Главная / Гуногун / Сарнагун шудани Мухаммадалишох

Сарнагун шудани Мухаммадалишох

Шуриши Табрез ва харакати зидди шох дар каламрави дигари мамлакат ба Мухаммадалишохи иртичопеша зарбаи катъи зад. Мохи июли соли 1909 дар натичаи лашкаркашии фидоиёни Гелон-аз Шимол, дастахои Бахтиёрия-аз Чануб ва гирифта шудани Техрон Мухаммадалишох сарнагун шуд. Писари хурдсоли Мухаммадалишох – Ахмадшох подшох эълон гардида, аз хайати феодалхои озодандеш ва хонхои Бахтиёрия бо рохбарии Сипахдор хукумати муваккати ташкил дода шуд.

Хонхои Бахтиёр ба чонибдории аз нав баркарор кардани конститутсия баромад карда, бо хамнн рох мехостанд, ки хокимияти худро дар Бахтиёрия мустахкамтар кунанд. Англисхо бошанд, мехостанд, ки дар Эрон ба воситаи хонхои Бахтиёрия мавкеи худро мустахкам ва мавкеи Русияро суст кунанд.

iran_14

Нерухои озодандеши буржуазию феодали галабаи халкро ба фоидаи худ истифода бурда, кушиш ба харч медоданд, ки ба болоравии минбаъдаи инкилоб рох надиханд. Бо хамин сабаб сохти мутлаки ва сулолаи Кочорхо дахлнопазир монданд. Имтиёзхо ва корхонахои хоричи зарар надиданд. Танхо якчанд нафар иртичопешаи дуюмдарача катл карда шуданду халос. Ба Мухаммадалишох ба маблаги 100 хазор туман нафакаи хармохаи якумра таъйин карда шуд.

Мохи ноябри соли 1909 Мачлиси Дуюм даъват карда шуд. Интихобот ба он дар асоси конуни нави интихоботи гузашт. Ин конун системаи табакавии интихоботро бекор карда, интихоботи дузинагиро мукаррар намуд. Барои иштирок дар интихобот хадди акалли молу мулк мукаррар гардид. Занон аз хукуки интихоботи махрум буданд.

Хукумати Сипахдор Эронро аз бухрони шадиди иктисоди ва сиёси бароварда натавонист. Бо хамин сабаб он мохи июли соли 1910 бо хукумати Муставфи Алмамолик иваз карда шуд.

Хукумати Муставфи Алмамолик ру ба Германия ва ИМА ва хукумати Сипахдор бошад, ру ба Англия ва Русия буд. Муставфи Алмамолик аз ИМА мушовирони молиявиро бо сардории М. Шустер даъват кард. Ин сарвазир хам аз ухдаи вазифахои дар наздаш гузошташуда баромада натавонист. Барои хамин дар огози соли 1911 ба истеъфо рафт. Нахуствазири Эрон аз нав Сипахдор таъйин гардид. У боз хамон сиёсати пештараи худро давом дод. Бахори соли 1911 Эрон аз Англия ба маблаги 1 млн. 250 хазор ф.-ст. вомбарги нав гирифт, мохи майи соли 1911 ба Эрон бо сардории М. Шустер аз нав мушовирони молиявии ИМА омаданд. Онхо дар масъалаи молили мамлакат аз хукумати Эрон ваколатхои васеъ гирифтанд. М. Шустер барои ба Эрон воридшавии сармояи ИМА замина тайёр намуд.

Мохи июли соли 1911 шохи собик Мухаммадалишох бо хамрохии пешвоёни кабилахои туркман ва дастахои зархариди иборат аз якчанд хазор нафар ба тарафи Техрон харакат кард. Тирамохи хамон сол у аз тарафи куввахои муттахидаи харбии хукумати ва фидоиён торумор карда шуд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

1362470141_pero

Адабиёти реалисти

Адибони реалистии нимаи дуюми асри XIX – аввали асри XX камбудихои чомеаро нотарсона фош мекарданд. …