Моддаи 101-и Кодекси оила. Шакли созишномаи пардохти алимент
- Созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда, аз тарафи идораи наториалии давлатӣ тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки қонун муқаррар кардааст, боиси оқибатҳое мегардад, ки меъёрҳои қонунгузории гражданӣ пешбинӣ намудааст.
- Созишномаи пардохти алимент, ки дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ шудааст, дорои эътибори варақаи иҷро мебошад.