Главная / Чамъият / Шароити мехнати кормандони маъюб

Шароити мехнати кормандони маъюб

Моддаи 259-и Кодекси Мехнат. Шароити мехнати кормандони маъюб

  1. Шароити меъёрбанди, пардохт ва хифзи мехнат, речаи кори, тартиби якчоя кардани касбхо (мансабхо), шароитхои техники, санитари, гигиени, истехсоли-маиши, инчунин дигар шароитхо бо мувофикаи тарафхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи наметавонанд холати кормандони маъюбро бад намоянд ё хукуки онхоро дар мукоиса бо дигар кормандон махдуд кунанд.
  2. Истифодаи мехнати маъюбон дар корхои вазнин, кор бо шароитхои зарарнок ва хавфноки мехнат манъ карда мешавад.
  3. Ба маъюбоне, ки кор мекунанд метавонад кафолатхои иловаги, ки Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои корфармо мукаррар намудаанд, дода шаванд.
  4. Хулосаи тибби дар бораи речаи нопурраи вакти кори, кам кардани хачми кор ва дигар шароити мехнати маъюбон барои ичрои корфармо хатми мебошад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …