Главная / Биология / Сохт ва афзоиши чилбанд

Сохт ва афзоиши чилбанд

Чилбанд ё чилбугум гиёхи бисёрсола буда, чун сарахсшаклон растанихои хеле кадима ба хисоб мераванд. Онхо такрибан 32 намудро ташкил дода, дар бисёр мамлакатхои чахон, ба чуз Австралия ва Зеландияи Нав, меруянд. Дар Точикистон ду намуди он чилбанди сахрои ва шохронда месабзад. Баландии пояи чилбаcliндхо аз 80 то 100 см буда, гафсиашон ба 2-5 миллиметр мерасад. Лекин дарозии пояи намояндагони тропикии онхо то 10-13 метр мешавад.

Поя ва навдахои чилбанд аз бандхоДар мисоли чилбанди сахрои ба сохт ва тарзи хаётгузаронии- чилбандхо шинос мешавем. Чилбанди сахрои дар аксари нохияхои Точикистон, ба чуз Помири Шарки, нашъунамо мекунад. Вай дар чойхои сернам, маргзорхо, канори чуйбор, сохили дарё ва ё хам- чун алафи бегона дар киштзорхо вомехурад.

Чилбанди сахрои решапояи шохрондаи ба бандхо (бугумхо) таксимшуда дорад. Аз бугумхои решапоя решахои иловаги ва хатто баъзан лундахо пайдо мешаванд, ки дар он лундахо охар (крахмал) захира шудааст. Решапоя то чукурии 150 см реша меронад . Аз решапоя ду навъ поя месабзад. Якеаш пояи шохнарондаи спораовар (пояи самараовар) ва дигараш пояи нашвии шохронда (бесамар).

Пояи спораовари чилбанд, ки онро инчунин пояи бахори хам меноманд (зеро дар аввали бахор нуму мекунад), ранги сурхтоб, бур ё зардтоб дощта, сероб мебошад. Ин поя вазифаи спора- пайдокуниро ичро мекунад ва баъди рехтани спорахо зуд хушк мешавад. Пояи нашвии шохронда хлорофилл дошта, рангаш сабз аст. Дар он раван- ди фотосинтез мегузарад ва ин пояи нашви то охири тирамох нашъунамо мекунад.

Поя ва навдахои чилбанд аз бандхо ё бугумхо иборатанд. Аз ин сабаб онхо номи чилбандро гирифта- анд. Дар хар як банди поя ва навдаи чилбанд аз 6 то 12 баргчахои пулакчамонанд мавчуданд.

Дар нимаи фасли бахор спорахои пухтарасида аз хушаи спора- дор берун рехта, тавассути шамол пахн мешаванд. Спорахо ба ша- роити мусоид афтода, ба сабзиш шуруъ мекунанд. Аз спораи сабзидаистода, ба монанди сарахсхо, сараввал пахнаки майда инки- шоф меёбад. Пахнак, ки навнихоли чилбанд ба хисоб меравад, бо ризоидхои худ ба хок часпида, мустакилона месабзад. Дар навнихоли чилбанд узви чинсии мардона — антеридия бо нутфа ва архе- гония (узви чинсии занона) бо хучайратухм ташаккул меёбанд. Баробари пухта расидани нутфахо, антеридия кушода шуда, нутфахо аз он берун мешаванд. Нутфахо дар об шино карда (дар вакти борон, шабнами пагохирузи) ба архегония омада мерасанд. Яке аз нутфахо ба архегония ворид гардида, хучайратухми онро бордор мекунад. Аз хучайратухми бордоршуда зигота (чанин) инкишоф ме- ёбад. Сараввал, чанин аз навнихол гизо гирифта, баъди пайдо шудани решаи пуркувват ба хок чукуртар дохил шуда, ба хаёти мустакилона шуруъ мекунад ва ба чилбанди баркамол табдил меёбад.

Чилбанд гиёхи доругии хеле кадима аст. Дар тибби Юнони Кадим онро барои табобати касалихои пуст истифода мебурданд. Мардуми точик бошад, чилбандро аз кадимулайём барои табобати исхоли хунин, захми меъда, хунпартои, илтихоби шуш ва гайрахо истифода мебарад.

Абуали ибни Сино бо гиёхи чилбанд беморонро аз захму чаро- хат, обхури, хунрави, исхоли хунин табобат мекард.

  1. Чилбанд чи гуна сохт дорад?
  2. Дар чилбанди сахрои чанд хел поя пайдо мешавад?
  3. Барги чилбанд аз барги сарахс чи фарк дорад?
  4. Чилбанд чи тавр афзоиш мекунад?
  5. Чилбандро барои табобати кадом касалихо истифода мебаранд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …