Моддаи 101-и Кодекси оила. Шакли созишномаи пардохти алимент
- Созишномаи пардохти алимент дар шакли хатти баста шуда, аз тарафи идораи наториалии давлати тасдик карда мешавад. (КЧТ аз 29.04.2006 № 183)
Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки конун мукаррар кардааст, боиси окибатхое мегардад, ки меъёрхои конунгузории граждани пешбини намудааст.
- Созишномаи пардохти алимент, ки дар идораи нотариалии давлати тасдик шудааст, дорои эътибори варакаи ичро мебошад.