Главная / Гуногун / Равгани зард

Равгани зард

ravgani_zard-640x330Инро аз шири хайвонот ва чургот ба амал меоваранд. Бехтарини он равгани гов аст, ки сабуктар мебошад, баъд аз он азони гусфанд, ки ин гализтар мебошад назар ба равгани зарди гови. Мизочи хамаи навъхои он дар дарачаи якум гарм ва тар аст. Харчанд ин кухнатар гардад, рутубаташ мекохад ва хушки пайдо мекунад. Ва агар дусола шавад, мизочаш дар дарачаи якум хушк мегардад.

Хислатхои шифобахши он: равгани зард дар хислатхои давои кавитар аз маска мебошад. Агар инро бихуранд ва гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад, гиреххои баданро мекушояд, бар зидди захрхо хусусияти тарёки дорад ва намегузорад, ки таъсири захри мори афъи ба дил расад. Дар ин хусус табиб Багдоди навиштааст: «Шахсеро афъии котил газида буд, ба гайр аз равгани кухнаи гов дигар чиз хозир набуд ва хамонро ошомид, офате ба у нарасид».

25 грамм равгани зардро бо 210 грамм оби анор биёшоманд, исхоли хунинро шифо мебахшад. Агар ин равганро бихуранд, пустро мулоим, чехраро пок ва майнаро аз моддахои бегона соф месозад; узвхои даруни синаро аз моддахои нодаркор пок мегардонад, баданро фарбех месозад, хушкии халк ва даруни биниро дафъ мекунад, барои сурфаи хушк, зардпарвин ва иллатхои сипурз даво мебошад, инчунин санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Ин равган дар баъзехо дарунро шах ва дар баъзехо мулоим мекунад.

Агар инро бо шакар ва бодоми талх даромехта, ба дили нахор лесида бихуранд, сурфаи хушки кухнаро ба ибро меоварад, узвхои даруни синаро мулоим мекунад. 25 грамми инро бо 125 грамм шакар бихуранд, душвории шошиданро дархол дафъ месозад. Агар ин микдорро бо оби гарм хурда, баъд кай кунанд, захр ва афюни хурдашударо дафъ мекунад.

Ин равганро бо оби сагангур ба чашм кашанд, луккос зада дард кардани онро дафъ менамояд ва варамашро хам тахлил медихад. Худашро танхо бимоланд, шахшулии чашмро мулоим мекунад ва агар бо равгани зайтун даромехта бимоланд, кутури пилкхои чашмро шифо мебахшад; агар дар гуш чаконанд, дардашро таскин медихад ва дар бини бирезанд, дарди гулуро шифо мебахшад.

Равгани зардро бо оби хокистар якчо карда, бо он таркиб хукна (клизма) кунанд, рафтани дарунро манъ ва захми сатхи даруни рудахоро дафъ мекунад. Агар ин равганро бо равгани мурги хонаги даромехта, латта ё пахтаи покизаро дар он тар карда, занхо аз таг бардоранд, захми бачадонро шифо мебахшад ва онро аз моддахои нодаркор пок мекунад, вале агар дар макъад бардоранд, кафидани онро сихат месозад, бавосирро кать мекунад ва рафтани хунро аз он манъ менамояд.

Ин равганро гарм карда, ба чойи газидаи хазорпо, каждуми каттолтарин ва аксари чонварони захрнок, ки газида бошанд, бимоланд ё бирезанд ва ё бичаконанд, шифо мебахшад, Ин равганро нимгарм дар гуш чаконанд, хамаи он чонваронро, ки дар гуш рафта бошанд, мекушад ва берун меоварад. Равгани кухнаи гов ё равгани кухнаи гусфандро бо савринчон даромехта бимоланд, бавосирро дафъ мекунад; агар онро ба танхои бимоланд, барои махав фоида дорад. Ин равганро хафт шаб пай дар пай ба рухсора молида бихобанд, пусти руйро пок, неку ва соф мегардонад, инчунин маскаро хам бо чунин усул бимоланд, хамин гуна фоида дорад.

Ин равганро ба такрор бимоланд, варамхоро, хусусан варами узвхои занон ва кудаконро тахлил медихад, пучак ва чиртакхоро мепазонад ё мегардонад ва карахши онхоро низ дафъ мекунад. Латта ё пахтаро ба ин равган олонда, ба даруни решхои чукур бигузоранд, дахани онхоро васеъ ва худи онхоро аз рим пок месозад. Чун барги хинои хушкро махин куфта, бехта, бо равгани зарди кухна хамир сохта, ба кутури кухна ва махав бимоланд, сихат мебахшад.

Чун ин равганро бо оби хунук саду як мартаба бишуянд ва ба кутури кухна, бавосир ва аксари чарохатхо ва захмхо бимоланд, онхоро нест мекунад. Равгани зардро бишуянд, талх мегардад ва холи аз захрноки намебошад, хурдани он чоиз нест. Равгани зард барои иллатхои ботини ва рутуби (тар) зарар дорад, дар одамони гарммизоч ва касони иллатхои сипурздошта моддаи сафро пайдо мекунад, зеро ки зуд ба моддаи (хилти) голиби мавчуда табдил меёбад; меъдаи заифро суст мегардонад ва дар одамони балгамимизоч узвхои хозима, яъне меъда, рудахо, чигар ва сипурзро заиф месозад. Барои ислохи зарари мазкураш одамони гарммизоч бояд туршихо истеъмол намоянд ва сардмизочон гуворишот, яъне чизхои ширинтаъми хушхазм бихуранд, хуб аст.

Микдори як бор хурдан аз равгани зард дар як руз то 50 грамм аст. Куввати поксозандаги ва тахлилдихандаги дар равгани зарди кухна назар ба равгани нави ин зиёдтар аст. Таъсираш барои баданхои миёнахол зиёдтар назар ба баданхои кави мебошад. Ин барои варамхои баногуш фоида дорад.

Агар равгани зард вайроншуда бошад, онро ба ислох овардани шаванд, бо дуги чургот бичушонанд, то ки дуг бухор шуда равад, вале эхтиёт намоянд, ки равган дог нагардад, ё он ки онро дар оташ гузоранд, чун ба чуш ояд, андак-андак орди гандум бар он бипошанд, то ки орд бисузад, вале равган дог нашавад. Баъд онро соф намуда, ба истеъмол диханд. Агар дар равган ва маска намак андозанд, ба зуди вайрон намешавад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …