Эмомали Рахмон ба масъулин супориш дод, ки фаъолияти муассисахои тахсилоти миёнаи тибби ва коллечхо, ки ба тарбияи хамширахои тибби машгуланд санчида шавад.
Раисчумхури Точикистон Эмомали Рахмон зимни сухарони дар “Рузи дониш” дар Донишгохи тиббии Точикистон аз хизматрасонии хамширахои тибби дар Точикистон изхори норозиги кард.
” Бояд гуфт, ки сатху сифати хизматрасонии тибби ба ахоли аз чониби хамширахои тибби бехбудии чиддиро талаб менамояд”, — гуфт раисчумхур.
Тавре президент афзуд, дар фаъолияти коллечхои тиббии давлативу хусусии аксарияти шахру нохияхо камбудиву норасоихои чидди ба назар мерасанд.
“Аз тахлилхо бармеояд, ки сатху сифати таълим дар муассисахои миёнаи касбии сохаи тандурусти гайриканоатбахш мебошад. Илова бар ин, то ба хол на хама китобхои дарси ба забони точики таълиф гардидаанд”, — таъкид дошт кишвардор.
Дастгохи ичроияи Президент ва Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли вазифадор шуданд, ки фаъолияти муассисахои тахсилоти миёнаи тибби, хусусан, коллечхои тиббии гайридавлатиро хамачониба санчида, хулосаи худро ба Хукумати мамлакат пешниход намоянд.
Дар мамлакат 23 муассисаи тахсилоти миёнаи касбии тибби, аз чумла 8 муассисаи гайридавлати фаъолият дорад, ки дар онхо 36 500 нафар донишчуён тахсил мекунанд.