Главная / Маданият ва санъат / Шафоат кардани тифлон падару модари дузахиашонро

Шафоат кардани тифлон падару модари дузахиашонро

Шафоат кардани тифлон падару модари дузахиашонро

Фарзандони тифл, ки дар хурди аз дунё гузаштаанд, чун падару модари худро дар дузах бинанд, фарёд бароранд. Онхо, ки дар дунё дар огуши модар буданд, он замон чун падару модарро дар дузах бинанд, бо фарёду фигон худро дар оташ андозанду ба дасту пои падару модар овезанд.

Оташи дузах аз дидани тифлон бигурезад. Тифлон фарёд кунанду гуянд:

– Худовандо, агар модарону падарони моро дар дузах андохти, моро низ дар дузах ба пахлуи онхо андоз.

Худовандо, моро дар дунё дар хурдсоли аз падару модар чудо карди, дар укбо, яъне дар охират моро аз онхо чудо макун ва хар яке модару падари худро гирифта фарёд кунад.

Аз нолаву зории тифлон малоикахои Арщу Курси хама дар гиря дароянд ва чумлаи халоик зори кунанду гуянд: – Худовандо, агарчи бар ин гунахгорон кахр мекуни, яке рахм ва карам дар бораи ин тифлон кун.

Дар аснои он гиряву зори баногох Чабраил (а) аз Хазрати Раббулиззат даррасад. Хама халоик чашм ба у доранд, ки магар фатхёби шавад, яъне шояд, ки ягон хурсандие пайдо шавад. Чун Чабраил (а), ояд чанд шишаи об аз зери арш берун ораду ба он тифлон бидихад ва гуяд, ки ин обро ба тарафи дузах андозед.

Тифлон он обро ба суи дузах андозанд. Оташ аз хавфу тарси он обхо бигурезад. Чумла халоик аз он мутахайир бимонанду пурсанд, ки ин чи гуна об буд?

Чабраил (а) гуяд, ки ин оби гиряи мусибатзадагон аст. Чун он кудакон дар хурди фавтида, хар яке монанди донаи марворид дар назари модарону падарон падид мешуданд, онхо дар мусибати марги фарзандон ашк аз дидагон мерехтанд.

Пайки ачал чун бар сари ин тифлон парвоз карду хар яке ба марг гирифтор шуда, шуълаи оташи фироку чудои дар синаи падару модар афрухтанд. Чуйхои об, ки аз чашми онхо равона мешуд, он обро бар шишахо карда дар зери Арши мачид бо амри хазрати Хак субхона ва таъоло медоштанд, ки имруз дастгири вакти он дармондагону бечорагон гардидааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …