Главная / Гуногун / СИНО ВА ШАВХАРИ  ЧАВОН

СИНО ВА ШАВХАРИ  ЧАВОН

Як зану шавхари чавон фарзанддор мешаванду ду мох гузаштан пас хардушон маслихат мекунанд, ки пеши Абуали ибни Сино рафта, таълими кудаккалонкуниро ёд гирифта биёянд.

Майда-чуйда, савготи гирифта, онхо хонаи Абуали Сино мераванд. Абуали Сино онхоро мехмондори карда баъд мепурсад:

-Ягон хизмат бошад, шарм накарда гуед, ман ба хизмати шумо хозирам:

Занаки кудакдор мегуяд:

– Таксир, мо нав як кудак ёфтем, чи хел тарбия кардани вайро намедонем, пеши шумо омадем, ки ба мо таълим дихед.

Баъд Абуали Сино мепурсад, ки:

– Кудакатон чандруза шуд?

Онхо мегуянд:

– Думоха.

Абуали Сино дастонашро дар сари зону зада мегуяд:

– Дер шудааст, дер! Кудакро мебоист дар хамон рузи таввалуд шуданаш меовардед, акнун худатон уро чи хеле, ки хохед, хамон тавр тарбия кардан гиред!

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …