Главная / Гуногун / Сарамард

Сарамард

 

 

Мард буд дар сират.

Ва дар худ хама чизро дошт: каду комат, сикаву сурат, сару либос, шикаму муи сар…

Хулласи калом: ин мард, ки Викорбой ном дошт, бо сари баланд, якто-якто кадам зада мерафт. Басо ором буд, шитоб намекард. Пайрохае, ки Викорбой руи он мерафт, то ба як бинои одии шахр мебурд. Даме, ки ба бино расид, офтоб лаълии азими мисро мемонд.

Табассум аз кунчи лабонаш гайб мезанад. Руяш турш мешавад. Изтиробе ба дилаш чанг меандозад, гунг мешаваду кар. Гиребон медорад: туба!

Ин дам ба гушаш овози паррандае мерасад. Як кад парида, башаст кафо мегардад. Ва бо харос ба дарахт менигарад. Дар шохи дарахт паррандае бо тамоми овоз чах-чах мезад. Ба дарахт зехн монда, паррандаро мечуяд. Аммо ба дидори парранда “мушарраф” намешавад.

– Руст шуди-а, лаънати!

Барои у парранда хам буду хам набуд.

Викорбой охиставу омирона як атрофро аз назар мегузаронад. Ва чашмаш ба писарбачаи машгули бози меафтад.

– Хой бача! – омирона фарёд мезанад у.

Хониши парранда катъ мегардад. Писарбача сар мебардорад ва ба у менигарад.

– Ку, ин чо биё! – захра мекунад у ба писарбача.

Писарбача бархоста, охиста-охиста назди у меояд. Викорбой ба у амр мекунад:

– Хо, ана он сангро ба ман бидех!

Писарбача чашмони маъсумашро ба у духта, хайрон мемонад ва бо овози хирри мепурсад:

– Сангро чи кор мекунед?

– Дар сари кабри очат мемонам! – девонавор наъра мезанад Викорбой. – Гуфтам, дех, дех!

Писарбача шурида мегуяд:

– Ман ба ту хизматгор не!

Ва хамзамон як бари руяш месузад. Сахт мезанад Викорбой!

– Бефаросат! – мегуяд писарбача ва аз у дур мешавад.

– Хай дар гури очат! – Викорбой хам шуда, аз замин сангро гирифт. Аммо аз писарак на пай монда буду на хайдар. Ин дам парранда чах-чах мезанад.

– Эъ гум шав-е! – гуён, сангро суи парранда хаво медихад.

Парида меравад парранда.

– Хайрияте! – охи сабук мекашад у ба ба хонааш меравад. Дами дар истода, худ ба худ лутфгуи мекунад:

Равоки манзари чашми ман ошёнаи туст,

Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст.

Сипас ба пешу кафо чашм давонда:

– Эъ, хона хонаи худам, хохам фуруд меоям, нахохам не.

Хангоми ворид гаштан китфонаш ба пахлудари бармехуранд. Аз ин вай хеле мутахайир мегардад. Ва ба дар чашм ало карда, озурдахотирона:

– Сабил ин дар танг шудааст, чи бало, – мегуяд.

Баъд баланд садо мезанад:

– Гулчатой!

Аммо завчааш хозир намешавад. Овозе хам намебарорад. Аз ин вай хеле мутахайир мегардад: “Дар таги коса нимкосае хаст”.

– Иъ-е! – мегуяду пеш намеравад. Оташи газабаш аланга мезанад ва чун паланг мегурад:

– Гулчатой!!!

– Лаббай! – нихоят овози хамсараш садо медихад ва лахзае пас худаш пайдо мегардад. Ва чун шавхарашро мебинад, филфавр мепурсад:

– Викорбой?! Ин шумоед?

Вай аз ин пурсиш дар худ печида, алов мегирад. Чехрааш сурх шуда меравад, гуё дурустакак май нушида бошад.

– Чи-и?! – бо чашмони кариб аз косахонаашон баромада ба хамсараш менигарад. – Боз ки мешуд?!

Ва аз газаб хатто овозаш мегирад.

Хамсараш як охи чукур кашида, мисли хайкал хомуш мемонад. Манахаш овезон шуда, кам-кам меларзад. Дар чехрааш хастаги, бехуни ва хама гуна дарду аламу ташвиши олам хонда мешуд. Гесувони дарозаш парешон ва хар чо-хар чои куртааш догдор. Викорбой дакикае чашми тааччуб ба суи у духта, карахту бехаракат меистад, баъд асабиёна туфашро фуру бурда, маломатомез нидо мекунад:

– Туро чи бало зад!

Аз хавотири нафас дар гулуи Гулчатой дармемонад.

– Ин чи башара?..

Чинхои зиёде руи Викорбойро фаро мегиранд.

– Хе, мури кари расво! Дар кадом мушхона руст шуди?! Туфлихома каш – э!

Завчааш туфлихои уро базур кашида, як суй мемонад. Аз буи бади он кариб буд, ки нафасгир шавад.

– Кулоха гир!

– Чи?

– Кулоха гир мегуям, кари расво!

Завчааш кулохи уро гирифта, омодаи ичрои амри навбати меистад.

– Чи шах шуди? Овез!

Завчааш кулохро меовезад. Викорбой муйхояшро ба тартиб меоварад. Харакатхои у оромона, вале дагал буданд, гуё ки нихоят куфта шуда бошад.

– Аз дасти кори давлат маъюбу маслук шудам-э. Кор, кору кор! Э, бар падари ин кор лаънат-э! – гур-гуркунон ба хонаи калон мегузарад.

Вай, гуё ки мехмон бошад, як-як ба хама чизу чора бо чашмони пурхарос нигох меафканад. Баъд нафаси вазнине кашида, бехолона худро ба кресло мепартояд. Кресло ба вазни у тоб наоварда, дардолуд фигон мекашад.

– Э, Худо занад туро!

Кресло дар назараш танг. Базур мегунчад. Гуё андомашро мефишорад. Пахлу мегардад бо нолиш.

– Ин устохои лаънати хам беинсоф шудаанд. Хам аз тор мезананд, хам аз пуд. Сакича аз дахон, сурмая аз чашмон мезананд. Лаънатихо, мемуред хамина камтар кушодтар кунед?!

Сару руи уро арак пахш мекунад.

– Гулчатой!

Завчааш тозон даромада, ба у менигарад.

– Хе, мури кари расво! Бодбезакро мон, ки кафидам!

Завчааш бодбезакро ба кор медарорад.

– Пуф-фа! Ин кадар гарм ин хавои лаънати! Болои сухта намакоб, ин кайфи лаънати гарангам кард…

– Кадом кайф?

– Гапро набур! Ту ки нос намекаши, кайфи носро аз кучо медони. Дар дунё муъмину мусулмон намондааст. Дар рох аз чанд кас нос пурсидам, надоданд, занталокхо.

– Шояд носкаш набуданд.

– Чи хел носкаш набуданд?! – якбора шурида рафт Викорбой. – Дар дахонашон нос буд! Мефахми?! Нос!

– Хайр, ором шавед…

– Чи хел ором шавам?! Занталокхо як каф носа аз одам боло медонанду ту боши, ором шав мегуи?! Бо ин хел одамхо дунё обод мешавад магар?! Кани бигу?! Ха-а, ба сукут рафти? Сукут аломати ризо! Хамсоя дар хонааш бошад?

– Кадом хамсоя?

– Хо каравули хаммом, номаш чи буд?.. Ха, Кучкорбой.

– Надонам. Чи буд?

– Чи буд, чи буд?! Ту бояд хама чиро дони! Давида раву як кашидани нос биёр. Тез баргард!

Гулчатой саросема аз дар мебарояд. Ин ба назари Викорбой ачибу гариб менамояд ва истехзоомез механдад. Сипас гиребон дошта: “Тавба! Астагфирулло!” – мегуяд.

Лахзае пас хамсараш бармегардад.

– Дод? – дархол мепурсад Викорбой.

– Ха, – чавоб медихад хамсараш, – дод.

– Наход? Чи гуфт?

– Хеч чи нагуфт, – чавоб медихад Гулчатой.

– Хеч мумкин нест, ки хеч чиз нагуфта бошад. Бояд, ки ягон чи мегуфт. Натарс, гуй! Гуй, ба хуби!

– Гуфтам-ку: хеч чи нагуфт. Танхо хандид.

– Чи-и?! – бонг мезанад Викорбой ва дар андомаш ифодаи ранчиш накш мебандад. Гуё Кучкорбой нос нею хакорат дода бошад. – Хандид? Чи хел хандид?

Хамсараш китф дархам мекашад.

– Чи хел хандид мегуям? Масхара хандид ё мушханда?

– Надонам, – овози Гулчатой саршори хайрат буд. – Охир, ман хандашинос набошам.

– Ту чиро мешиноси? Факат лату лушро? Ха-а, ту дар ин кор устухон надори!

Гулчатой носро ба кафи дасти хамсараш мерезад.

– Хо, хасиси лаънати-е! – бо зарда мегуяд Викорбой. – Чор дона додааст-е! Э мур-е, мумсик! Руята мурдашу бинад-е!

– Ана халос! – захрханда мекунад Гулчатой. – Хам нос дихаду…

– Дафъ шав, касофат! – хирси тирхурда барин аррос мезанад Викорбой. – Дую дубора башараат ба назарам натобад!

Пас аз рафтани хамсараш Викорбой ба носи кафи дасташ менигарад. Димогаш андак чок мешаваду дар чехрааш табассум медамад. Ва носро ба таги забонаш хаво медихаду “хм-м” – гуён, лабханде мекунад ва дар чашмонаш оташаки мугамбиронае медурахшад.

Викорбой аз нос – «рохати чон» хумор мешикаст.

– Э, дар номат садка “рохати чон”-е. Валлох бахри дилам бог-бог кушода шуд-е!

Лахзае пас боз дод мезанад:

– Гулчатой! Кучо гуму гур шуди?!

– Лаббай! – гуён, завчааш дар наздаш хозир мешавад.

– Лаббайят аз сарат монад! Кучо гуму гур шуди?!

– О, либос шуста истодаам…

– Э, Худо гирад худатрову либосшуиятро. Рузи дароз чи кор карди?!

– Замин побел кардам…

– Чи-и?! – абрувони гафсу кутох-кутохи сиёхи Викорбой кургирех заданд. – Замин побел карди?! Хи – хи – хи! Заб коре карда будаи?! Як гектар побел карди чи?! Хамаги ду сотих. Хамин хам гап шуд, ки зани?! Кориди?!

– Ха, коридам.

– Чи? – дуг зада, мепурсад Викорбой.

– Чи «чи»? – намефахмад хамсараш.

– Чи кориди мегуям?! – дагалона дуг мезанад у.

– А… ха… пиёз, гашнич, райхон, каламфур….

– Хайр, шуд! Чи, ин кадар каттаги мекуни? Заб коре карда будаи? Гуё аз осмон ситора оварда боши? Каттагия бин-у! Эъ, дар каттагиат… Газитора биёр! – чашмонашро рост ба руи завчааш мехалад. – Ё нахариди? Фаромуш карди?

– Не, фаромуш накардам, харидам, хозир меорам.

Завчааш рузномахоро оварда, медихаду аз паси либосшуи мешавад.

– Уф-ф… Аз дасти кори давлат маъюбу маслук шудам-е! – гуён, рузномаро мекушояд.

Ва боз хамсарашро чег мезанад.

– Чи гап? Тинчи? – дилсузона ба шавхараш менигарад Гулчатой.

– Э, ин магасро гум кун! – амр мекунад Викорбой. – Намемонад, ки хонам-е! Гуё асал дошта бошам, ки мечаспаду мечаспад.

Хамсараш магасро аз хона мебарорад.

– Э, ин газитхо ягон чизи халол наменависанд, – гуён, рузномаро ба суе хаво медихад.

– Худди азохона барин-е!

Вай асабони шуда, руй-руи хона мегардаду охи сарде мекашад. Баъд бо овози хаста ба хондани суруди дустдоштааш сар мекунад:

Ду абруи хамида чун хилолат…

Аммо нафасаш мегардаду хомуш мешавад.

– Худди азохона барин-е! – мегуяд ва боз завчаашро садо мекунад: – Гулчатой!

Завчааш тозон меояд.

– Магнитафона мон!

Завчааш амри уро зуд ичро мекунад. Навои шодиовару дилангез танинандоз мегардад. Вучуди Викорбойро як осоише фаро мегирад. Вай ба оханги мусики нигох карда, пояшро ин су-он су мегузорад, гуё ки ракс мекарда бошад.

Завчааш аз у чашм намеканд.

– Чи нигох дори? – хамсарашро бад-бад мепесонад. – Куш! Нашуд!..

Лахзае пас боз хамсарашро садо мекунад.

– Ин кадар ба кучо нест шуда рафти?! Чи, ман милиса, ки туро кофта гардам? Ё тавба?! “Занро кор фармою аз пасаш дав!”

– … ?

– Кучо буди, мегуям?!

– Дар ташнов.

– Дар кучо-о?! – аз хайрат чашмони Викорбой калон кушода мешаванд.

– Сабук шудам…

– Мемурди дар набудани ман сабук мешуди?!

– О…

– Хайр, шуд! Телевизора мон-ку, ягон суруд-пуруд ё ракс-пакс хаст ё не.

Хамсараш сухане нагуфта, телевизора мемонад.

– Тез куш!

– Маъкул нашуд?

– Чи? Боз масхара хам мекуни? Чи, мефорат, ки ман мачаллаи “Кишоварзи” тамошо кунам?!

Вай боз рузномаро ба даст мегирад. Лахзае пас писарчааш ба наздаш меояд.

– Ота!

– Дод нагу, кар нестам.

– Ота, ду савол дорам.

– Хмм! – мегуяд у аз рузнома чашм наканда.

– Барои чи алаф сабз аст? – мепурсад писарчааш.

– Хм-м!

– Чаро осмон кабуд аст?

– Э хой, тоза гаранг карди-ку! Рав ба назди модарат! Ин кори занона!

– Ота…

– Рав, ки хезам…

– Хезед, чи мешавад?

– Хезам – мурдам, бигу!

– Ота, маълим…

– Гап нагардон! Мезанамат, замина мегази!

Ин лахза духтарчааш давида меояд.

– Отачон, кай маро ба зоопарк мебаред?

– Чи?! Зоопарк? Маймуна надиди магар? Рафта ба модарат нигар, аз маймун кам не.

– Не, ба зоопарк мехохам…

– Э, ту хам расо гаранг карди-ку! Рав ба назди модарат! Ин кори занона!

– Ота, об…

– Об дар таги каши ман аст?!

– Ташна…

– Гулчатой! Илохам рута мурдашу бинад, бо ин бачахои зойдаат! Биё баршон, силам мекунанд!

Хамсараш омада, бачахоро мебарад.

Хона сокиту хомуш мегардад.

– Мардак, хой, мардак!

– Дарду балои мардак! Боз чи гап шуд? Мемони чорта дами бегам гирам ё не?!

– Хайр, хамон газитатона як тараф партоед. Осмон омада ба замин намечаспидагист.

– Оббо! – оташин мешавад Викорбой. – Рузи дароз кор карда меои, намемонанд, ки нафаси осуда каши. Чи гап?!

– “Пушти ману табари кассоб” – гуфта, наход ки намешунавед?

– Чиро? Овози зогмонанди туро?

– Не, овози Дилшодчона. Аз гиря сухт, бечора бачаякам. Ай дар пеши похот бумбурум-е. Худоё худовандо умри ова ба шумо бидихад. Хезед, уро хап доронед.

– Мо дар чи хаёлу фалак дар чи хаёл. Худат хап дорондан гир. Ин кори занона. Аз ухдааш ки намебаромади, чаро зойди? Ха, бехуда: “Аз гунчишк тарси, арзан накор” – нагуфтаанд.

– Камтар инсоф кунед…

– Инсоф – дар паси кухи Коф!

Руи завчааш турш мегардад.

– Гуфтам-ку – ин кори занона! – бовикорона мегуяд Викорбой. – Дигар ба ман начасп! Фахмиди?!

– Кори занона? – бо хайрони мегуяд Гулчатой. – Чи хел кори занона, ки хамсояи дасти ростамон Намоз доим кудаконашро бони мекунад.

– Вай занкалон! – писханд мезанад Викорбой.

– Хайр, набошад ба магоза равед, – илтичо мекунад Гулчатой.

– Дарро задам, девор кафид! – ба шур меояд Викорбой. – Ман бог гуям, ту рог мегуи! Ба магоза рав-а! Ба магоза рафтани мард айб аст! Мефахми?!

– Айб? – хайрон мешавад Гулчатой. – Барои чи айб будааст?

– Барои он ки магозарави хам кори занона!

– Чи хел кори занона, ки хамсояи дасти чапамон Акмол доим худаш ба магоза меравад…

– Ха, меравад! – чидди мегуяд Викорбой. – Хар руз меравад! Зеро ки вай хез, забонкутох, барои хамин меравад. Ман бошам мард! Не, не, ман марди одди не! Ха, ман сарамард! Сарамард! Фахмиди?!

– Дар сарамардам садка, – хушгуи мекунад Гулчатой. – Хайр, майлаш, хезеду пиёзу картошка пуст кунед.

– Э хо-о-ой! Чи ин кадар фармон медихи?! Чи, ман ба ту бачаи чайраюм?! Пиёзу картошка пуст кун-а! Хести, ки хобат! Ин хам кори занона! Худат пуст кардан гир!

– Акаллан як сатил об биёред, – мегуяд хамсараш бо чашмони гирён.

– Чи-и-и?! Об биёрам?! – дар киёфааш оташи хашму газаб аланга мезанад. – Эъ, бар падари… Э куру кар будаам-е! Ха, хамааш айби худам. Не, айби модарам. У маро фиреб дод. “Девор ба дарун афтад бехтар, аз бегона чи суд?” – гуён, туро ба гардани ман бор кард. “Не!” мегуфтам, холо хотири чамъу дили бегам медоштам.

– Чаро “не” нагуфтед, охир?

– “Не” мегуфтам, ту бешавхар мемонди.

– Шуд, шуд, чи лозим кохи кухнаро бод додан. Бехтараш…

– Э пат-пат накун! Хезам, аз худат гила кун. Мезанамат, ки дар девор мечаспи. Гуфтам-ку: ман сарамард! Об биёр-а! О, ин хам кори занона.

– Хеъ, мурад хамин корхои занона! Набошад, акаллан хамин сатили пасмондахоро бурда партоед-чи? Охир, хона буй гирифт.

– Чи-и?! Э, хап кун, ки давленим хестестай. Давленима нахезон, ки хозир ким-чи корут мекунум. Пасмондапартои тамоман кори занона аст.

– Ё Худоё! – фарёд мезанад Гулчатой ва ашки чашмонаш хамон замон мехушканд. – Хама кори хона кори занона будааст-да?!

– Хо, кори занона!

– Ё навзанбиллох, тавба кардам, Худоё!

– Тавба накуну рузатро бин! Хи-хи-хи!

– Холо хамин хел?! – бо арбада мегуяд Гулчатой ва ду даст ба миён гузошта, кундаи синаашро чунбонда – чунбонда, ба шавхараш наздик мешавад. – Набошад, хезед!

– И-и, барои чи хезам? – дар сари сузан нишастаги барин бетокат мешавад Викорбой.

– Хезеду кори мардонаатонро кунед! Ха, хезед!

Бо шунидани ин суханон кайфи Викорбой мепарад, гуё ба сараш як сатил об рехтанд. Ранги руяш якбора канда, чун дока мешавад.

– А-а?

– Хезед, тез хезед!

Дили Викорбой сахт-сахт ба тапиш медарояд. Чашмонаш калон-калон кушода мешаванд.

– Э, э, занакчон… шухи кардам… шухи. Э, вой-е, шухи карда хам намешавад-е…

Инро мегуяду саросема сатили пасмондахоро гирифта, шитобон кадам партофта, аз хона бадар меравад.

 

25 октбри соли 2004

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

zaru-zindagi

Олими нопархезгор кури машъалдор аст

Бефоида хар ки умр дарбохт, Чизе нахариду зар бияндохт. Мулк аз хирадмандон чамол гирад ва …