Главная / Чамъият / Рухсатии бемузди мехнат

Рухсатии бемузди мехнат

Моддаи 116-и Кодекси Мехнат. Рухсатии бемузди мехнат

  1. Ба корманд, бинобар вазъи оилави ва дигар сабабхои узрнок, мутобики аризааш рухсатии бемузди мехнат дода мешавад, ки давомнокии он бо мувофикаи байни корманд ва корфармо муайян карда мешавад. Узрнок будани сабабхои дода шудани чунин рухсатиро корфармо бахо медихад, агар дар созишнома ва шартномахои коллективи тартиби дигар мукаррар нашуда бошад.
  2. Рухсатии бемузди мехнат мувофики аризаи корманд ба таври хатми ба инхо дода мешавад:

– ба иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани, шахсони ба онхо баробаркардашуда, инчунин ба нафакахуроне, ки кор мекунанд – хар сол то 14 рузи таквими;

– ба падару модарон ва хамсарони хизматчиёни харби ва кормандони макомоти хифзи хукук, ки дар натичаи захм, контузия ё осебе, ки хангоми химояи Ватан ва ичрои вазифаи (мансаби) хизмати ба онхо расидааст, ё дар натичаи бемории вобаста бо иштирокашон дар чанг ва муковиматхои сиёси фавтидаанд – хар сол то 14 рузи таквими;

– ба маъюбоне, ки кор мекунанд – то 2 мох дар як сол;

– ба кормандон дар мавриди таваллуд шудани кудак, маросими бастани акди никох, вафоти хешовандон – то 7 рузи таквими;

– ба кормандоне, ки шахси бемори аъзои оиларо мувофики хулосаи тибби  нигохубин мекунанд (бе додани варакаи корношоямии мехнати ё хуччати ивазкунандаи он) – то 14 рузи таквими;

– ба кормандоне, ки мувофики хулосаи тибби барои табобат роххати санатори – курорти доранд, ки мухлати он аз давомнокии рухсатии мехнати зиёд аст – ба мухлати вакти нарасида (бо иловаи вакти рафтуомад), агар хамаи мухлати рухсатии мехнати истифода шуда бошад, бо мухлати пурраи роххат (бо иловаи вакти рафтуомад);

– ба кормандоне, ки барои супоридани имтихонхои дохилшави ба муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ичозат дода шудаанд – 10 рузи таквими, ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва муассисахои таълимии тахсилоти махсус – 15 рузи таквими, гайр аз вакти рафтуомад ба махалли чойгиршавии муассисаи таълими;

– ба шахсони ба аспирантура ва докторантура дохилшаванда ва бе чудошави аз истехсолот тахсилкунанда – барои вакти рафтуомад ба махалли чойгиршавии муассисахои мазкур дар давраи супоридани имтихонхои дохилшави ва кори рисолави;

– дар дигар холатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини намудаанд.

  1. Рухсатихои дар сархатхои якум, дуюм ва сеюми кисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда дар вакте дода мешаванд, ки корманд бо корфармо мувофика кардааст.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …