Главная / Чамъият / СТАНДАРТОНИ: КОНУНИ ЧУМХУРИИ точикистон

СТАНДАРТОНИ: КОНУНИ ЧУМХУРИИ точикистон

КОНУНИ  ЧУМХУРИИ точикистон

ДАР БОРАИ СТАНДАРТОНИ

(Конуни ЧТ аз 16.04.2012с., №814)

Конуни мазкур муносибатхои хукуки ва ташкилиро дар сохаи стандартони, принсипхои асосии стандартони, хукуку ухдадорихои иштирокчиёни корхо оид ба стандартониро дар Чумхурии Точикистон танзим намуда, ба таъмини сиёсати ягона дар ин соха равона гардидааст.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

  Моддаи 1. Мафхумхои асоси  

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– стандартони – фаъолият доир ба кабули стандартхо ва хуччатхои стандартони, инчунин мукаррар намудани талаботи техники (меъёр, коида, тавсифхо ва талаботи дигар нисбат ба объектхои  стандартони) бо максади татбики умуми ва бисёркаратаи онхо нисбат ба масъалахои доимо такроршаванда, ки барои ба даст овардани дарачаи муносибтарини тартиб дар сохаи коркард, истехсол, истифодабари, нигохдори, хамлу накл ва коркарди партовхои махсулот, ичрои кор ва хизматрасони мебошад;

– стандарт – хуччате, ки аз тарафи макомоти ваколатдор оид ба стандартони бо максади татбики умуми ва истифодаи бисёркарата тасдик гардида, коидахо, дастурхо ва ё тавсифхои ба махсулот дахлдошта, аз чумла чараёну усулхои истехсолотро дар бар мегирад, ки интихоби онхо бо максади истифода ихтиёримебошад. Инчунин он метавонад танхо талабот ба истилохот, ишора, борчома, тамгагузори ва бастабандиро дар дарачае, ки онхо ба махсулот, чараён ва ё усулхои истехсолот истифода мешаванд, дар бар гирад;

– объектхои стандартони – махсулот, чараёнхои коркард, истехсол, истифодабари, нигахдори, хамлу накл ва коркарди партовхои он, ичрои кор ва хизматрасони;

– стандарти давлатии Чумхурии Точикистон (минбаъд – стандарти давлати) – стандарте, ки макомоти ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон оид ба стандартони тасдик (кабул) намудааст;

– стандарти миллии дигар мамлакат – стандарти давлатие, ки макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартонии дигар давлати мушаххас тасдик (кабул) кардааст;

– стандарти минтакави (байнидавлати) – стандарте, ки ташкилоти минтакавии (байнидавлатии) стандартони тасдик (кабул) кардааст;

– стандарти байналмилали – стандарте, ки ташкилоти байналмилалии стандартони тасдик (кабул) кардааст;

– ба кайд гирифтани стандартхо ва хуччатхои стандартони – аз тарафи макомоти ваколатдор оид ба стандартони додани ракамхои бакайдгири ба стандартхо ва хуччатхои стандартони бо максади бахисобгири ва хаммонандкунии онхо;

– хуччатхои стандартони – хуччатхои (коида ва тавсияхои стандартони, мачмуи меъёр ва коидахо, стандартхои сохахо ва корхонахо, шартхои техники) аз тарафи ташкилотхои стандартонии байналмилали ё минтакави, макомоти ваколатдор оид ба стандартони, дигар макомоти идораи давлати ва ташкилоту корхонахо кабулшаванда;

– тарафи манфиатдор – макомоти марказии хокимияти ичроия, шахсони вокеи ва хукуки, ки ба фаъолияти стандартони манфиатдоранд;

– консенсус – розигии умум доир ба масъалаи муайян, ки бо дастгирии тарафхои манфиатдор, аз он чумла бо дарназардошти хамаи фикрхои мухолиф ба даст омадааст, гарчанде консенсус хамфикрии куллро дар бар намегирад;

– кумитаи техники оид ба стандартони – гурухи кори оид ба тахияи стандартхо, ки аз тарафи макомоти ваколатдор оид ба стандартони таъсис дода шудааст.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи стандартони

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи стандартони ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Максадхо ва принсипхои асосии стандартони

 

  1. Максадхои стандартони аз инхо иборатанд:

– таъмини хифзи хаёт, саломати ва бехатарии инсон ва шахрванд, хайвонот, растани ва хифзи мухити зист;

– таъмини сифату бехатарии махсулот ва чараёнхои ба он вобаста, ичрои кор ва хизматрасони;

– таъмини мувофикат ва якдигаривазкунии махсулот ва чараёнхои ба он вобаста, инчунин ичрои кор;

– рушди истехсолот ва савдои мол бо рохи тахияи стандартхо ва хуччатхои стандартонии бо стандартхои байналмилали хамоханггардида;

– мусоидат намудан ба баланд бардоштани кобилияти ракобатпазирии махсулоти ватани;

– мусоидат намудан ба пешрафти илми – техники;

– бартараф намудани монеахои техники дар савдо;

– химояи манфиатхои истеъмолкунандагон.

  1. Стандартони ба принсипхои зерин асос меёбад:

– ошкоро будани раванди тахияи стандартхо ва хуччатхои стандартони;

– таъмини хукуки иштироки хамаи тарафхои манфиатдор дар тахияи стандартхо;

– консенсуси хамаи тарафхои манфиатдор хангоми тахия ва тасдики стандартхо;

– хамохангсозии стандартхои давлати бо стандартхои байналмилали ва минтакави (байнидавлати);

– мувофикатии хуччатхои стандартони ба стандартхои давлати;

– ба хамаи шахсони манфиатдор дастрас будани маълумот дар бораи стандартхо;

– рох надодан ба монеахои зиёдати дар савдои байналмилали, ки ба таври минимали барои ичрои максадхои стандартони зарур аст;

– интихоби ихтиёрии стандартхо;

– ичрои хатмии талаботхои стандартхои интихобшуда;

– истифодабарии стандартхои байналмилали ва ё фаслхои дахлдори онхо, дар мавриде, ки онхо амал мекунанд ё ин, ки тахияи онхо ба анчом мерасад, хамчун асос барои тахияи стандартхои давлати, ба истиснои мавридхое, ки ин гуна стандартхои байналмилали ва фаслхои дахлдори онхо ба ноил гардидани максадхои Конуни мазкур номувофик ва бесамар бошанд, масалан, бинобар сабаби омилхои мухими иклими ё чугрофи ва ё норасоихои мухими техники;

– ба назар гирифтани мархилахои рушди технологи ва коидахои ташкилотхои байналмилали ва минтакави доир ба стандартони ва дигар созишномахои дахлдори байналмилали хангоми тахияи стандартхо;

– вобаста ба имконият, дар тахияи стандартхо, назар ба талаботхои таркиби ва тасвири ба инобат гирифтани талаботхои истифодабарии махсулот;

– мукаррар намудани тартиби якхела барои махсулоти воридоти ва махсулоти ватании хаммонанд дар асоси созишномахои байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст.

 

Моддаи 4. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи стандартони

 

Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи стандартони салохиятхои зеринро дорад:

– пешбурдисиёсати ягонаи давлатиро таъмин менамояд;

– макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартониро муайян менамояд;

– системаи давлатии стандартониро таъсис медихад ва фаъолияти онро таъмин менамояд;

– мубодилаи ахбор доир ба сохаи стандартони дар сатхи байнихукумати, байналмилали, минтакави (байнидавлати) ва миллиро дастгири менамояд;

– халли моддию молиявии масъалахои давлатиро дар сохаи стандартони таъмин менамояд;

– тартиби таъсис ва пешбурди фонди давлатии стандартхоро мукаррар менамояд. (К ЧТ аз 16.04.2012с., №814)

 

 

БОБИ 2. ТАШКИЛИ СТАНДАРТОНИ

 

Моддаи 5. Системаи давлатии стандартони

  1. Системаи давлатии стандартони мачмуи иштирокчиёни корхо оид ба стандартони, стандартхо ва хуччатхои стандартони, инчунин дар мачмуъ коидаю расмиёти фаъолияти системаро дар бар мегирад.
  2. Иштирокчиёни корхо оид ба стандартони инхо мебошанд:

– макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони;

– макомоти дигари давлати дар доираи ваколатхои худ дар сохаи стандартони;

– ташкилот ва муассисахои илми;

– кумитахои техники оид ба стандартони;

– шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон;

– шахрванди хоричи, шахси бешахрванд ва шахси хукукии хоричи;

– субъектхои дигаре, ки фаъолияташон бо корхои сохаи стандартони алокаманд мебошанд.

 

Моддаи 6. Ваколати макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони

Ба ваколати макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони дохил мешаванд:

– амали намудани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи стандартони;

– хамохангсозии кори макомоти марказии хокимияти ичроия  дар сохаи стандартони;

– тахия ва тасдики барномахо оид ба тахияи стандартхои давлати дар асоси пешниходи кумитахои техники оид ба стандартони ва тарафхои манфиатдор ва хамохангсозии ичрои онхо;

– тахия, тасдик, аз нав дида баромадан, ворид намудани тагйирот ва бекор намудани стандартхои давлати;

– муайян намудани тартиби тасдик ва бекор намудани стандартхои давлати;

– таъмини мутобикати стандартхои давлати ба стандартхои байналмилали ва минтакави (байнидавлати);

– мукаррар намудани коидахои умумии гузарондани корхо оид ба стандартони, шаклу усулхои хамкории иштирокчиёни системаи давлатии стандартони;

– ба рох мондани корхо оид ба стандартонии давлати, минтакави (байнидавлати) ва байналмилали, гузарондани корхои илмию тахкикоти оид ба стандартони, ба ичрои ин корхо чалб намудани кумитахои техники оид ба стандартони ва пажухишгоххои илмию тахкикотии сохави;

– гузаронидани экспертиза ва бакайдгирии лоихаи стандартхои давлати ва хуччатхои стандартонии бакайдгирифташаванда ва муайян намудани мухлати мавриди амал карор додани онхо;

– пешбурди фехристи стандартхои давлатии тасдикшуда (бекор карда шуда) ва хуччатхои стандартонии бакайдгирифташаванда;

– ба имзо расонидани созишномахо бо ташкилотхои стандартонии байналмилалию минтакави ва макомоти миллии стандартонии мамлакатхои дигар бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– амали намудани бакайдгирии стандартхои байналмилали, минтакави ва миллии мамлакатхои дигар ва муайян намудани тартиби истифодаи онхо дар каламрави Чумхурии Точикистон, ба шарте дар шартномахои (созишномахои) байналмилали тартиби дигаре мукаррар карда нашуда бошад;

– амали намудани бахисобгири ва нигохдории стандартхои байналмилали, минтакави (байнидавлати), давлати, коидаю тавсияхои стандартони ва таъмини дастрасии онхо ба шахсони манфиатдор;

­- ташаккул ва пешбурди фонди стандартхои байналмилали, минтакави (байнидавлати), давлати ва коидаю тавсияхои стандартони;

– пахн кардани стандартхои байналмилали, минтакави (байнидавлати), давлати, коидаю тавсияхои стандартони ва хамасола омода сохтани  руйхати стандартхои давлати;

– таъсис намудани фонди давлатии иттилоотии стандартхо ва системаи ягонаи иттилооти оид ба стандартони;

– кабул намудани карор дар бораи  ташкили кумитахои техники оид ба стандартони;

– тасдик намудани низомномахои кумитахои техники оид ба  стандартони ва хамоханг намудани фаъолияти онхо;

– намояндаги намудани Чумхурии Точикистон дар ташкилотхои байналмилали ва минтакави оид ба стандартони;

– иштирок дар тахияи стандартхои байналмилали, минтакави ва таъмини бахисобгирии манфиатхои Чумхурии Точикистон хангоми кабули онхо;

– тасдик намудани тасвири нишонаи мутобикат ба стандартхои давлати ва муайян намудани тартиби истифодаи он;

– таъмин намудани мубодилаи иттилоот дар сатхи байналмилали, минтакави (байнидавлати) ва милли оид ба стандартони;

– омода намудани таклифхо оид ба таъминоти моддию молиявии халли вазифахои давлати дар сохаи стандартони;

– ичро намудани вазифахои маркази иттилооти доир ба стандартони дар асоси талаботи шартномахои мухими байналмилали ва ухдадорихое, ки аз аъзоги дар ташкилотхои минтакави ва байналмилали бармеоянд;

– амали намудани фаъолияти дигар дар асоси вазифахои хатмии ба зима доштаи Чумхурии Точикистон, ки аз шартномахои байналмилалии сохаи стандартони бармеоянд;

– ичрои амалхои дигаре, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба сохаи стандартони дахл доранд.

 

Моддаи 7. Ваколати макомоти дигари давлати дар сохаи стандартони

 

Ба ваколати макомоти дигари давлати дар сохаи стандартони дохил мешаванд:

– амали гардонидани сиёсати давлати дар доираи ваколатхои худ;

– тайёр намудани пешниходхо ба барномахо оид ба стандартони бо дарназардошти мукаррароти Конуни мазкур;

– дар доираи ваколатхои худ ташкили тахия, тасдик, пешбурд, истифода, бахисобгири, чопи расми, пахнкуни ва нигохдории хуччатхои стандартони;

– иштирок намудан дар кори кумитахои техники оид ба стандартони;

– ба макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони пешниход намудани таклифхо дар бораи ташкили кумитахои техники оид ба  стандартони;

– дар доираи ваколатхои худ таъмин намудани иштироки экспертхо дар сохаи стандартонии байналмилали ва минтакави;

– дар доираи ваколатхои худ таъсис ва пешбурди фонди хуччатхои стандартони.

 

Моддаи 8. Вазифахои ташкилот ва муассисахои илми

 

Ташкилот ва муассисахои илми:

– ба инкишоф додан ва амали гардондани самтхои афзалиятноки стандартони чалб карда мешаванд;

– фонди амалкунандаи стандартхоро мутобики сатхи муосири рушди иктисоди милли, инкишофи асоси моддию техники, инчунин сатхи рушди илмию техники тахлил менамоянд;

– дар кори кумитахои техники оид ба стандартони иштирок мекунанд;

– дар мувофика бо макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони пешбурди котиботи кумитахои техники оид ба стандартониро ташкил менамоянд;

– хамасола дар бораи вазъият ва рушди корхо оид ба стандартони маърузахо тайёр мекунанд;

– дар сохаи стандартони корхои илмию тахкикоти мегузаронанд;

– системаи тайёри ва аттестатсияи экспертхои сохаи стандартониро ташаккул медиханд;

– барномахои таълимиеро, ки ба тайёр намудани мутахассисони сохаи стандартони равона гардидаанд, тахия ва амали менамоянд.

 

Моддаи 9. Ташкили кор, вазифахо ва ваколатхои кумитахои техники оид ба  стандартони

 

  1. Кумитахои техники оид ба стандартони бо максади ташкил кардан ва гузарондани корхо оид ба стандартонии давлати, минтакави (байнидавлати) ва байналмилали вобаста ба соха таъсис дода мешаванд.
  2. Тартиби ташкил ва фаъолияти кумитахои техники оид ба  стандартониро макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони муайян мекунад.
  3. Ба хайати кумитахои техники оид ба стандартони дар асоси баробархукуки метавонанд намояндагони макомоти марказии хокимияти ичроия, ташкилот ва муассисахои илми, иттифокхои касаба, ташкилотхои чамъияти, иттиходияхои сохибкорон ва истеъмолкунандагон, ташкилотхои тичорати ва гайритичорати, инчунин шахсони вокеи ба таври ихтиёри дохил шаванд.
  4. Кумитаи техники оид ба стандартони ваколатдор аст:

– тахияи стандартхои давлатиро бо дарназардошти стандартхои байналмилали ва минтакави, инчунин хусусиятхои давлат, омилхои мухими чугрофи ва иклимии мамлакат ва сатхи рушди иктисодии онро ба рох монда оид ба бекор кардани онхо таклифхо омода намояд;

– экспертизаи лоихаи хуччатхои стандартонии ба сохаи фаъолияташ дахлдорро гузаронад;

– оид ба тахияи стандартхои байналмилали ва минтакави (байнидавлати) пешниход омода намояд.

 

БОБИ 3. ТАХИЯ, ТАСДИК ВА ИСТИФОДАБАРИИ СТАНДАРТХО

 

Моддаи 10. Тасдики стандартхои давлати

  1. Стандартхои давлати тибки Конуни мазкур ва коидахои системаи давлатии стандартони, ки бояд ба коидахои ташкилотхои байналмилали ва минтакавии стандартони мутобикат намоянд, тасдик кардамешаванд.
  2. Стандартхои давлати ва хуччатхои стандартони набояд ба конунгузории Чумхурии Точикистон, регламентхои техники ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мухолифат намоянд.
  3. Стандартхои давлати ва хуччатхои стандартони метавонанд дар асоси стандартхо ва хуччатхои стандартонии байналмилали ва минтакави ва ё стандартхои миллии дигар давлатхо кабул гарданд.
  4. Огохинома дар бораи тасдик ё бекор намудани стандартхои давлати бояд дар нашрияи расмии макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони интишор гардад.»(К ЧТ аз 16.04.2012с., №814)

 

Моддаи 11. Тартиби тахия ва тасдики стандартхои давлати

  1. Стандартхои давлатиро метавонанд шахсони вокеи ва хукуки, ташкилотхои чамъияти, иттиходияхо, инчунин дигарон тибки барнома оид ба тахияи стандартхои давлати, тахия намоянд.
  2. Макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони то тасдик намудани стандарти давлати дар давоми 60 руз тафсирхои тарафхои манфиатдорро кабул намуда, барраси менамояд. Дар мавриди ба вучуд омадани хавфи фавкулодда ба амният, саломати ё мухити атроф, мухлати мазкур сокит карда мешавад.
  3. Тибки дархости тарафхои манфиатдор макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони бояд лоихаи стандарти давлатии баррасишавандаро ба онхо пешниход намояд. Маблаги пардохт барои дастрас намудани лоихаи стандарти давлати, ба истиснои харочоти вобаста ба дастраскуни, барои шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин шахсони вокеи ва хукукии хоричи ягона мебошад.
  4. Тартиби нашри огохинома оид ба тахияи лоихаи стандарти давлати ва огохинома доир ба хотима ёфтани мухокимаи оммавии онро макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони муайян менамояд.
  5. Дар тахияи минбаъдаи стандарти давлати макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони бояд тафсирхои пешниходкардаи тарафхои манфиатдорро дар давраи барраси ба инобат гирад. Дар холати мавчуд будани мухолифати тафсирхо ба стандартхои байналмилали макомоти ваколатдори давлати оид ба  стандартони хулосахои худро бо шархи муфассал дар мухлати муайяншуда ба тарафхои манфиатдор ирсол менамояд.
  6. Ворид намудани тагйирот ба стандарти давлати бо тартиби барои тахия ва тасдики стандарти давлати муайяншуда амали мегардад.

 

Моддаи 12. Санчиши стандартхои давлати

  1. Санчиши мутобикати стандартхои давлатии амалкунанда бо конунгузори, талаботи истеъмолкунандагон, сатхи рушди илм ва техника, талаботи стандартхои байналмилали ва минтакави (байнидавлати) аз тарафи кумитахои дахлдори техники оид ба стандартони ба амал бароварда мешавад.
  2. Стандартхои давлати на камтар аз як маротиба дар панч сол санчида  мешаванд.
  3. Тартиби гузарондани кор оид ба санчиши стандартхои давлатиро макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони мукаррар мекунад.

 

Моддаи 13. Истифодабарии стандартхо

  1. Интихоби стандартхо ихтиёри мебошад. Дар холате, ки регламенти техники ба стандарт ишора намояд ва ягона рохи таъмини мутобикат ба регламенти техники ин риояи стандарт мебошад, дар чунин холат ин гуна стандарт хамчун регламенти техники истифода мешавад.
  2. Стандартхои минтакави (байнидавлати) ва давлати бевосита, инчунин бо рохи ишора ба онхо дар конунгузории Чумхурии Точикистон, шартномахо,  ахдномахо ва созишномахои бо тартиби муайян кабулгардида, истифода мешаванд.
  3. Стандартхои минтакави (байнидавлати) дар худуди Чумхурии Точикистондар мавриди ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат накардан, бевосита пас аз шаш мохи дастрас шудани нашри расмии онхо (стандартхои бе санаи мавриди амал кабулшуда) мавриди амал карор мегиранд.
  4. Стандартхои байналмилали ва стандартхои миллии дигар мамлакатхо дар асоси созишномахои (шартномахои) байналмилали дар бораи хамкори ва ё шартномахои (созишномахо) макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони бо ташкилотхои стандартонии байналмилали, минтакавии дахлдор ва макомоти миллии стандартонии дигар мамлакатхо кабул мешаванд.
  5. Тартиби истифодаи стандартхои байналмилали, минтакави ва стандартхои миллии дигар давлатхоро макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони мукаррар менамояд.

 

Моддаи 14. Нашр ва пахн намудани стандартхо

 

  1. Хукуки истисноии чопи расми ва аз руи тартиби мукарраршуда пахн намудани стандартхои давлати ба макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони тааллук дорад.
  2. Стандартхои давлати бояд бо забони давлати, инчунин бо яке аз забонхои расмии байналмилали нашр гарданд.
  3. Нашр ва пахн намудани стандартхои миллии мамлакатхои дигарро макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони тибки шартномахо ва созишномахо бо макомоти миллии стандартонии мамлакатхои дигар ташкил ва амали менамояд.
  4. Нашр ва пахн намудани хуччатхои ташкилотхои байналмилали ва  минтакавии стандартониро, ки Чумхурии Точикистон узви онхо мебошад, макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони мувофики тартиб ва шартхое, ки ташкилотхои байналмилали ё минтакавии дахлдор муайян намудаанд, ба амал мебарорад.
  5. Нашр ва пахн намудани хуччатхои стандартони аз тарафи ташкилотхое, ки онхоро тасдик намуданд, амали мегардад.
  6. Стандартхои давлати ба тарики озод, баъди пардохти арзиши онтибки тартиби мукаррарнамудаи макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони, дастрас мегарданд.

 

Моддаи 15. Таъминоти иттилоотии фаъолияти сохаи стандартони

 

Таъминоти иттилоотии системаи давлатии стандартони тавассути корхои зерин ба амал бароварда мешавад:

– фонди давлатии иттилоотии стандартхо;

– системаи ягонаи иттилооти оид ба стандартони;

– чопи расмии стандартхо.

 

Моддаи 16. Нишонаи мутобикат ба стандартхои давлати

 

  1. Нишонаи мутобикат ба стандартхои давлати ин нишонаест, ки дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон ягона буда, мутобики тартиби мукарраршудаи конунгузори зери химоя карор дорад ва дар бораи ба талаботи стандартхои давлати мутобик будани объектхои стандартонии тамгагузоштаи онхо  шаходат медихад.
  2. Тавсиф ва тартиби истифодаи нишонаи мутобикат ба стандартхои давлатиро макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони мукаррар мекунад. Дар коидахои истифодаи нишонаи мутобикат ба стандартхои давлати бояд принсипи ихтиёри будани истифодаи он пешбини карда шавад.
  3. Хукуки истифодаи нишонаи мутобикати махсулот, ичрои кор ё хизматрасони ба стандартхои давлати аз тарафи макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони дода мешавад.
  4. Ба талаботи стандартхои давлати мутобикат доштани объектхои стандартонии бо нишонаи мутобикат тамгагузоришуда, аз руи тартиби мукаррарнамудаи макомоти ваколатдори давлати оид ба стандартони тасдик карда мешавад.
  5. Барои истехсолкунандаи (таъминкунандаи) объектхои стандартонии бо нишонаи мутобикат тамгагузоришуда, инчунин дар холати дар борчомаи махсулот ё хуччатхои хамрохшаванда дарч намудани раками стандартхои минтакави (байнидавлати) ва давлати чихати риоя намудани талаботи стандартхои дахлдор хатми мебошад.
  6. Назорати давлати оид ба ичрои хатмии стандартхои интихобшуда аз тарафи макомоти ваколатдори давлатии масъули ташкили корхои бамеъёрдарории техники амали мегардад.

 

Моддаи 17. Маблаггузории корхо оид ба стандартони

 

  1. Манбаъхои маблаггузории корхо оид ба стандартони инхоянд:

– маблагхои бучети давлатии Чумхурии Точикистон;

– фуруши стандартхо;

– хизматрасони дар сохаи стандартони;

– дигар манбаъхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Тартиби маблаггузории корхо оид ба стандартони аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

БОБИ 4. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 18. Чавобгари барои вайрон намудани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукукие, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

                   «Дар бораи стандартони»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи стандартони» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1996, № 23, мод. 358; с. 2002, № 4, к.1, мод. 230) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                     Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе

29 декабри соли 2010

№668

1

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …