Главная / Биология / Сохт ва афзоиши чилбанд

Сохт ва афзоиши чилбанд

Чилбанд ё чилбуғум гиёҳи бисёрсола буда, чун сарахсшаклон растаниҳои хеле қадима ба хисоб мераванд. Онҳо такрибан 32 намудро ташкил дода, дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, ба ҷуз Австралия ва Зеландияи Нав, мерӯянд. Дар Тоҷикистон ду намуди он чилбанди саҳроӣ ва шохронда месабзад. Баландии пояи чилбаcliндҳо аз 80 то 100 см буда, ғафсиашон ба 2-5 миллиметр мерасад. Лекин дарозии пояи намояндагони тропикии онҳо то 10-13 метр мешавад.

Поя ва навдаҳои чилбанд аз бандҳоДар мисоли чилбанди саҳроӣ ба сохт ва тарзи ҳаётгузаронии- чилбандҳо шинос мешавем. Чилбанди саҳроӣ дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон, ба ҷуз Помири Шарқӣ, нашъунамо мекунад. Вай дар ҷойҳои сернам, марғзорҳо, канори ҷӯйбор, соҳили дарё ва ё ҳам- чун алафи бегона дар киштзорҳо вомехӯрад.

Чилбанди саҳроӣ решапояи шохрондаи ба бандҳо (буғумҳо) таксимшуда дорад. Аз буғумҳои решапоя решаҳои иловагӣ ва ҳатто баъзан лӯндаҳо пайдо мешаванд, ки дар он лӯндаҳо оҳар (крахмал) захира шудааст. Решапоя то чуқурии 150 см реша меронад . Аз решапоя ду навъ поя месабзад. Якеаш пояи шохнарондаи спораовар (пояи самараовар) ва дигараш пояи нашвии шохронда (бесамар).

Пояи спораовари чилбанд, ки онро инчунин пояи баҳорӣ ҳам меноманд (зеро дар аввали баҳор нумӯ мекунад), ранги сурхтоб, бӯр ё зардтоб дощта, сероб мебошад. Ин поя вазифаи спора- пайдокуниро иҷро мекунад ва баъди рехтани спораҳо зуд хушк мешавад. Пояи нашвии шохронда хлорофилл дошта, рангаш сабз аст. Дар он раван- ди фотосинтез мегузарад ва ин пояи нашвӣ то охири тирамоҳ нашъунамо мекунад.

Поя ва навдаҳои чилбанд аз бандҳо ё буғумҳо иборатанд. Аз ин сабаб онҳо номи чилбандро гирифта- анд. Дар ҳар як банди поя ва навдаи чилбанд аз 6 то 12 баргчаҳои пулакчамонанд мавҷуданд.

Дар нимаи фасли бахор спораҳои пухтарасида аз хӯшаи спора- дор берун рехта, тавассути шамол паҳн мешаванд. Спораҳо ба ша- роити мусоид афтода, ба сабзиш шурӯъ мекунанд. Аз спораи сабзидаистода, ба монанди сарахсҳо, сараввал паҳнаки майда инки- шоф меёбад. Паҳнак, ки навниҳоли чилбанд ба ҳисоб меравад, бо ризоидҳои худ ба хок часпида, мустақилона месабзад. Дар навниҳоли чилбанд узви ҷинсии мардона — антеридия бо нутфа ва архе- гония (узви ҷинсии занона) бо ҳуҷайратухм ташаккул меёбанд. Баробари пухта расидани нутфаҳо, антеридия кушода шуда, нутфаҳо аз он берун мешаванд. Нутфаҳо дар об шино карда (дар вақти борон, шабнами пагоҳирӯзӣ) ба архегония омада мерасанд. Яке аз нутфаҳо ба архегония ворид гардида, ҳуҷайратухми онро бордор мекунад. Аз хуҷайратухми бордоршуда зигота (ҷанин) инкишоф ме- ёбад. Сараввал, ҷанин аз навниҳол ғизо гирифта, баъди пайдо шудани решаи пурқувват ба хок чуқуртар дохил шуда, ба ҳаёти мустақилона шурӯъ мекунад ва ба чилбанди баркамол табдил меёбад.

Чилбанд гиёҳи доругии хеле қадима аст. Дар тибби Юнони Қадим онро барои табобати касалиҳои пӯст истифода мебурданд. Мардуми тоҷик бошад, чилбандро аз қадимулайём барои табобати исҳоли хунин, захми меъда, хунпартоӣ, илтиҳоби шуш ва гайраҳо истифода мебарад.

Абӯалӣ ибни Сино бо гиёҳи чилбанд беморонро аз захму ҷаро- ҳат, обхӯрӣ, хунравӣ, исҳоли хунин табобат мекард.

  1. Чилбанд чӣ гуна сохт дорад?
  2. Дар чилбанди саҳроӣ чанд хел поя пайдо мешавад?
  3. Барги чилбанд аз барги сарахс чӣ фарқ дорад?
  4. Чилбанд чӣ тавр афзоиш мекунад?
  5. Чилбандро барои табобати кадом касалиҳо истифода мебаранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …