Главная / Илм / Шавкарон

Шавкарон

shavkaronШавкарон — ин гиёхи захрнок аст, ки ба точики тафт меноманд. Гулаш анбухи сафеди чатри монанди гули шибит, вале аз он хеле зиёд мебошад. Тухмаш мисли нонхох моил ба сафеди ва луоб дорад. Ба забони русси онро «Болиголов пятнистый» меноманд.

Мизочаш дар дарачаи чорум сард ва дар дувум хушк аст. Хислатхои пшфобахши он: хосиятхои карахтиовар, масткунанда ва хобовари дорад.

Микдори як бор хурдан аз он дар як руз 0,25 грамм мебошад. Ба чойи ин тухми банг (кирмрезонак)-ро истеъмол фармоянд, равост. Агар инро 7 грамм хар кас бихурад, бо кушандагии захри хунукмизочаш, ки аклро бархам медихад, фикр ва зехнро бечо гардонида, аз сухан мемононад, чарх задани сар, торикии чашм ва парда дар чашм пайдо намуда, ба хиккак (хикичок) гирифтор карда, дарун ва дасту похоро хунук гардонида ва дар охир чингак кардани узвхои бадан; дарди гулу оварда, танги дар касабаи шуш ва сурхной (сурхруда) содир намуда, окибат мекушад. Давояш кай карда, даруни шикамро аз захри он пок намудан ва баъд чизхои муфидтар, монанди шароби софи мусаллас ёфта нушидан ва баъд андак мухлат дода, баъд аз он шири хар, талхшувок, мурч, хояи сагоби, судоб ва хар кадоме, ки ба даст ояд, бо шароби мазкур бинушанд ва дигар тадбирхоеро, ки монанди тадбири афюнхурда бошад, ба кор баранд.

Чун хушаи гули онро пеш аз он, ки тухм бандад ва то тухмаш хушк шуданаш бигиранду бикубанд ва оби онро фишурда гирифта, дар офтоб хушк кунанд, фоидахои бисёр дорад. Аз чумла он, ки давои таскиндихандаи дардхои чашм аст. Агар онро гузошта банданд, дардхои гарммизочро басанда мекунад; мурчагазак ва чамра (карбункул) ном реши мухликро шифо мебахшад.

shavkaron-300x266Барг ва тухмашро куфта, ба пистони ширдор гузошта банданд, шири онро катъ мекунад ва намегузорад, ки пистон пажмурда ва овезон гардад; агар инро ба пистони духтарон гузошта банданд, намегузорад, ки вай калон шавад. Агар ин куфтаро ба хояи писарон ва ба хояву каши рони чавонон гузошта банданд, ихтилом (дархоб шайтон задан)-ро манъ мегардонад ва варами он узвро хам тахлил медихад; ба закар гузошта банданд, бохро суст менамояд ва намегузорад, ки ин узв бузург гардад; ва ба зери ноф ва ба хар узве, ки хоханд, гузошта банданд, муй дар он чо намеруяд; ба шикам гузошта банданд, исхоли хунин ва дигар навъ исхолро зуд мебандад.

Инро ба пешони гузошта банданд, хуни биниро катъ мегардонад. Хаким Мирмухаммад Муъмин дар китоби «Тухфат-ул-муъминин»-и худ навиштааст, ки чун решаи шавкаронро бо тухми банг аз хар як 17,5 грамми куфта, бо 675 грамм об, 150 адад мавизи ангури бузургдона дар оташи мулоим то тамоман бухор шудани об бичушонанд, баъд мавизхоро аз он чудо карда нигох доранд, аз он мавиз аз як то се адад бихуранд, сахт маст мекунад, маниро хангоми чимоъ аз зуд омадан нигох медорад. Вале зиёда аз се адад бихуранд, сахт хоб меоварад. Ва инчунин хакими мазкур навиштааст, ки ман инро «мавизи умру» ном кардаам.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …