Главная / Илм / Сагангур

Сагангур

Dipartimento di Scienze della Vita, Università di Trieste - Progetto Dryades - Picture by Andrea Moro - Comune di Aquileia, ai margini della laguna di Grado, presso la pineta di San Marco,  UD,  Friuli Venezia Giulia,  Italia, - Image licensed under a Creative Commons Attribution Non Commercial Share-Alike 3.0 License
Dipartimento di Scienze della Vita, Università di Trieste – Progetto Dryades – Picture by Andrea Moro – Comune di Aquileia, ai margini della laguna di Grado, presso la pineta di San Marco, UD, Friuli Venezia Giulia, Italia, – Image licensed under a Creative Commons Attribution Non Commercial Share-Alike 3.0 License

Сагангур — Инро дар як катор махалхо точикон ангури сагак низ меноманд. Дар сарзамини чумхурихои Осиёи Маркази сагангури табии ду навъ аст: самараш сиёх хангоми пухтан ва зарди сурхтоб. Барои ба дарун истеъмол кардан ва давоги сагангури самараш рангин, яъне зарди сурхтобаш зиёдтар ба кор меравад. Вале навъи самараш сиёхи он нисбатан камтар истеъмол мегардад.

Мизочи сагангури бустони, яъне мевааш рангини он дар дарачаи дувум сард ва хушк аст. Мизочи меваи сиёхи он дар дарачаи севум сард ва хушк мебошад. Хислатхои шифобахши он: навъи рангини он. Баргашро хуб куфта ба сар гузошта банданд, дарди сарро таскин ва варами пардахои майнаро тахлил медихад. Инчунин онро дар об чушонида, он обро кам-кам ва бардавом аз сар бирезанд, низ хамин гуна таъсир дорад.

Инро сухта, дудашро дар бини бигиранд, назлахоро дафъ мекунад. 4,5 грамм решахои борики онро бо шароб биёшоманд, хоб меоварад. Решаашро куфта, бар баногуш гузошта банданд, варами онро тахлил медихад.

Оби барги онро нимгарм чанд маротиба чаконанд, беморихои гуш ва биниро шифо мебахшад. Усораи барги хар ду навъи ин, яъне оби баргхои сагангури рангин ва сиёхи онро дар офтоб гафс гардонида, баъд чаконанд, беист рафтани обро аз чашм дафъ мекунад ва чашмро кави мегардонад. Ва оби растании хамаи навъхои сагангурро бичаконанд, захм ва осеберо, ки ба чашм расида бошад, шифо мебахшад.

Бо оби баргаш гаргара кунанд, ё он обро дар дахан гардонанд, варамхои халкро тахлил ва дарди дандонро таскин медихад. Барги сагангурро куфта, аз ру гузошта банданд, варами меъдаро тахлил ва тафси онро таскин медихад, инчунин барои варамхои дигари гарм ва тафсидани узвхои гуногун дармон мешавад.

100 грамм оби сагангури самараш рангинро бо шакар биёшоманд, варамхои ботиниро тахлил медихад ва беморихои узвхои даруни шикамро шифо мебахшад; ахлоти сафровиро бо исхол дафъ мекунад, дарди рудахоро ба ибро меоварад, рафтани дарунро, ки аз гарми бошад, манъ месозад; варами гарми макъад ва истискои гарммизочро тахлил медихад. 50 грамм оби онро бо оби арпабодиён ва оби косни бардавом бинушанд хам, чунин таъсирро дорад. Бо оби он хукна (клизма) кунанд, девонаги ва шаро (аллергия)-ро дафъ мекунад, рудахоро аз модда ва чизхои бегона пок мегардонад бинобар исхол овардан.

sagak_angur-300x251Пахтаи покизаро дар оби он тар карда, занхо аз таг бардоранд, бечо равон шудани хайз ва рутубатхои бемавриди бачадонро катъ мекунад. Агар хамин тавр пахта ё латтаи покизаро дар оби он тар карда, дар сурохи пушт бардоранд, ихтилом, яъне дар хоб шайтони шуданро манъ мекунад. Тухми сагангури сиёхро биёшоманд, пешобро меронад, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, барои бадан салкини мебахшад, инчунин ихтиломро дафъ мекунад.

Оби самари сагангури рангинро биёшоманд, варамхои гарми ботиниро тахлил медихад. Агар хар навъи гиёхи онро куфта, гузошта банданд, варамхои гарми беруни ва даруниро тахлил медихад; сухтагии оташ, захми обила, решхои даванда, саратони решгаштаро (хусусан бо орди чав) сиришта банданд, шифо мебахшад. Агар инро бо равгани гулисурх сиришта гузошта банданд, сурхбод ва мурчагазакро ба ибро меоварад. Ба хамаи инхо илова намоем, ки агар оби гиёхи ин, яъне сагангури рангинро биёшоманд, низ варамхои гарми ботиниро тахлил медихад.

Ба дарун истеъмол кардани сагангур барои хичак зарар дорад — давои ин зиёнаш канд хурдан аст. Микдори як бор ошомидан аз гиёхи хушки он дар як руз то 23 грамм ва агар дар об чушонида, оби онро нушидани бошанд, 45 грамми онро андозанд ва аз оби баргаш то 100 грамм нушидан раво мебошад. Огох кунем, ки оби чуш надодаи он хангоми нушидан башиддат кай меоварад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …