Главная / Ҷамъият / Рухсатии бемузди меҳнат

Рухсатии бемузди меҳнат

Моддаи 116-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии бемузди меҳнат

  1. Ба корманд, бинобар вазъи оилавӣ ва дигар сабабҳои узрнок, мутобиқи аризааш рухсатии бемузди меҳнат дода мешавад, ки давомнокии он бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муайян карда мешавад. Узрнок будани сабабҳои дода шудани чунин рухсатиро корфармо баҳо медиҳад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
  2. Рухсатии бемузди меҳнат мувофиқи аризаи корманд ба таври ҳатмӣ ба инҳо дода мешавад:

– ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба нафақахўроне, ки кор мекунанд – ҳар сол то 14 рўзи тақвимӣ;

– ба падару модарон ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи Ватан ва иҷрои вазифаи (мансаби) хизматӣ ба онҳо расидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар ҷанг ва муқовиматҳои сиёсӣ фавтидаанд – ҳар сол то 14 рўзи тақвимӣ;

– ба маъюбоне, ки кор мекунанд – то 2 моҳ дар як сол;

– ба кормандон дар мавриди таваллуд шудани кўдак, маросими бастани ақди никоҳ, вафоти хешовандон – то 7 рўзи тақвимӣ;

– ба кормандоне, ки шахси бемори аъзои оиларо мувофиқи хулосаи тиббӣ  нигоҳубин мекунанд (бе додани варақаи корношоямии меҳнатӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он) – то 14 рўзи тақвимӣ;

– ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ барои табобат роҳхати санаторӣ – курортӣ доранд, ки муҳлати он аз давомнокии рухсатии меҳнатӣ зиёд аст – ба муҳлати вақти нарасида (бо иловаи вақти рафтуомад), агар ҳамаи муҳлати рухсатии меҳнатӣ истифода шуда бошад, бо муҳлати пурраи роҳхат (бо иловаи вақти рафтуомад);

– ба кормандоне, ки барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ иҷозат дода шудаанд – 10 рўзи тақвимӣ, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус – 15 рўзи тақвимӣ, ғайр аз вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;

– ба шахсони ба аспирантура ва докторантура дохилшаванда ва бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот таҳсилкунанда – барои вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур дар давраи супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва кори рисолавӣ;

– дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд.

  1. Рухсатиҳои дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда дар вақте дода мешаванд, ки корманд бо корфармо мувофиқа кардааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …