Главная / Илм / Ширинбия

Ширинбия

shirinbiya-660x330Ширинбия — ин гиёх ба хама маълум аст; дар тиб решаи аз пуст чудо кардашудааш истеъмол мешавад. Таъми решааш ширин, баъзеаш камтар талхи низ дорад. Бехтаринаш он аст, ки шириниаш бисёр ва талхию кабзкунандагиаш хеле кам бошад. Кувваташ то дах сол боки мемонад. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар якум хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: инро ба дарун истеъмол намоянд, ахлоти гафси часпак ва мураккабро пазонида, барои хорич шудан тайёр мекунад ва агар хусусан онро як шабонаруз дар об тар намуда, намолида, он обро охиста рехта бинушанд, дар ин бобат таъсири хуб мебахшад: узвхои даруни сина ва халкро мулоим мекунад, вале ташнаги аз бисёрии рутубат бошад, чандон нафъ надорад; хамаи рутубатхои нодаркор ва зарарнокро аз бадан дафъ месозад, узвхои ботинии баданро мешуяд, асабхоро кави мегардонад, бодхоро тахлил медихад, яъне онхоро пароканда мекунад, пешоб ва хайзро равон мегардонад; барои иллатхои дамкутахи, дагалии узвхои даруни сина ва сузиши онхо, дуруштии халк дору мешавад; овозро неку мегардонад; тангии нафас (астма), иллатхои шуш, чигар, хичакро ба ибро меоварад, тафси меъда ва сузиши пешобро таскин медихад; беморихои магзи сар ва асабони, иллатхои сипурз, бавосир, табхои кухна ва хамаи намудхои сурфаро шифо мебахшад. Вале агар сурфа аз ахлоти гафси шаффоф бошад, фоидааш кам аст.

Хар руз 1,75 грамм аз решаи бепусти ширинбия бо як грамм шакар ва арпабодиён бихуранд, хамаи мачрохои баданро пок ва ранги рухсорро неку мегардонад; бодхо, табхои кухна ва аксари беморихо — монанди дарди сар, дарди нимсар ва торикии чашмро шифо мебахшад, чашмро равшан мекунад. Ин даворо аз аввали мохи хамал сар карда, то аввали мохи саратон биёщоманд, шифобахшиаш катъист.

shirinbiya-2Шайхурраис дар бобати табобати кулинч (колит)-и сардмизоч навиштааст, ки 14 грамм решаи бепусти ширинбияро бо оби панир биёшоманд, кулинчро шифо мебахшад ва агар танхо худашро бихуранд хам, хамон таъсирро дорад.

Ин решаро дар об чуш дода, он обро нушида кай кунанд, рутубатхои нодаркор ва зарарнокро аз бадан хорич мекунад ва агар батамом дафъ нагарданд ва микдоре аз он бимонад, ба воситаи исхол ё пещоб дафъ мегардонад.

Решаи ширинбияро дар давохои исхоловари дар об чушонидашуда дохил намудан, инчунин дар дорухои чигар хамрох кардан хеле сабук, яъне ба мизоч гуворо мебошад ва чихатхои зарарнокии он давохоро дафъ мекунад -ин бинобар часпандаги доштанаш мебошад.

Решаи ширинбияи бепустро хушк намуда, соида, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад, чашмро кувват мебахшад ва зардии онро мебарад. Инро куфта, бо асал ва ё бо муми занбури асал сиришта гузошта банданд, барои милкаки нохун даво мешавад; агар бо оби холис хамир сохта, батакрори амал гузошта банданд, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад.

Барги тару тозаи онро куфта гузошта банданд, бадбуии зери багал ва миёни ангуштони пойро дафъ мекунад.

Мизочи чуби ширинбияро хакимон Ибни Мосавия ва Амин-уд-давла гармтар ва хушктар аз кисмхои дигари он донистаанд. Мизочи тухмашро табиб Мухаммад ибни Ахмад кавитар аз кисмхои дигари он донистааст.

Мегуянд, ки хангоми истеъмол кардан ба дарун, решаи ширинбия ба гурда ва сипурз зарар дорад. Давои ислохи зиёнаш барои гурда катиро ва агар ба сипурз газанде расонад, гули сурх истеъмол кардан аст.

Микдори як бор хурдан аз решаи бепусти ширинбия то 17,5 грамм аст. Решаи бепусти ширинбияро реза карда, дар об то кувваташ ба об гузаштан бичушонанд. Баъд онро соф намоянд, то он ки дар он тахшин намонад, баъд аз ин боз то гафс гаштанаш онро бичушонанд — ин рубби ширинбия номида мешавад.

Мизочи рубби ширинбия дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он дар хама чихат бехтар ва кавитар аз решааш мебошад. Агар инро ба дарун истеъмол намоянд, зарари давохои исхоловар ва сузандагии онхоро дафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …