Главная / Чамъият / СТАНДАРТХОИ ИЧТИМОИИ ДАВЛАТИ

СТАНДАРТХОИ ИЧТИМОИИ ДАВЛАТИ

 КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи стандартхои ичтимоии давлати  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2009, №5, мод.335)

  БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

  Моддаи 1. Доираи амали Конуни мазкур

  1. Конуни мазкур асосхои хукукии мукаррар ва истифода намудани стандартхои ичтимоии давлати, хамчунин сохтори онхоро муайян мекунад.
  2. Конуни мазкур нисбат ба стандартхои танзимкунандаи талаботи бехатарии техники ва сифати махсулот, мол, кор ва хизматрасони (аз чумла стандартхое, ки дар бахшхои сохаи ичтимои амал мекунанд) татбик карда намешавад.

     Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

стандартхои ичтимоии давлати – меъёрхо ва коидахои аз тарафи давлат мукарарраргардидае, ки татбики хукукхои ичтимоии ба шахрвандон кафолатдодаи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва тартиби пешниходи ин хукукхоро таъмин менамоянд;

– низоми стандартхои ичтимоии давлати – мачмуи стандартхои ичтимоии давлати, ки сохахои асосии муносибатхои ичтимоию иктисодиро фаро гирифтаанд;

– гуруххои асосии ичтимоию демографии ахоли – категорияхои асосии шахрвандон, ки аз руи аломатхои синнусолию чинси, вазъи ичтимои ва сатхи таъминоти модди (ахолии кобили мехнат, нафакахурон ва кудакон) муттахид шудаанд;

сатхи зиндаги – мачмуи неъматхо ва хизматрасонихои моддию маънави, ки талаботи хаётан мухими одамонро конеъ менамояд.

 

    Моддаи 3. Объект ва субъектхои танзим

  1. Объекти танзими Конуни мазкур муносибатхои вобаста ба истифодабарии стандартхои ичтимоии давлати байни макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли, ташкилотхо ва шахрвандони Чумхурии Точикистон мебошад.
  2. Субъектхои  фаъолияти вобаста ба истифодабарии стандартхои ичтимоии давлати макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли, ташкилотхо ва шахрвандон мебошанд, ки дар раванди истифодаи стандартхои  ичтимоии давлати хамкори мекунанд.

 

   Моддаи 4. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи стандартхои ичтимоии давлати

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи стандартхои ичтимоии давлати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур,  дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

   Моддаи 5. Мукаррару истифода ва назорат кардани риояи стандартхои ичтимоии давлати

  1. Стандартхои ичтимоии давлати дар шакли санадхои меъёрии хукуки мукаррар гардида, истифодаи онхо дар  худуди Чумхурии Точикистон  хатми мебошанд.
  2. Стандартхои ичтимоии давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар холатхои зарури тачдиди назар карда мешаванд.
  3. Назорати риояи стандартхои ичтимоии давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.

    Моддаи 6. Таъиноти стандартхои ичтимоии давлати

Стандартхои ичтимоии давлати бо максадхои зерин мукаррар карда мешаванд:

– муайян намудани таркиб ва меъёрхои кафолатдодашудаи аз тарафи шахрвандон истеъмол кардани неъматхои асосии модди ва истифодаи хизматрасони;

– ба амал баровардани сиёсати ягонаи ичтимои дар минтакахои гуногуни кишвар;

– истифода кардан ба сифати меъёр  дар мавриди асосноккунии харочоти бучетхои сатххои гуногун барои эхтиёчоти ичтимои;

– баходии сатхи зиндагии ахоли ва рафти татбики сиёсати ичтимои;

– истифода бурдан хангоми тахияи барномахои ичтимои;

– асоснок кардани зарурат ва мукаррар намудани андозаи кумакхои ичтимоии сурогави ба ахолии эхтиёчманд.

 

    Моддаи 7. Принсипхои асосии мукаррар намудани стандартхои ичтимоии давлати

Принсипхои асосии мукаррар намудани стандартхои ичтимоии давлати инхо мебошанд:

– таъмини мувофикати стандартхои ичтимоии давлати бо принсипхо ва самтхои асосии сиёсати ичтимои;

– таъмини имкониятхои амалигардонии хукукхои конститутсионии шахрвандон бо рохи истифодаи саъю маблаги онхо, инчунин истифодаи окилона ва одилонаи сарватхои миллии кишвар;

– асосноксозии ичтимоию иктисодии стандартхои ичтимоии давлати;

– рох надодан ба пастшавии сатхи зиндагии шахрвандон хангоми тахия ва татбики тадбирхо оид ба рушди ичтимоию иктисодии чумхури ва минтакахои он;

– таъмини хифзи манфиатхои хамаи гуруххои ичтимоии чомеа;

– истифодаи тачрибаи чахони хангоми тахияи низоми стандартхои ичтимоии давлати;

– ба шахрвандон пешниход намудани маълумот дар бораи стандартхои ичтимоии давлати;

– таъмини суботи ичтимои дар чомеа дар асоси густариши низоми шарикии ичтимои.

БОБИ 2. НАВЪХО ВА НИЗОМИ СТАНДАРТХОИ ИЧТИМОИИ ДАВЛАТИ

     Моддаи 8. Навъхои стандартхои ичтимоии давлати

Стандартхои ичтимоии давлати ба шакли меъёрхо ва коидахои асли, арзиши, муваккати ва молиявии танзимкунандаи тартиби мукаррар ва истифода намудани онхо мукаррар карда мешаванд.

    Моддаи 9. Низоми стандартхои ичтимоии давлати

 

Низоми стандартхои ичтимоии давлати сохахои асосии зерини муносибатхои ичтимоиро фаро мегирад:

– пардохти музди мехнат ва муносибатхои мехнати;

– таъмини шугли ахоли ва дастгирии бекорон;

– таъмини нафака ва сугуртаи ичтимои;

– таъмини молхои ниёзи мардум;

– таъмини ахоли бо манзил ва хизматрасонии маишию коммунали;

– маориф;

– илм;

– тандурусти;

– тарбияи чисмони ва варзиш;

– фарханг;

– кумаки ичтимои ва хизматрасонии ичтимои ба ахоли;

– таъмини бехатарии экологи;

– химояи хукукхои ичтимоии шахрвандон;

– истифодаи механизмхои андозбанди ва нархгузори.

   Моддаи 10. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи пардохти музди   мехнат ва муносибатхои мехнати

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи пардохти музди мехнат мукаррар намудани чунин меъёрхоро пешбини мекунанд:

– андозаи хадди акалли музди мехнат дар сатхи андозаи хадди акалли зиндаги;

– меъёрхо ва тартиби пардохти музди мехнати кормандони сохахои бучети;

– тартиби индексатсияи музди мехнат дар холати баландшавии сатхи муайяни таваррум ва сари вакт пардохт накардани музди мехнат;

– тартиби пардохти изофакори, кори рузхои истирохат ва ид.

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи муносибатхои мехнати мукаррар намудани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

– тартиби ба кор кабул кардан ва аз кор озод кардани кормандон, хисоб намудани собикаи кори онхо;

– меъёри нихоии давомнокии рузу хафта ва мохи кори;

– тартиби додани рухсатии харсолаи пардохтшаванда ва давомнокии он;

– кутох намудани рузи кории кормандоне, ки ба корхои мураккабу вазнин ва истехсолоти зарарнок машгуланд;

– талаботи хатми ба таъминоти бехатари ва хифзи мехнат;

– тартиби ташкили сугуртаи хатми аз холатхои нохуш дар истехсолот ва хангоми беморихои касби.

Моддаи 11. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи таъмини шугли ахоли ва дастгирии бекорон

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи таъмини шугли ахоли ва дастгирии бекорон мукаррар намудани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

– тартиби муайян намудани хакки сугурта хангоми бекори;

– андоза, мухлат ва тартиби додани кумакпулихо ба сабаби бекори;

– коидахои чустучуи чойхои нави кор;

– тартиби бозомузи ва такмили тахсили касбии бекорон, тартиб ва мухлатхои ба онхо пешниход намудани маълумот оид ба масъалахои бо кор таъминкуни.

    Моддаи 12. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи таъминоти нафака ва сугуртаи ичтимои

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи таъминоти нафака ва сугуртаи ичтимои мукаррар кардани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

– синну сол, давомнокии собикаи кори ва мухлатхои фаро расидани дигар холатхои сугуртави барои таъини нафака ба категорияхои мухталифи шахрвандон;

– андоза ва тартиби гузаронидани маблаги шахсони вокеи ва хукуки ба макомоти ваколатдори давлати;

– тартиби муайян кардан ва тагйир додани андозаи хадди акалли нафакахо;

– тартиби индексатсияи нафакахо дар сурати баланд гардидани сатхи муайяни таваррум;

– тартиби ташкил ва фаъолияти фондхои гайридавлатии нафака.

    Моддаи 13. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи таъмини молхои ниёзи мардум

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи таъмини молхои ниёзи мардум мукаррар намудани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

– мачмуи хадди акалли махсулоти зарурии озука, гайриозука, хизматрасони (ба таркиби сабади истеъмоли дохилшаванда) ва меъёрхои истифодабарии онхо барои гуруххои асосии ичтимоию демографии ахоли;

– номгуи категорияхои ахоли, ки барои ба он бо нарххои арзон ё ба тарики имтиёзнок фурухтани молхои ниёзи мардум эхтиёч доранд ва хамчунин тартиби пешниходи чунин имтиёзхо ва ташкили назорат оид ба риояи онхо.

    Моддаи 14. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи таъмини ахоли бо манзил ва хизматрасонии маишию коммунали

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи таъмини ахоли бо манзил ва хизматрасонии маишию коммунали мукаррар намудани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

– меъёрхои таъмини майдони истикомати ва умуми ба хисоби як нафар;

– тартиби бакайдгирии шахрвандон, ки ба гирифтани манзил ё бехтарсозии шароити манзили эхтиёч доранд;

– номгуй ва меъёрхои ба ахоли расондани навъхои асосии хизматрасонии коммунали (дар таркиби сабади истеъмоли);

– хадди нихоии чоизи харочоти шахрвандон барои пардохти хакки манзил ва хизматрасонии коммунали (мувофик ба мачмуи даромади оила);

– тартиби ба гуруххои камбизоати ахоли додани чубронпулихо барои пардохти хакки манзилию коммунали;

– арзиши нихоии хизматрасонии манзилию коммунали дар як мох (аз руи хисоби ба 1 метри мураббаи майдони умумии манзил) ё худ чорабинихо оид ба танзими тарифхои навъхои хизматрасони;

– категорияхои шахрвандоне, ки ба онхо манзил ройгон, ба таври кисман пардохт намудан ё бо шартхои дигари имтиёзнок дода, хизматхои манзилию маиши расонида мешаванд;

– тартиби чудо кардани маблаг барои харочоти корхона ва муассисахои хочагии манзилию коммунали ва хизматрасонии маишии ахоли аз бучетхои сатххои гуногун.

 

    Моддаи 15. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи маориф

 

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи маориф мукаррар намудани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

– меъёрхои маблаггузории бучети ва таъминоти моддию техникии муассисахои таълимии давлати ва дигар муассисахои таълими аз руи хисоб ба хар як хонанда;

– стандартхои давлатии тахсилот;

– меъёри шумораи (хиссаи) хонандагони тахсилоти миёнаи касби ва донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касби, ки хукуки тахсили ройгонро доранд (хангоми дар асоси озмун ба ин муассисахои таълими кабул шудан);

– тартиб ва шаклхои татбики хукуки шахрвандон ба тахсилоти томактаби, тахсилоти умуми, ибтидои ва миёнаи касби,  олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касби, тахсилоти иловаги ва тахсилоти махсус;

– тартиб ва шаклхои амали сохтани дастгирии молиявии муассисахои таълими барои кудакон ва чавонон;

– тартиби ройгон фарохам овардани тахсилоти махсус барои шахсони имкониятхояшон махдуд;

– меъёри таъмин намудани кудакон бо китобхои дарси ва дафтар;

– меъёри таъминоти модди, кадри ва техникии муассисахои таълимии давлати.

    Моддаи 16. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи илм

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи илм мукаррар кардани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

тартиби маблаггузории муассисахои илми (аз чумла сохторхои илмии мактабхои оли);

– меъёрхои таъминоти моддию техникии фаъолияти муассисахои илми (аз чумла сохторхои илмии мактабхои оли);

– тартиби додани грантхо ба муассисахо, коллективхо ва кормандони илми;

– чадвали тарифхо ва иловапулихо ба музди мехнати кормандони илми (аз чумла сохторхои илмии мактабхои оли).

     Моддаи 17. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи тандурусти

 

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи тандурусти мукаррар намудани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

– номгуи намудхои ёрии тиббию санитарии ройгон, ки аз тарафи муассисахои  давлатии тандурусти ба ахоли расонида мешаванд;

– хачми ёрии тиббию санитари, ки аз тарафи муассисахои давлатии тандурусти ба ахоли расонида мешаванд;

– категорияи шахрвандоне, ки ба онхо ёрии тиббию санитари  ройгон расонида мешавад;

– номгуи дорувории асосие, ки нисбати онхо танзим ва кайди нарххо татбик мешаванд, хамчунин категорияи шахрвандоне, ки ба таври ройгон ё имтиёзнок бо ин дорувори таъмин карда мешаванд;

– меъёрхо ва коидахои санитарию эпидемиологи;

-меъёрхо ва коидахои таъминоти моддию техники, дорувори, кадри, озука ва дигар мавод дар муассисахои тандурустии шакл ва навъхои гуногун;

– меъёрхои таъмини молиявии харочоти сохаи тандурусти ба хар сари ахоли;

– тартиби маблаггузории муассисахои тандурусти аз бучетхои сатххои гуногун.

   Моддаи 18. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи тарбияи чисмони ва варзиш

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи тарбияи чисмони ва варзиш мукаррар намудани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

– меъёрхои таъмини ахоли бо иншооти варзиши ва хайати мураббиёну омузгорон барои омузиш ва инкишофи тарбияи чисмони ва варзиш;

– тартиби маблаггузории муассисахои тарбияи чисмони ва варзиш аз бучетхои сатххои гуногун;

– меъёрхо оид ба назорати тиббии варзишгарон ва шахрвандоне, ки бо тарбияи чисмони машгуланд ва таъмини санитарию гигиении хадамоти дахлдор.

    Моддаи 19. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи фарханг

 

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи фарханг мукаррар намудани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

– меъёрхои таъмини ахоли бо хизматхое, ки аз тарафи муассисахои фарханги расонида мешаванд;

– категорияхои ахоли, ки аз хизматрасонии ройгони муассисахои фарханги ё имтиёзхои дигар истифода мебаранд;

– тартиби маблаггузории муассисахои фарханги аз бучетхои сатххои гуногун бо максади хифз кардан ва гани гардонидани арзишхои миллии фарханги.

     Моддаи 20. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи кумаки  ичтимои ва хизматрасонии ичтимои ба ахоли

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи кумаки ичтимои ва хизматрасонии ичтимои ба ахоли мукаррар намудани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

– тартиби таъсис додан ва фаъолият кардани фондхои ичтимоии гайрибучети;

– категорияхои шахрвандоне, ки ба кумаки ичтимои ниёз доранд;

– номгуй ва меъёрхои истифодаи кумак ва хизматрасонихои ичтимои, ки аз тарафи хадамоти ичтимои ба ахоли ройгон ё  бо шартхои имтиёзнок расонида мешаванд;

– тартиби маблаггузории муассисахои хифзи ичтимои ва хадамоти ичтимои аз бучетхои сатххои гуногун.

 

   Моддаи 21. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи таъмини бехатарии экологи

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи таъмини бехатарии экологи мукаррар намудани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

– меъёрхои нихоии чоизи олудашавии мухити зист;

– шароит барои маълумоти дакикро оид ба холати мухити зист дастрас кардани шахрвандон;

– ба рох мондани истехсол ва истеъмоли махсулоти аз чихати экологи тоза:

– тартиби чуброн кардани зарари ба саломати ё молу мулки шахрвандон расонидашуда дар холатхои хукуквайронкуни дар сохаи таъмини бехатарии экологи.

    Моддаи 22. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи химояи  хукукхои ичтимоии шахрвандон

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи химояи хукукхои ичтимоии шахрвандон мукаррар намудани меъёрхои зеринро пешбини мекунанд:

– ба шахрвандон расонидани кумаки хукуки (аз чумла хизмати нотариали);

– хифзи давлати ва чамъиятии хукукхои истеъмолкунандагони мол ва истифодабарандагони хизмат;

– ба шахрвандон чуброн кардани зараре, ки дар натичаи амалхои нодурусти муассисахои сохаи ичтимои расонида шудааст;

– маблаггузории муассисахое, ки ба шахрвандон оид ба химояи хукуки ичтимои ёрии  хукуки мерасонанд.

   Моддаи 23. Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи истифодаи механизмхои андозбанди ва нархгузори

Стандартхои ичтимоии давлати дар сохаи истифодаи механизмхои андозбанди ва нархгузори тартиби мукаррар намудани меъёрхои андозбандии  шахсони вокеи ва хукуки,  хамчунин фарохам овардани имтиёзхои андозии онхоро бо тартиби мукаррарнамудаи  конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини мекунанд.

БОБИ 3. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

               Моддаи 24. Мутобик намудани Конуни мазкур ба дигар санадхои меъёрии хукуки

 

  1. Мукаррароти Конуни мазкур барои тахия ва кабули дигар санадхои меъёрии хукуки оид ба масъалахои мукаррар ва истифода кардани стандартхои ичтимоии давлати асос мебошанд.
  2. Санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки каблан дар сохаи мукаррар намудани стандартхои ичтимоии давлати интишор шудаанд, то мутобик гардонидани онхо ба Конуни мазкур дар кисме татбик мешаванд, ки ба мукаррароти Конуни мазкур мухолиф нестанд.

    Моддаи 25. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии ТочикистонЭмомали Рахмон

 

 

ш.Душанбе, 19 майи соли 2009,

№ 528

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Cortes_de_cadiz-1

Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Аз даст додани мустамликахои америкои зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари …