Главная / Биология / Сохт ва инкишофи устухоно

Сохт ва инкишофи устухоно

Вазифаи системаи такягох ва харакат. Скелету мушакхо такягохи бадани инсон ва аъзои харакат мебошанд. Онхо ба хам пайваст шуда, ковокихои махсусро хосил мекунанд (расми 4). Дар ин ковокихо узвхо чойгир ва химоя карда мешаванд. Масалан, дил ва шушро устухонхои кафаси сина ва мушакхои синаю тахтапушт, узвхои холигии шикам (меъда, руда, гурдахо) –ро кисми поёнии сутунмухра, устухонхои кос, мушакхои тахтапушт ва шикам мухофизат мекунанд. Магзи сар дар косахонаи сар, хароммагз дар ковокии сутунмухра, узвхои таносул дар холигии устухонхои кос чой гирифтаанд.

tarkibi-ustuxon

Бофтаи устухон. Устухони (скелети) бадани одам аз бофтаи устухонии васлкунанда таркиб ёфтааст.
Бофтаи устухони дорои тори асаб, рагхои хунгард ва хучайрахои шохадор мебошад. Хучайрахои устухон ва шохахои онхо бо чуйчахои бориктарини пур аз моеъи байнихучайраги ихота шудаанд. Ин хучайрахо тавассути ин чуйчахо гизо ва нафас мегиранд. Сохти устухонхо. Андоза ва шакли устухони (скелети) бадани одам гуногун аст. Асосан се намуди устухонхоро фарк кардан мумкин аст:

1) найшакл;
2) суфта (хамвор);
3) кутох (нохамвор).

Устухонхои дарозро инчунин найшакл меноманд, барои он ки даруни онхо холи мебошад. Чунин сохти устухонхои дароз дар як вакт боиси мустахками ва сабукии онхо мегардад. Канали устухони найшаклро бофтаи пайвасткунандаи серчарб – магзи зард ё илики зард пур кардааст. Устухони бадан аз устухонпарда, моддаи зич ва моддаи исфанчмонанд иборат аст. Танаи устухони найшакл аз моддаи сахту мустахкам ва сараки он аз моддаи исфанчмонанд иборат мебошад.
Дар холигии ин модда магзи сурх чойгир шудааст. Дар ин магз хучайрахои сурхро узви хунофар меноманд. Устухонхои кутох бисёртар аз моддаи исфанчи таркиб ёфтаанд. Устухонхои суфта аз моддаи зич ва исфанчи иборатанд.

Инкишофи устухонхо. Устухони одам дар бачаги ва навраси месабзад, яъне дароз ва гафс мешавад. Ташаккули скелет дар синни 22-25-солаги анчом меёбад. Гафсшавии устухон аз хисоби таксимшавии хучайрахои сатхи дарунии устухонпарда ба амал меояд. Дар натича, дар руи устухон кабатхои нави хучайра ба вучуд омада, дар атрофи ин хучайрахо моддаи байнихучайрави хосил мешавад. Дарозшавии устухонхо аз хисоби таксимшавии хучайрахои бофтахои тагояки, ки нуги устухонхоро мепушонанд, ба амал меояд. Инкишофёбии устухонхо аз тарафи хормони сабзиш танзим карда мешавад. Ба хормони инкишоф хормони кисми пеши хипофиз, ки хормони кадкаши меноманд, дохил мешавад. Дар холати зиёд шудани ин хормон тез дарозшавии устухонхо мушохида карда мешавад.
Кади инхел одамон хеле баланд мешавад, ки онро «гигантизм» меноманд. Дар холати кам чудо шудани ин хормон инкишофи устухон суст мешавад ва кади ин хел одамон паст буда, онхоро «карлик» меноманд.

Таркиби химиявии устухон.

Таркиби устухонро об, моддахои органики – осеин ва осеомукоидхо, равганхо ва моддахои гайриорганики ташкил медиханд. Ин моддахо ба устухон сахти мебахшанд. Барои аник кардани ин агар устухонро дар як шабонаруз дар махлули 10-фоизаи кислотаи сулфат (H2SO4) ё гидрогенхлорид HCl нигох дорем, он гох, намакхои калсий ва фосфор хал мешаванд ва устухон хосияти сахтии худро гум карда, хеле нарм мегардад, ба дарачае, ки онро гирех бастан мумкин мешавад.
Пайвастагихои органики устухонро чандиру мустахкам мекунанд. Вобаста ба синну сол таркиби химиявии устухон хам тагйир меёбад. Таркиби устухони чавонон ва миёнасолон бештар аз моддахои органики бой мебошад. Таркиби устухони пиронсолон бисёртар моддахои гайриорганики дорад.

Саволхо

1. Системаи такягох ва харакат чи ахамият дорад?
2. Сохти бофтаи устухони чи хел аст?
3. Кадом намудхои устухонхоро медонед?
4. Сабуки ва мустахкамии устухонхои бозу ба чи вобаста аст?
5. Аз чи сабаб устухонхо гафс ва дароз мешаванд?
6. Вобаста ба синну сол таркиби химиявии устухон чи хел тагйир меёбад?

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк хар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи хомиладори …