зеризамини бояд аз чониби макоме, ки ин ичозатномаро додааст, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дароз карда шавад.
Боби 2. Бастани созишномахо ва ичрои онхо
Моддаи 8. Тартиби бастани созишномахо
- Созишнома мувофики тартиби мукарраркардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон баста мешавад.
Шартхои истифодаи сарватхои зеризаминии ин ё он кони маъданхои фоиданокро макомоти ваколатдори Чумхурии Точикистон бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон муайян намуда, лоихаи созишномаро тартиб медихад ва бо сармоягузор гуфтушунид мекунад.
- Дар сурати гузаронидани озмун созишнома бо голиби он, ки барои бастани созишнома шартхои бехтарин пешниход намудааст, баста мешавад. Дар шартхои озмун бояд иштироки шахсони хукукии Чумхурии Точикистон дар рохи ичрои корхои тибки созишнома бо хиссае, ки Хукумати Чумхурии Точикистон муайян кардааст, пешбини шуда бошад.
Созишномаро аз тарафи давлат макоми ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон имзо мекунад.
Моддаи 9. Шартхои ичрои корхо
- Ичрои кор ва намудхои фаъолияти (минбаъд – «корхои тибки созишнома») дар созишнома пешбинишуда мутобики барномахо, лоихахо, накшахо ва сметахое, ки бо тартиби муайянкардаи созишнома тасдик шудаанд, амали карда мешаванд.
- Корхо тибки созишнома бориояи конунгузории Чумхурии Точикистон, меъёрхо ва коидахои хифзи мехнат ва таъмини бехатарии корхо, хифзи сарватхои зеризамини, мухити табиии зист ва саломатии ахоли ичро карда мешаванд.
Дар созишнома бояд ухдадорихои сармоягузор оид ба масъалахои зерин пешбини шуда бошанд:
-ба шахсони хукукии мукими Чумхурии Точикистон додани хукуки иштирок дар ичрои корхои тибки созишнома ба сифати пудратчиён, молфиристонандагон, боркашонхо ё намудхои дигари фаъолият дар асоси шартномахои байни онхо ва сармоягузор;
– чалб кардани кормандон-шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахрвандони хоричи барои ичрои корхо тибки cозишнома. (КЧТ аз 01.08.2012с., №887)
- Баъди итмоми мухлати амали созишнома сармоягузор ухдадор аст, ки кони маъданхои фоиданоки барои истифодабари ба у додашударо ба давлат баргардонад.Тартиб ва мухлати баргардонидани кони маъданхои фоиданок дар созишнома муайян карда мешаванд.
- Бо максади хамохангсозии корхои тибки созишнома тарафхо шурои директоронро дар асоси чамъияти таъсис медиханд, ки ба хайати он шумораи баробари намояндагони тарафхо дохил мешаванд. Шумора, хукук ва вазифахои шурои директорон, инчунин тартиби кори шуро дар созишнома муайян карда мешаванд.
Тартиби таъин кардани намояндагони тарафи Чумхурии Точикистон дар шурои директорон ва ваколати онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
Моддаи 10. Таксими махсулот
- Махсулоти истехсолшуда байни сармоягузор ва давлат мутобики созишномаи байни онхо таксим карда мешавад. Дар созишнома (ба истиснои холатхое, ки дар кисми дуюми моддаи мазкур мукаррар карда шудаанд), нуктахои зерин бояд пешбини шуда бошанд:
-муайян кардани хачми умумии махсулоти истехсолшуда ва арзиши он, ки баандозаи талафи меъёрии технологи кам карда шудааст:
-муайян кардани кисми махсулоти истехсолшуда, ки ба моликияти сармоягузор барои чуброни харочоти ба ичрои корхои тибки созишнома (минбаъд – «махсулоти чуброн») сарфшуда дода мешавад. Дарачаи нихоии махсулоти чуброн набояд аз 70 фоиз зиёд бошад. Таркиби харочоти сармоягузор, ки барои хисоби микдори махсулоти чуброн ба инобат гирифта мешавад, дар созишнома мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад;
-тартиби таксими махсулоти фоида байни давлат ва сармоягузор;
-тартибиба давлат супориданикисми махсулоти истехсолшуда ё эквиваленти арзиши он аз тарафи сармоягузор;
-тартиби гирифтани кисми ба сармоягузор мансуби махсулоти истехсолшуда.
- Дар холатхои алохидадар созишноматартиби дигари таксими махсулоти истехсолшуда ё эквиваленти арзиши ин махсулот байни давлат ва сармоягузор ва тартиби муайян кардани хиссаи махсулоти истехсолшуда, ки ба давлат ва сармоягузор мансуб аст,пешбини шуда метавонад. Тартиб ва таносуби таксими махсулотиистехсолшуда байни иштирокчиёни созишнома вобаста аз арзёбии кони маъданхои фоиданок, нишондихандахои иктисодии лоихаи техники ва дигар омилхои техники – иктисоди дар созишнома муайян карда мешаванд.
Шартхои дар кисми мазкур нишон додашудаи созишнома бояд дар шартхои озмун пешбини карда шаванд.
Моддаи 11. Хукуки моликиятии сармоягузор ба махсулоти истехсолшуда
Сармоягузор махсулоти истехсолкардаи худро, ки ба он хукуки моликият дорад, аз худуди гумрукии Чумхурии Точикистон дар асоси шартхои муайянкардаи созишномаи тарафхо бидуни махдудияти микдори содиротбориоя кардани мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон бароварда метавонад. Бо хамин максад Хукумати Чумхурии Точикистон дар созишнома барои аз худуди Точикистон баровардани махсулоти ба сармоягузор таалукдошта ба сармоягузор барои содироти махсулот хиссаи (квотаи) дарозмуддат пешбини менамояд.
Моддаи 12. Хукуки моликият ба амвол ва маълумот
- Амволе, ки сармоягузор баъди имзои созишнома харидааст ё бунёд кардааст ва барои ичрои корхои тибки созишнома истифода мебарад, моликияти сармоягузор аст, агар дар созишнома холати дигар пешбини нашуда бошад.
Хукуки моликият ба ин амвол метавонад аз рузе, ки арзиши амволи мазкур аз тарафи давлат пурра пардохта шудааст ва рузе, ки созишнома катъ гардидааст, аз сармоягузор ба давлат гузарад. Дар давоми мухлати эътибори созишнома ба сармоягузор пурра хукук дода мешавад, ки ин амволро аз руи созишномаи ичрои кор истифода намояд. Дар ин сурат, масъулияти нигохдории амволи номбурда ва хатари осеби тасодуфии он ба зиммаи сармоягузор гузошта мешавад.
- Маълумотхои аввалияи геологи, геофизики ва кимиёви, хамчунин намунаи чинсхои маъдан, ки ба сармоягузор дар раванди ичрои корхо тибки созишнома дастрас гардидаанд, моликияти давлат хисоб меёбанд. Сармоягузор хукук дорад , ки бо риояи шартхои махфият барои ичрои корхои тибки созишнома ин маълумот ва намунахоро истифода барад.
Моддаи 13. Хамлу накл, нигохдори ва коркарди маъдан
- Сармоягузор хукук дорад, ки дар асоси шартнома аз иншоотхои наклиёти кубури ва дигар иншоотхои мавчудаи наклиёти, хамлу накл, нигохдори ва коркарди маъдан истифода барад.
- Сармоягузор дар доираи кор метавонад барои нигохдори, коркард ва хамлу накли маъдан иншоотхо бунёд намояд ва дар ин маврид хукуки моликият ба иншоотхои мазкур дар созишнома бо назардошти моддаи 12 Конуни мазкур муайян карда мешавад.
Моддаи 14. Андозбандии фаъолият тибки ичрои созишнома
Дар чараёни ичрои созишнома оиди таксими махсулот хисоб ва пардохти андозхо мутобики тартиби мукаррарнамудаи Кодекси андози Чумхурии Точикистон амали гардонида мешаванд.
Моддаи 15. Бахисобгири ва хисоботдихи
- Бахисобгирии фаъолияти молиявию хочагии сармоягузор зимни ичрои корхо тибки созишнома аз руи хар созишнома ба таври алохидаги ва хамчунин чудо аз чунин бахисобгири дар мавриди ичрои дигар кор, ки бо созишнома алокаманд нест, сурат мегирад. Тартиби ин бахисобгири тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
- Бахисобгирии мухосибави ва хисоботии ичрои корхо аз руи созишнома бо асъори миллии Чумхурии Точикистон ё худ бо асъори хоричи сурат мегирад. Агар бахисобгирии мухосибави бо асъори хоричи сурат гирад, маълумоти хисоботе, ки манзури макомоти давлати мешавад, бояд бо асъори хоричи ва асъори милли хисоб карда шавад. Хамзамон, хамаи маълумоти бо асъори хоричи хисоб кардашуда, бояд аз руи курби асъор, ки Бонки миллии Точикистон дар рузи пардохт муайян кардааст, ба асъори милли гардонида шавад.
Моддаи 16. Суратхисобхои бонки ва танзими асъор
Сармоягузор барои ичрои корхо аз руи созишнома бояд дар бонкхои Чумхурии Точикистон ва (ё) давлатхои хоричи суратхисобхои махсуси бонкии дорои асъори милли ва (ё) асъори хоричи дошта бошад, ки танхо барои ичрои корхои дар созишнома зикршуда истифода бурда мешаванд.
Моддаи 17. Вогузоштани хукук ва вазифахои дар созишнома муайяншуда
- Сармоягузор метавонад хукук ва вазифахои дар созишнома муайянгардидаи худро ба шахси хукуки ё шахси вокеии дигар танхо бо ризоияти тарафи Чумхурии Точикистон пурра ё кисман вогузорад, ба шарте, ки ин шахсон захираи кофии молияви, техники ва тачрибаи идоракуни, ки барои ичрои кор тибки созишнома зарур аст, дошта бошанд.
- Хукуку вазифахои дар созишнома муайянгардида ба таврихатти бо рохи тартиб додани санади махсусе, ки кисми таркибии созишнома ба хисоб меравад, бо тартиб ва дар мухлати муайяннамудаи созишнома ба зиммаи шахси хукуки ё вокеии дигар вогузор карда мешаванд ва зимни ин ичозатнома барои истифодаи сарватхои зеризамини дар давоми 30 рузи ба имзо расидани санади мазкур аз нав ба расмият дароварда мешавад.
- Сармоягузор метавонад бо ризоияти макомоти ваколатдори давлати амвол ва хукукхои амволии худро хамчун гарав барои ичрои ухдадорихое, ки вобаста ба ичрои созишнома кабул кардааст, бо риояи талаботи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон истифода барад.
Моддаи 18. Устувории шартхои созишнома
- Шартхои созишнома дар давоми мухлати муайяншуда эътибор доранд. Шартхои созишномаро танхо бо розигии тарафхо ва хамчунин бо талаби яке аз тарафхо дар сурати мохиятан дигар шудани вазъият тибки Кодекси граждании Чумхурии Точикистон тагйир додан мумкин аст.
Тагйиротхо ба шартхои созишнома бо розигии тарафхо аз руи тартиби барои кабули созишнома пешбинигардида ворид карда мешавад.
- Агар дар давоми мухлати эътибори созишнома ба конунгузории Чумхурии Точикистон меъёрхое мукаррар гарданд, ки ба натичаи фаъолияти тичоратии сармоягузор дар доираи созишнома таъсири манфи мерасонанд, ба созишнома тагъйиротхое ворид карда мешаванд, ки барои натичаи фаъолияти тичоратии сармоягузор матлуб буда, ба вай имконият медихад, ки ба натичаи тичоратии хангоми татбики конунгузории Чумхурии Точикистон дар замони имзо кардани созишнома ноил гардад. Тартиби ворид намудани чунин тагйирот дар созишнома муайян карда мешавад.
Мукаррароти мазкур дар бораи тагйир додани шартхои созишнома дар сурати ба меъёрхои (коидахои) бехатарии ичрои кор, хифзи сарвати замин, мухити табиии зист ва сихатии ахоли ворид намудани тагйирот ба конунгузории Чумхурии Точикистон, аз чумла бо максади мутобик гардидани онхо бо чунин меъёрхо (коидахо), ки дар амалияи байналмилали маъмулу эътироф гардидаанд, татбик карда намешавад.
Моддаи 19. Кафолатхои давлатии хукуки сармоягузор
- Ба сармоягузор хифзи хукуки моликият ва дигар хукукхое, ки дар натичаи имзои созишнома сохиб гаштааст ва дар амал татбик менамояд, кафолат дода мешавад.
- Ба сармоягузор амали санадхои меъёрии хукукии макомоти ичроияи хокимияти давлати ва санадхои хукукии макомоти худидора, ки хукукхои дар натичаи имзо кардани созишнома сохибгардидаашро махдуд мекунанд, дахл надоранд,ба истиснои махдудияти дастурхое, ки макомоти дахлдори назорат мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон бо максади таъмини бехатарии ичрои кор, хифзи сарвати замин, мухити табиати зист, сихатии ахоли, хамчунин бо максади таъмини бехатарии чамъияти ва давлати мукаррар менамояд.
Моддаи 20. Назорат ба ичрои созишнома
- Назорати ичрои созишномаро макомоти ваколатдори Чумхурии Точикистон аз руи салохияташ анчом медихад.
- Салохият ва вазифахои макомоти ваколатдор ва макомоти ичроияи хокимияти давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сарватхои зеризамини» аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
- Намояндагони макомоти ваколатдори Чумхурии Точикистон, ки ичрои созишномаро тахти назорат мегиранд, танхо бо максади назорати ичрои созишнома хукуки ба иншоотхое, ки корхои мазкурро анчом медиханд, бемамоният ворид шудан, хамчунин хукуки дастрас намудани хуччатхоро доранд.
Моддаи 21. Катъи амали созишнома
Амали созишнома баъди гузаштани мухлати эътибори он ё худ бо мувофикаи тарафхо пеш аз мухлат ва хамчунин бо дигар асосхо ва бо тартиби пешбининамудаи созишнома мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, ки то рузи имзо шудани созишнома амал мекунад, катъ мегардад. Катъи амали созишнома ба истиснои расмиёти озмун бо мувофикаи тарафхо аз руи тартибе, ки барои мавриди амал карор гирифтани созишнома пешбини шудааст, амали гардонида мешавад.
БОБИ 3. Мукаррароти хотимавИ
Моддаи 22. Тартиби хал намудани бахс
Бахсхо байни давлату сармоягузор доир ба ичро, катъ кардан ва беэътибор донистани созишнома аз руи шартхои созишнома ба тарики суди хал карда мешаванд.
Моддаи 23. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 24. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти
Чумхурии Точикистон Э.Рахмонов
ш.Душанбе, 5 марти соли 2007
№ 238