Главная / Гуногун / ШОИРИ ДАРДХО ВА ОРЗУХО

ШОИРИ ДАРДХО ВА ОРЗУХО

…Низом Косим!

У ба муаррифи ниёз надорад. Зеро чехраи шинос аст, ки кайхо бо шеърхои маргубу дилнишинаш ба дили хонандахо чо гирифтааст. Вай табиатан чун кудак содда ва беолоиш аст. Калбаш чун оина соф, синааш аз кина ори. Диле дорад нозуку хасос ва дардошно. Аз фахру магрурихо дур аст у, садокатманд асту мехнаткарин. Табъаш оби равонро монад: хушу покиза. На шикоятро хуш дорад, на даъворо. Шояд аз он бошад, ки зодаи кухсор аст, чуноне ки худ иброз медорад:

         “Зодаи ин кухсори пурсадои хомушам,

         Хамдили ин чашмахои дилнавози дилкашам”.

норинисо шоираВа шеъраш хам чун худи у соддаву табии, равону самимист. Дар он вожае нест, ки нофахм ва мураккаб бошад. Аз тарафи дигар хар мисрааш дар печидагихои хаёт дард мекашад ва дар умки хар сатраш орзуе нухуфтааст, ки хонандаро ба олами рангину нотакрор хидоят месозад. Хамин ду услуби баён холати рухи ва мавкеъи чамъиятии уро муайян мекунад. Ва дар хамин рох азму чазму чоннисори менамояд. Кудрату кобилият ва махорати суханвариашро равшан месозад.

Дардхо ва орзухои шоир такя бар худшиноси, ифтихори милли ва эхсоси ватандори дорад. Яъне, у магз андар магз пайванди обу гили Точикистон аст. Ва ин пайвандиро хеле самими, мучассам ва равшан иброз медорад.

         “Аз мани ту, бо хама обу саробат аз мани,

         Аз мани ту, бо суруру бо азобат аз мани,

         Аз мани, бо чумла маъмуру харобат аз мани,

         Аз туям ман, аз туям, хокистарам ё оташам!”

Ва чун як фазанди дилбанд, ки дар домани файзбори ин ватан парвариш ёфтааст арзи садокат ва эхтирому сипос мегузорад:

         “Шуълае додам туро, бар ман ту гулхан додаи,

         Донае додам туро, бар ман ту хирман додаи…”

Низом Косим шоири ошик аст. Ошики Ватану халкаш, ошики замини мукаддаси Точикистон, ошики ободию гул-гулшукуфии диёраш, ошики зебоихои нотакрори табиати кишвараш, ошики шайдо ва бовафо.

       “Ман, ки кайхоннаварди ишки туям,

       Ту, ки бегаш самои ишки мани,

       Бо хаёли ту метапам ба замин,

       Дарди ишку давои ишки мани.

       Лек гохе ки дар само бошам,

       Сабзу хуррам замини ишки мани,

       Метапам рузу шаб ба ёди ту боз,

       Ки карини ба чону тан – ватани…”

Хамин ишк уро ба куи шеър овард. Аз ин лихоз, шеър барои у дард аст, исён аст, овои дили пурэхсосу зебопараст аст. Аз ин ру, сухани у аз сузи дил мебарояд, аз хомааш дарди миллат, орзуву омоли миллат руи когази сафед метаровад. Дардхо ва орзухояш бар вокеияти рузгору мухити маънавии мо асос ёфта, назари умумро амик ифода мекунад. Вале онхоро умуми ва хушку холи не, балки бо тасвирхои дилкашу чилвахои тозаи маъни ва чолибу шоирона пайрези мекунад. Аз ин ру, дорои неруест, ки ба дарди хонанда хурда, дар калби у ошён мегузоранд. Ба дарди дилхо мархам шуда, ба инсон андешахои нек ва эхсоси пок мебахшанд. Аклхоро равшан намуда, шуру шавки зиндагиро бармеангезанд.

Аз ин мисраи шоир бе душвори пай мебарем, ки шеър дар кадом холат ва бо чи рухия гуфта шудааст:

       “Аз калби пора-пора ду-се пора гуфтаем”.

Ва ин “ду-се пора” шууру эхсоси моро покизаги бахшида, дилу дидаи моро равшан мекунад, ба ояндаи нек хидоят месозад.

Низом Косим рисолати хешро фаромуш насохта, бахри дарёфти сухани тозаю хак ва вокеи мекушад. Ва дар ин рох ба токату сабри калам коил шуда офарин мегуяд.

       “Бар токату ба сабри калам офарин бигу,

       Ин бори санг мебарад аз ку ба ку калам!

       Чандон ки ашкхои алам мекунад нисор,

       Дорад чи гиряхои гирех дар гулу калам”.

Кобили зикр аст, ки мо хар руз мешунавем: ”Худо душмани касро ба балнисаву милиса набарад”. Ин гуфта имруз кариб ки ба макол табдил ёфтааст. Хатто бо хамин гуфта дуо хам медиханд. Бале, ин хама аз пора сар задааст. Ва шоир нигаронии худро бо чунин байтхои таъсирбахш ифода менамояд:

       “Бас ачибаш порагирихои духтурхост,

       Бас ачибаш порабахшихои бемор аст!

       То нагирад пора аз бемордораш,

       Он яке харгиз нахохад кард пора чисми бемораш

       Ё нахохад кофт харгиз пораи пурдарду озораш.

       Порахо бигрифта духтурхо,

       Байни хешу Буали пайвандро карданд пора,

       Дар лаби Гиппократ савгандро карданд пора”.

Шоир ба вокиахои аввали солхои 90 аз диди чамъбасти окилона бахо медихад ва орзу мекунад, ки бо хамон азму талоше ки хамкуши кардему ахтар сухтем, кош гамкуши мекардему ахтаре меафрухтем.

            “Кош чои руди хун дар ин диёр

            Хар тараф мерафт руди нангу ор”.

Вале, сад афсус, ки аз хасрати гулхои пажмурда богхо гуристон шуданд. Ва ин дардхо чунон аз хад гузаштаанд, ки шоир азизи дилашро хамчун офтоб дар паси девори фирок тасвир намуда чунин хулоса мекунад:

          “Гиряам омадаву чониби ту механдам,

          Гиряат омадаву чониби ман механди…”

Ва ин гиря гиряи бечораги нест. Гиряи чора аст. Ба дари дидаи дунё ангушт мезанад. Ба хар тараф чун даво медавад. Бо вучуди ин баъзе сияхкорон бечазо мемонанд. Ва бо чунин байтхои риккатовару таъсирбахш эхсосоти хешро руи когаз меорад:

          “Бечазо дида шабу руз сияхкоронро,

          Рузу шаб, мунтазири Рузи чазо, хаста шудам”.

Дар шеъри “Агар хохед” дар бораи бузургони адабиёти муосири мо устодон Мирзо Турсунзода ва Боки Рахимзода  андеша меронад. Ин шеър дар рухияи худшиносии худи эчодкорон тархрези шуда, оханги тозаи публитсисти ва адолатталаби дорад.

            “Пеши мо хар гох мегуянд

            Бо насихатхо адибоне:

            “Боки, медони, чи одам буд,

            Ё ки Турсунзода, медони?!”

Ин насихатгарон тамаъчуёнеанд, ки умре аз ин устодон бахра бурданду онхоро фаромуш карда, танхо хешро бар ёд овардаанд. Ва беадолати мекунанд, беодоби мекунанд, мунофики мекунанд. Гузашта аз он, насихат мекунанд ва акл ёд медиханд. Ва Низом Косим гам мехурад, сахт азоб мекашад ва бо дарду хасрат мегуяд, ки: “медонам шоир буданд, гаму хасрати одамон дардашон буд, басо пургунохонро авф карданд, басо бепанохонро сарпанох доданд. Пас аз онхо барои адибон, имдод афсона гаштааст. Ба чойи паймон паймона мондааст…”.

Ва Низом Косим аз ин чихат дар хайрат монда, озурдаю дилмонда ва гиламандона мепурсад:

            “Чумларо монданд бар инхо,

            Мардии худро магар бурданд?

            Ё ки инхо мардии худро

            Бо кабобу бо арак хурданд?!”

Вале дар охир некбинона мегуяд, ки: “медонам, то фарханги точик бокист, онхо подоранд”. Ва шоири хассосу дардошно амри дили худро бо ин мисраъхо рушан намуда, шеърро чамъбаст менамояд:

           “Лек медонам: агар хохед

            Боз Лоик руяду Бозор,

            Богбоне боз чун Боки,

            Боз Турсунзодае даркор!”

Дар ин дунё инсоне беорзу нест. Вале орзуи шоир орзуи миллату Ватан аст. Бехуда нест, ки дар шеъри Низом Косим орзу ба чандин ранг изхор мешавад. Ва ин рангхо аз табъи худододаш сарчашма мегиранд.

Дар шеъри “Андешаи шаб” орзу мекунад, ки дил аз гами андух холи, сар холи аз фикру хаёл шабе орому ширин бихобад, то сахар аз хоб сер бедор шавад. Вале ин ба у муяссар намегардад.

            “Бо сад хаёле шаб сахар шуд,

            Ман монда бо он холи дерин:

            Сар пурхаёлу дил пур аз гам,

            Чашмон тихи аз хоби ширин”.

Дар шеъри “Чангал” орзухои дили худро бо ин мисраъхо рушан менамояд:

         “Дар канори Чангали Мозандарон эй кош

         Соате фориг зи гавгои чахон бошам,

         Дар панохи шохсори човидон сабзаш

         Човидони дур аз чашми хазон бошам”.

Бо ин хама бешу кам, дарду гам шоир орзу мекунад, ки дар ватани азизаш хок шавад:

           “Доимам хаст ёди ин манзил

           Чун гарибе, ки  бо гами ватан аст,

           Андар ин чой зиста умре,

           Мурдан ин чой орзуи ман аст”.

Орзуи бузурги шоири хассосу дардошно Низом Косим шукуфоии Ватану халкаш аст. Мо орзу мекунем, ки у барои мухаббатномахои сазовораш сохиби Чоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рудаки гардад.

12 майи соли 2006

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …