Главная / Маданият ва санъат / Шеърхо дар васфи Модар

Шеърхо дар васфи Модар

ХАЙР, МОДАРИ АЗИЗ!

Модарам, меравам аз пеши ту ман,
Ба дифои шарафу шаъни Ватан.
Меравам то ки зирех пушам ман,
Дар рахи фатху зафар кушам ман.
Хабар омад, ки ба торочи аман
Боз карда дари худ зогу заган.
Модарам, дар сари хашму газабам,
Бар сари гарму тани гарки табам.
Мепарам суйи фазо мисли укоб,
То кунам зоги сияхро дарёб.
Мепарам ру ба чанубу ба шимол,
То ки орам ба сари хасм завол.
Барксон пора кунам абри сиях,
То насозад рухи хуршед панах.
Сангаму оханаму пулодам,
Сипари мамлакати озодам.
Аз сари лонаи чугзон гузарам,
Бомба резонда чу борон гузарам.
Газабам оташу кахрам пир аст,
Синаам тупу парам шамшер аст.
Мебарам дар сари болам тобон
Ахтари толеи халкони чахон.
Ки тавонад, ки маро банда кунад?!
Ин факат хобби фашистона бувад,
Орзуи саги девона бувад.
Модар аз чехраи гулгуни писар
Нарм бусиду гирифташ дар бар,
Гуфт: « Рав, чанги далерона бикун
Чанг бо лашкари бегона бикун.
Бош фарзанди сазовори падар,
Лоики ин Ватан, ин хонаву дар».
Фурсате рафту зи пахлуи сахоб
Чилва кард ахтари пурнури укоб,
Ашми модар ба фазо духта шуд,
Рухаш аз шуъла барафрухта шуд.

Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1941

ДАСТИ МОДАР

Бо хамон дасте, ки чодар сухти,
Гулхани шаъну шараф афрухти,

Бо хамон дасте, ки бог орости,
Кишвари гул-гулшукуфон хости,

Ба хамон дасте, ки манзил сохти,
Касрхову кушкхо андохти,

Бо хамон дасте, ки дар руи замин,
Бахтро карди ба фарзандат карин,

Бо хамон дасте, ки карди интихоб,
Дилпурона давлати оличаноб,

Бо хамон дасте, ки шабхои дароз,
Ашми шахло карда во аз хобби ноз,

Аллагуён тифлро хобондаи,
То сахар гахворааш чунбондаи,

Ба хамон дасте, ки ширам додаи,
Суям огушат калон бикшодаи,

Бо хамон дасте,ки дастам дошти,
Дасти шафкат бар сарам бигзошти.

Бо хамон дасте, ки шодам борхо,
Пока карди ашки чашмони маро,

Бо хамон дасте, ки гул бу кардаи,
Шонаро бар кокулу му кардаи,

Суйи фатхи тоза кун аз сидки дил
Кафзанон фарзандхоятро гусел!

Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1963

МОДАРАМ

Тифл мондам аз ту, модар, руйи ту дар ёд нест,
Комати ту, чашми ту, абруйи ту дар ёд нест.
Дар сурогат мезанам худро бар хар як кую дар,
Унки то имруз, модар, куйи ту дар ёд нест.
Рафтам аз занхои пири деха кардам чустучу,
Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугу,
Гуш кардам рафта хар як чунбиши шохи дарахт,
Бо гиёху сабзахои дашт гаштам рубару.

Руд мегуфтам, ки аз у оби маро нушида буд,
Кух мегуфтам, ки дар огуши ман кушида буд,
Гуза мегуфтам, ки карбоси маро пушида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав душида буд.

Чашма мегуфтам, ки омад куза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки пояш кард захмин неши ман,
Барк мегуфтам, ки аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки буд дар гиря кардан хеши ман.

Шахд дар комаш хамеша талхтар аз захр буд,
Хам шариат, хам тарикат сарвари бакахр буд,
Модари бечораи ту, мухтасар, сар то ба по,
Як зани н-осудаю як муштипар дар дахр буд.
18
Як зани дигар, ки дар дех беш аз сад сол дошт,
Модарат, -мегуфт у, -дар кунчи лаб як холл дошт.
Кулару, занчирму, дар кадду комат чун ниход,
Гар саволе ояд аз мулло, забони лол дошт.

Модарам, дар ёди ту манн гашту гузоре мекунам,
Бахри мехри ту дили худро мазоре мекунам,
Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,
Назми худро бар сари кабрат мазоре мекунам.

Дуст дорам, модарам, бо ёди ту кишлокро,
Рудхои нукрагину нилгун офокро,
Чилвагар дар боми мактаб лолагун байрокро,
Хамзамон кишлокиёни дар мухаббат токро.

Шеър гуям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деха гуям, маар сарам ояд хавои модарам,
Солхурда гар зане рузе дучор ояд ба ман,
Гуямаш, ки бош, то хастам, ба чои модарам!

Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1966

ДИЛИ МОДАР

Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд гарк манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавчи дарё монда сохил, сохили ман буд.

Агари мурдани фарзандро дар чанг дидам ман,
Агари борхо бегонаи дилсанг дидам ман,
Ба умеде, ки бинам чохканхоробар зери чох,
Намурдам, гарчи бо чашмам ачал хар ранг дидам ман.

Намурдам, зистам, фарзанди худамро калон кардам,
Шаби туйи аруси ашки шодиро равон кардам ман.
Гумон кардам, ки оби дида марчон гашт, марчонро
Ба келин пешкаш кардам, дуо чун модарон кардам.

Надорам токати доги писар дидан дигар харгиз,
Саросар сухтори пуршарар дидан дигар харгиз,
Ба хар як хона тифли бепадар дидан дигар харгиз,
Хаёти одамиро дар хатар дидан дигар харгиз!

Муаллиф: Мипрзо Турсунзода

ЗАН, ЗАН АСТ

Синну соли зан ба кас пурсидан аз одоб нест,
Синну соли хешро гуфтан ба занхо хос нест.
Зан, за насту дар хама холат чун зан мемонад он,
Ин муаммоест, ки хочат ба пурсу пос нест.

Аз зани имрузаи мо хикмату эъчоз пурс,
Дар фазои зиндаги кайфияти парвоз пурс.
Дар замин зан меравад, сайри кавокиб мекунад,
Давраи мо кард занро дар хунар мумтоз, пурс.

Зан набошад, зебу зинат нест дар маъвои мо,
Хуш дар сар, равшани дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар руйи замин накши хаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пайи мо.

Мард боши, байраки болои сар кун номи зан,
Сабт дар бобби зафар бо хатти зар кун номи зан.
Номи зан то осмон бардор дар болои каф,
Машъали тобанда чу шамсу камар кун номи зан.

Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1941

ДАР ЁДИ ЧАВОНИ

Агар бинам туро, орам ба ёдам навчавониро,
Ба мисли чашмахо чушу хуруши зиндагониро,
Хама лутфу адохои нихониву аёниро,
Ба ёд орам бахореро, ки харду лола мечидем,
Ба гайр аз руйи хамдигар мо чизе намедидем.
Ту тозон суйи дар меомадию боз дар мешуд,
Дамиданхои субх аз омаданхои ту сар мешуд,
Намедонистам он рузамчи сон рузи дигар мешуд,
Ракиби айбчу дигар ба холи ман намехандид,
Мухаббат дар вафодори дигар маро намесанчид.

Шукуфта дилбари озод ун гулдаста мегашти,
Ба хар як тори муят сад чавонро баста мегашти,
Дилеро ёфта, дигар диле бишкаста мегашти,
Намешуд хеч кас аз дидани хусну чамолат сер,
Хаё гардида буд аммо ба пойи ошикон занчир.

Туро бо тухфахои комсомол табрик мекардам,
Таманно дар дил аз бахти зани точик мекардам,
Худамро бо висолат сухта наздик мекардам,
Рухат медидаму мерафт аз ёдам хама дардам,
Дигар ман хеч парво аз гами дунё намекардам.

Ба ёд орам замонеро, ки ту хомуш хам буди,
Парешон дар паси деворхо рупуш хам буди,
Гарибу бенавову кухи гам дар душ хам буди,
Намуда даст оташкобу му чоруб дар хона,
Гила аз хештан мекардиву даъво зи бегона.

Даме, ки аз миёни обу оташхо гузар карди,
Ба суйи зиндагии нав далерона сафар карди,
Ба хар як рушнои ту харисона назар карди,
Зани зеботарину номдори Шарк гардиди,
Азизи Точикистон, ифтихори Шарк гардиди.

Саломат бош, чоно, ки бакои умри ман хасти,
Насими навбахори пурсафои умри ман хасти,
Ту охир ибтдою интихои умри ман хасти,
Маро аз ту тамоми умр ёрои чудои нест,
Ба чонат сад касам, ки дар сириштам бевафои нест.

Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1941

ЗАН АГАР ОТАШ НАМЕШУД

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар чом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Гар намедидем мо аз кудаки огуши гарм,
Аз мухаббат бехабар, ноком мемондем мо.

Гар ба чашми мо намедушид модар шири хеш,
Кури модарзод дар айём мемондем мо.

Гар намеомухтем аз зан раху расми адаб,
Бадгухар, бадзот, бадфарчом мемондем мо.

Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароги равшане дар шом мемондем мо.

Гар каломи аввалин аз зан намеомухтем,
Лаб фуру баста хама чун лом мемондем мо.

Оташи зан буд, ки мо сухтему сохтем,
В-арна чун санги сари ахром мемондем мо.

Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1941

ЗАН ПОСБОНИ ОТАШ АСТ

Зан хамеша рафт аз хамсояхо оташ гирифт,
Аз дигархо бо тавалло, илтичо оташ гирифт,
Баски гугирд он замон чун гавхари ноёб буд,
Аз гадои кучаю аз бенаво оташ гирифт.

Лахчаро мекард зан дар зери хокистар нихон,
То намонад беалав дигар тануру ошдон.
Дар танур оташ агар гулхан шавад, рухсори зан,
Сурх мегардад у кула ё ба мисли гарм нон.

Баски аз рузи азал зан посбони оташ аст,
Посбони оташ асту хеш кони оташ аст.
З-ин сабаб бо за нагар гаштем хар вакте дучор,
Бингари, сар то ба пойи мо чахони оташ аст.

Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1941

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Шеърхои бехтарин дар васфи Падар

Падарчон Чи махбуби, чи чонони, падарчон! Гули, ишки, дили, чони, падарчон. Ба чашми ман зи …