Главная / Илм / ШАБПАРАК дар Канзи Шифо (Китоб)

ШАБПАРАК дар Канзи Шифо (Китоб)

kur_shabparak-620x330ШАБПАРАК — ин чонварро бинобар он, ки рузона парвоз намекунад, сахван куршабпарак меноманд. Инро хама медонанд. Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва дар чорум хушк аст. Гармии гушташ камтар аст аз харорати саргини он.

Хислатхои шифобахши он: онро шурбо карда бихуранд, ахлоти нодаркор ва инчунин зардобро бо исхол аз бадан дафъ мекунад, истиско (водянка) ва дарди суринро шифо мебахшед. Агар онро дар равгани зайтун мухарро пухта бихуранд, иллатхои фолич, ларзак, дардхои бугумхо, дарди пушт ва никрисро (подаграро) ба ибро меоварад, варамхои сардро тахлил медихад; агар дар равгани кунчид хамон тавр пухта, батакрор бимоланд, иркуннасоро шифо мебахшад.

Гушти онро дар равгани занбак ё дар равгани савсани кухи дар деги чуян ё мис ба хадде бипазанд, ки равган хушк шавад ва аз нав равган андохта бипазанд, то шабпарак мухарро гардад. Баъд равганро соф намуда бимоланд, барои фоличи кадим, ларзак, дамкутахи, никрис, дарди аъзо, манъи рехтани муй доруи ачиб мебошад; ва агар инро занхо ба пистони худ бимоланд, намегузорад, ки онхо калон шаванд. Агар ин шабпаракро дар об мухарро пухта, ба закар бимоланд, пешоби бандшударо мекушояд. Он обро, ки шабпарак пухта шудааст, дар сурохи закар ба такрор бичаконанд ва ё дар он об даромада нишинанд, фолич ва сусту нотавон гаштани аъзоро шифо мебахшад.

ВИДЕО

Магзи сари онро дар оби пиёз хал карда, ба чашм кашанд, оби дар гавхарак фуромадаро дафъ ва чашмро бино мегардонад; агар инро бо асал сиришта бимоланд, гули чашмро нест мекунад.

Хуни онро ба зери нофи тифлон бимоланд, ба он чо муй намеруяд, агар ба пистони духтарон бимоланд, пистон бисёр бузург намегардад. Агар ин хунро ба чашм бимоланд, пардаи ба он афтодаро, ки чашмро торик мекунад, дафъ менамояд.

Шабпаракро сухта, хокистарашро чун сурма ба чашм кашанд, чашмро тез ва гули дар он афтодаро дафъ мекунад. Агар ин хокистарро дар шароб андозанд, нушандагонаш маст намегарданд.

Захраи онро занхо ба андоми шарми худ бимоланд, душвории зоиданро бархам медихад, яъне зоишро дархол осон мекунад.

Агар майнаи онро ба зери по бимоланд, куввати пушти камарро (бохро) бармеангезад.

Мизочи саргинаш бисёр гарм ва хушк то дарачаи чорум мерасад. Агар инро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Агар онро ба шукуфахои пуст бимоланд, онхоро дур менамояд.

Шири шабпарак низ дар мизоч бисёр гарм аст ва поккунандаи догхо мебошад. Агар аз ин 4,5 грамм бихуранд, халок мекунад, яъне мекушад. Як грамми инро бихуранд, санги гурда ва хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад.

Дар болои ошёни онхо чизи сафеди сахт ёфт мешавад ба микдори банди ангуште (баъзан калонтар ва баъзан хурдтар аз он) монанди ишхор, вале сафедтар аз он, сурохдор, яъне ковокдор. Агар инро ос карда бимоланд, озаххоро хушк мекунад ва муйро чун тарошида шуда аз пусти бадан чудо мекунад, вале пустро захмин месозад.

Пешоби ин чонвар низ мизоч ва хислати шири онро дорост, моддахои сахт ва гафси баданро мегудозад. Агар онро ба чашм бикашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Инчунин шираш хам гули чашм ва нохунаки чашмро дур менамояд. Вале ин хар ду ба чашм зарар низ мекунад. Бинобар хамин аз истеъмолашон ба чашм, бехтар аст, ки худдори намоянд.

Агар нафахмонда сари онро ба зери болини касе бигузоранд, он шахсро хоб намебарад. Инчунин чашм ва дили он хам хамчунин таъсирро дорад.

Агар дар бурчи (чойгахи) кабутарон сари онро дафн намоянд, ба он чо кабутарони бисёр чамъ мешаванд. Агар инро дар сурохи муш гузоранд, хамаи мушон аз он хона мегурезанд.

Дилашро ба гардани худ овезанд, барои харакати чимоъ ёри медихад.

Магзи сари онро бар закар бимоланд, онро кави мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …